Арабистони Саъудӣ саҳмияҳои зойирони тоҷикро афзоиш надод

Арабистони Саъудӣ саҳмияҳои зойирини тоҷик барои зиёрати ҳаҷро афзоиш надод ва ба ин тартиб имсол танҳо ҳудуди шаш ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба зиёрати ин муқаддасоти ислом ба Маккаву Мадина сафар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки бо дарназардошти афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон мақомот интизор доштанд, ки дар соли ҷорӣ саҳмияҳои ин кишвар то ба 8 ҳазор нафар афзоиш биёбад. Ҳарчанд мақомоти Арабистони Саъудӣ эълом карда буданд, ки барои куллия кишварҳои ҷаҳон миқдори саҳмияҳо коҳиш дода мешавад.
Дар пайи ин амр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии шоҳи Арабистони Саъудӣ хоҳиш карда буд, ки саҳмияҳои Тоҷикистон коҳиш дода нашавад.
Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи умури адёни Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 18 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аз сӯйи мақомоти Арабистони Саъудӣ номаи радд дарёфт шуд.
Вай афзуд: “Бо дарназардошти ин нукта, ки ҷамъияти Тоҷикистон ҳудуди 8 милюн нафар асту 99,4 дарсади онро мусалмонон ташкил медиҳанд, мо интизор будем, ки соли ҷорӣ ҳудуди 8 ҳазор нафарро ба сафари ҳаҷ бифиристем. Аммо имсол низ ба гунаи солҳои қаблӣ танҳо ҳудуди 6 ҳазор нафар аз муқаддасоти ислом дидан хощанд кард”.
Вай хабар дод, ки куллия саҳмияҳо миёни манотиқи Тоҷикистон тақсим шуда ва алоқамандони сафари ҳаҷ номнавис шудаанд. Ба гуфтаи оқои Мавлонов, дар соли ҷорӣ ҳазинаи сафари ҳаҷ 17 ҳазору 625 сомонӣ ё ҳудуди 3,6 ҳазор дуллор муқаррар шудааст.
Ин манбаъ ҳамчунинн таъкид дошт, ки тибқи муқаррарот танҳо афроди болиғ бар 18 сол ва то зери 80 сол метавонанд озими Маккаву Мадина шаванд.
Интиқоли зойирон тоҷик дар соли ҷорӣ аз сӯйи ду ширкати ҳавоии Тоҷикистон, “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. Интизор меравад, парвози нахустини ҳавопаймои ҳомили зойирон аз Тоҷикистон 21-уми сентябр озими Арабистони Саъудӣ шавад.
Ҳамасола тадорукоти сафари ҳаҷ бо ифшои мавориди ҷанҷолбарангез баҳамроҳ аст. Маъмулан ниҳодҳои интизомӣ аз мавориди ришваситонӣ ба ҳангоми дарёфти саҳмияҳои сафари ҳаҷ гузориш медиҳанд.
Ба ин далел, қаблан Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бо судури фатвое фасод дар умури ибодатиро маҳкум карда буд. Таъкид шуд, ки зиёрати сафари ҳаҷ бо додани ришва пазируфта намешавад.
Соҳибназарон мегӯянд, ки дар сурати афзоиши миқдори саҳмия барои зойирони тоҷик, мавзӯъи фасод дар ин умур аз байн хоҳад рафт. Зеро, теъдоди алоқамандони ҳамасола барои зиёрати ҳаҷ начандон бештар аз миқдори саҳмияҳои мавҷуд будааст.
Дар соли ҷорӣ ҳатто гузориш шуда буд, ки мақомоти яке аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон ба волидайни ҷавононе, ки довтлабона барои адои хидмати низомӣ ба суфуфи артиш мераванд, ихтисоси саҳмияҳо барои сафари ҳаҷро ваъда додаанд.
