Сафари кории Раҳмон ба вилояти Бадахшон

Субҳи рӯзи сешанбе раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафаре корӣ ба вилояти Бадахшон, дар шарқи ин кишвар, сафар кард.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари серӯзаи худ ба Бадахшонро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз оғоз кардааст.
Тибқи хабари ин сойт, ки рӯзи сешанбеи 8 октябр пахш шуд, оқои Раҳмон нахуст дар маросими оғози баҳрабардории як нерӯгоҳи хурд дар ноҳияи Ванҷ ширкат дошт.
Дар ин иттилоъия омадааст: "Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз шуд ва дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 800 килувот/соъат нерӯи барқ, ки барои бунёди он беш аз 7 милюну 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сарф шудааст, ба кор дароварда шуд."
Эътои дастгоҳи дӯзандагӣ ба соҳибкорзани ванҷӣ
Дар идомаи сафари кории оқои Раҳмон ба ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон, вай дар Боғи фароғатии ноҳияи Ванҷ бо раҳбарон ва иддае аз сокинони ин ноҳия мулоқоте анҷом дода ва дар ҷараёни он суханронӣ карда ва аз фаъъолияти бархе аз соҳибкорон тақдир кардааст.
Президент Раҳмон оғози кори нерӯгоҳи кучаки барқӣ дар ноҳияро низ яке аз дастовардҳои муҳим хонд. Вай гуфт: "Ба фаъъолият оғоз кардани нерӯгоҳ, норасоии нерӯи барқро дар ноҳияи Ванҷ бартараф намуда, ҳамчунин ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоъидат менамояд."
Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран эътои тӯҳфаҳо дар ҷараёни мулоқотҳояш ба як амали маъмулӣ табдил ёфта, дар ҷараёни мулоқоти худ бо сокинони ноҳияи Ванҷ низ дастур дод, ки ба Ҷамила Усмонова, як соҳибкорзани ин ноҳия як дастгоҳи дӯзандагӣ ва бофандагӣ барои 20 ҷойи корӣ эъто шавад.
Оқои Раҳмон дар дастури дигаре Калон Дамдоров, соҳибкори дигари ванҷиро муваззаф кард, ки то соли 2014 ду коргоҳи хайётӣ бо 500 ҷойи корӣ барои дӯхтани либосҳои мактабӣ таъсис бидиҳад.
Оқои Раҳмон гуфт, ки сол то сол мизони тавлиди маҳсулоти мухталиф дар ноҳияи Ванҷ афзоиш меёбад ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи беш аз як милюну 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо даврони мушобеҳи соли гузашта 12 дарсад афзиошро ташкил медиҳад.
Оқои Раҳмон ба сокинони ноҳия ваъдаи эҷоди ҷойҳои корӣ кардааст: "Таъкид месозам, ки дар сурати коркарди васеъи захираҳои табиъии ноҳия имконияти афзоиши маҳсулоти содиротӣ ва муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд, зеро тибқи маълумоти мутахассисон дар ҳудуди ноҳия панҷ намуди санги мармар мавҷуд буда, то ҳол танҳо як намуди он коркард мешавад."
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мармари сафеде, ки дар корхонаи коркарди мармар дар ноҳияи Ванҷ истихроҷ мешуд, ба шаҳрҳое дар Русия ва кишварҳои дигари иттиҳоди Шӯравӣ интиқол меёфт.
Бархе аз коршиносон тавсеъаи тиҷорат ва иқтисоди ин минтақаро дуруфтодаи кӯҳистониро ба беҳбуди вазъи роҳҳои иртибототи дар вилоят машрут медонанд.
Онҳо бо ишора ба душворгузар будани роҳҳои мунтаҳӣ ба ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ки масъулони давлатӣ бояд қабл аз ҳар иқдоми дигар бояд таъмир ва бозсозии роҳҳоро анҷом бидиаҳнд.
Бозгардонии маҳбубияти миёни мардум
Ин дувумин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар моҳи июли соли 2012 ва норизоятии мардум аз паёмадҳои он, ба вилояти Бадахшон меравад.
Ин амалиёти вижа, ки алайҳи афроди мусаллаҳи мухолифи давлат дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июли соли гузашта анҷом шуд, ҳудуди 50 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошта буд.
Ин амалиёт ба дунболи кушта шудани раиси бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон анҷом шуд ва нооромиҳои якмоҳаро дар шаҳри Хоруғ дар пай дошт.
Аз ҷумла, сокинони шаҳри Хоруғ баъд аз ин амлаиёт дар майдони марказии ин шаҳр чандин бор даст ба тазоҳурот заданд.
Ҳамчунин, амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ вокунишҳо ва интиқодоти густардаеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба дунбол дошт.
Гуфта мешавад дар рӯзҳои пас аз амалиёти Хоруғ дар бархе аз рустоҳои Бадахшон овезаҳои ҳовии шиъорҳо ва тасовири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, тавассути афроди номаълум хароб карда шуданд.
Коршиносон мегӯянд, ки ин бор оқои Раҳмон ба вилояти Бадахшон барои ба даст овардани маҳбубиятест, ки баъд аз тобистони соли 2012 аз даст додааст. Сафари оқои Раҳмон ҳамчунин бахше аз муборизоти интихоботии ӯ арзёбӣ мешавад.
Аммо Ҷонибек Қозибеков, раиси бахши маҳаллии Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар Бадахшон, авохири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни анҷумани ин ҳизб гуфт сарусадоҳое, ки "гӯё иддае аз ҷавонони бадахшонӣ сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сарвари давлатро ҷонибдорӣ намекунанд", асоси воқеъӣ надоранд.
Вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақае фақрзада ва дурдасти Тоҷикистон буда ва аҳолии он умдатан исмоъилимазҳаб ва дорои забонҳои мухталифи маҳаллӣ ҳастанд.
Бештари ҷавонон аз ин минтақа дар солҳои ахир барои таъмини маъоши хонаводаҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, муҳоҷир ва иддае ҳам дар он кишварҳо мондагор шудаанд.
