Барномаи анҷумани ғайринавбатии сусиёл - демукротҳо 'ба ҳам зад'

  • 10 Октябр, 2013
Раҳматилло Зоиров
Image caption Раҳматилло Зоиров исрор дорад, ки дар сурати ширкат ва пирӯзии Эмомалӣ Рамон дар интихоботи моҳи ноябр ин пирӯзӣ "номашруъ" хоҳад буд.

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон хабар дод, ки масъулони Гранд-Ҳутел се рӯз қабл аз баргузории анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб дар ҳамин ҳутел “таҳти фишорҳои сиёсӣ” аз мизбонии ин анҷуман саркашӣ кардаанд.

Ҳамчунин кормандони ҳотел, ки бо масъулони ҳизб дар заминаи баргузории ин анҷуман дар толори Гранд-Ҳотел тавофуқ карда буданд аз кор барканор шудаанд.

Дар ин бора Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби мухолифи давлат зимни судури баёнияе хабар дод.

Ба эътиқоди оқои Зоиров раҳбарияти меҳмонхонаи Гранд Ҳотел бо сабабҳои сиёсӣ аз тасмими худ дар бораи мизбонии анҷумани ҳизби мухолиф баргаштаанд.

Дар баёния омадааст, ки фарде бо номи Парвиз, яке аз масъулони меҳмонхонаи Гранд-Ҳотел ва ду ҳамкори ӯ, ки бо масъулони ҳизби мухолиф дар бораи ба иҷро додани толори меҳмонхона барои баргузории анҷумани ҳизбӣ шартнома имзо карда буданд, аз кор ронда шуданд.

Ҳамакнун қарор аст ки анҷумани ғайринавбатии ҳизби сусиёл демукрот дар дафтари ин ҳизб баргузор шуда, аммо ба далели кучак будани ин толори ин дафтар ба анҷуман касе ба ҷуз намояндагони кумитаи интихобот ва вазорати адлия даъват нахоҳанд буд.

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукротҳо дар баёнияаш таъкид кард, ки барои бори нахуст нест, ки бархе муассисот аз бими қасдгирии мақомоти давлатӣ аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо онҳо ва ҳатто иҷора супурдани толорашон худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла мехонем: “Иттифоки касаба толори худро ба ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби сусиёлист пешниход карда, аммо барои ҳизби сусиёл-демукрот рад кард. Дар Гранд Отел бошад ХДТ Анчумани худро, аллакай дуюм бор баргузор кард, аммо барои ХСДТ ичозат нест. Тасодуф ё нофахми як бор ё ду бор мешавад, аммо нисбати ХСДТ ин амалхои, дурустараш тарс ва конуншикани ба анъана даромадааст.”

Оқои зОиров дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба далели барҳам хурдани барномаи анҷуман метавонист масъулони меҳмонхонаи Гранд-Ҳотелро ба додгоҳ бикашад.

Ӯ худдории худро барои ин амр чунин шарҳ дод: “Мутаасифона агар ман ҳоло ба додгоҳ шикоят барам, додгоҳ дубора ҳамон Парвизро, ки аллакай ба хотири тавофуқ кардан бо мо аз кор сабукдуш шудааст, гунаҳкор мебарорад.”

Сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон аз мухолифони сарсахти ҳукумати Раҳмон маҳсуб мешаванд, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар бо ҳизби дигари умдаи кишвар – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иттиҳодияе таъсис дода ва номзади муштараки худро барои ширкат дар ин интихобот пешбарӣ кардаанд.

Раҳматилло Зоиров сарпечии ахири масъулони Гранд-Ҳотел барои ба иҷро додани толорашон ба сусиёл-демукротҳоро ба раддубадалҳои ахири ӯ дар заминаи машруъияти номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури собиқадори Тоҷикистон ба интихоботи қариб-ул-вуқуъ марбут аст.

Оқои Зоиров дар авоили ҳафтаи ҷорӣ пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳизби ҳокими халқи демукротро (ҲХДТ) амале "ғайриқонунӣ" хонд.

Ӯ дар баёнияе дар ин бора аз ҷумла навишта: "Вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб карданд, ки ин ШИКАСТ ВА ИНКОРИ КОНСТИТУТСИЯ (Қонуни асосӣ) мебошад, азбаски Э. Раҳмон дигар ҳуқуқи номзад ба президент шуданро надорад."

Ӯ таъкид кард, ки дар сурати ширкат ва пирӯзии Эмомалӣ Рамон дар интихоботи моҳи ноябр ин пирӯзӣ "номашруъ" хоҳад буд.

Барои бори нахуст нест, ки Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдон ва раҳбари яке аз аҳзоби мухолиф, машрӯъияти номзадӣ ва раёсати оқои Раҳмонро зери суол мебарад.

Вай қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 дар Тоҷикистон низ исрор дошт, ки ширкати дубораи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, номашруъ аст.