Боздошти гурӯҳе, ки қасди амали терруристӣ дар Душанбе дошт

  • 21 Сентябр, 2013

Вазорати кишвари Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран маъмурони интизомӣ ва амниятии ин кишвар аз анҷоми амалиёти терруристӣ дар пойтахт ҷилавгирӣ карданд.

Ин вазорат мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти муштараки нерӯҳои интизомӣ ва амниятии кишвар дар шаҳри Душанбе гурӯҳи созмонёфтае, ки дар ҳоли барномарезии як иқдоми терруристӣ дар шаҳри Душанбе будааст, боздошт шуд.

Сойти иттилоъотии вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кардааст, ки гузориши муфассал дар бораи ин гурӯҳи рӯзи 2 3-юми сентябр дар шабакаи аввали телевизиюни давлатии кишвар пахш мешавад.

Гуфта мешавад гурӯҳе, ки ахиран боздошт шудаанд қасд доштанд дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 6-уми ноябр таъйин шудааст силсилаи амалиёти терруристӣ анҷом бидиҳанд.

Бо ин вуҷуд ИТАР-ТАСС, хабаргузории умдаи Русия бо истинод ба манобеъи Кумитаи амнияти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дохили гурӯҳи мавриди назар шаш шаҳрванди Тоҷикистон ва Аламурод Маҳанов раҳбари ин гурӯҳ будааст.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ ин афрод дар урдугоҳҳои вижаи Покистон барои анҷоми амалиёти терруристӣ тамрин дидаанд ва ин гурӯҳ пештар чанд ҷинояти овозадор анҷом додааст.

ИТАР-ТАСС дар ин шузориш бо истинод ба манбаъи худ дар кумитаи амнияти Тоҷикистон навишта, исми Аламурод Маҳанов аз соли 2010 бад-ин сӯ шомили феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ (Интерпол) будааст.

Гуфта мешавад маъмурони амниятии кишвар барои таъмини амнияти баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, тайи ду моҳи ахир дар манотиқи мухталифи кишвар, бавижа манотиқи марзӣ бо Афғонистон рейдҳо ва "тадобири ҷилавгирӣ аз ҷиноят" анҷом медиҳанд.

Бо ишора ба ин мавзӯъ сокинони водии Язгулом мегӯянд, ки тайи як моҳи ахир маъмурони амниятӣ дар ин минтақа "хона ба хона" гашта ва дар мавриди афроде, ки қаблан ва ё ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд иттилоъ ҷамъоварӣ мекунанд.

Матолиби муртабит