Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми теруризм
Дар шаҳри Нижни Новгороди Русия се шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми теруризм боздошт шудаанд.
Пулиси Русия онҳоро мутаалиқ ба “Ҳизб-ут Таҳрир”, як ҳизби мамнӯъ дар ин кишвар муттаҳам кардааст.
Ин афрод дар омодасозӣ ва анҷоми амалиёти теруристӣ дар қаламрави Русия гумонбар дониста шуданд.
Бар асоси иттилоъе, ки расонаҳои маҳаллии Русия дар ин замина пахш кардаанд, боздошти ин се шаҳрванди Тоҷикистон дар авоили баҳори соли ҷорӣ сурат гирифтааст.
Пулиси Русия иддаъо дорад, ки ин афроди боздоштшуда ҳамчунин дар пайӣ ҷамъоварии аҷзои бумби худсоз низ будаанд.
