'Ансоруллоҳ' дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон

Ҷамоъати Ансоруллоҳ дар сойти интернетии худ матлабе таҳти унвони “Даъватнома барои миллати шарифи мусулмони Тоҷикистон” дар бораи омодагии ин кишвар ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мунташир кардааст.
Ин гурӯҳи тундрави мамнуъ дар Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор дода, ки ҳарчанд онҳо дар тараддуди интихоби раиси ҷумҳур ҳастанд, аммо “агар боз ҳамин навкарони дурӯғгу раҳбари мову шумо интихоб шаванд ва боз қонун, ҳамин қонуни динситезии зидди Исломӣ бошад аз ин баъд ҳам кишвар руи рушду тараққии модӣ ва маънавиро нахоҳад дид”.
Зеро ба гуфтаи ин гурӯҳ “қонуни кишвар аз ҷониби истеъморгарон ва истилогарони таҷовузгари аҷнабӣ бар кишвари мову шумо, таҳия шудааст ва ин қонун тарзе таҳия шудааст, ки ҳаргиз иҷозат намедиҳад, миллати Ислом чунон тараққие кунад, ки аз вобастагии аҷнабиҳо раҳоӣ ёбад.”
Ҷамоъати Ансоруллоҳ дар ҳоле ин баёнияро интишор додааст, ки пештар маъмурони амниятии Тоҷикистон гурӯҳеро боздошт карда ва эълом карданд, онҳо узви Ҷамоъати Ансоруллоҳ буда ва қасд доштаанд дар остонаи интихобот дар пойтахти кишвар амалиёти терруристӣ анҷом бидиҳанд.
Аммо Ҷамоъати Ансоруллоҳ бо интишори баёнияе пас аз ин ҳодиса эълом карда буд, ки: "Ин гурӯҳ бо Ансоруллоҳ ягон маслиҳату машварат кардагӣ нест, Ансоруллоҳ барои таркондани ҷойҳои мазкур, ки агар ба вуқуъ мепайваст, чандин нафарҳо аз байн мерафтанд, ҳеҷ гуна фатвои хаттӣ ё даҳоние содир накардааст."
Ҷамоъати Ансоруллоҳ дар баёнияаш афзуда буд: "Ҳар амалиёте, ки дар он инсон талаф мехурад ё зарари он изофа бар давлат бар миллат низ воридшаванда аст, бе иҷозаи хаттии шӯрои машваратӣ ва фатвои хаттии шӯрои уламои Ансоруллоҳ қатъиян мамнӯъ аст."
Ҷамоъати Ансоруллоҳ аз ҷумлаи 13 гурӯҳ ё созмонҳои тундрави исломӣ, монанди Алқоъида, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби Таҳрир, Салафия ва Ҷамоъати Таблиғ аст, ки фаъъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Мақомоти амниятии тоҷик ин гурӯҳро ба анҷоми шуморе аз амалиёти теруристӣ, аз ҷумла ҳамла ба як сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд дар пойизи соли 2010, муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ҷамоъати Ансоруллоҳ қасди сарнагунии давлати Тоҷикистонро дорад.
Дар аввали моҳи ҷорӣ "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" бо интишори баёнияе имзои мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро маҳкум кард. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки тамдиди ҳузури низомии Русия ба муддати 30 соли дигар истиқлоли Тоҷикистонро зери суол мебарад ва ин амр ба масобаи "идомаи таҷовузи Рус ба сарзамини исломии Тоҷикистон дар солҳои 1920-1924" аст.
