Оғози муҳокимаи шаш шаҳрванди Қазоқистон ба занни терурисм

Додгоҳе дар Остона, пойтахти Қазоқистон муҳокимаи шаш сокини ин кишварро, ки дар тарҳрезии бумбгузорӣ дар амокини умумии ин шаҳр муттаҳам ҳастанд, оғоз кард.
Ба навиштаи хабаргузории интернетии “Tengrinews.kz” муҳокимаи додгоҳии ин афрод дар додгоҳи вижаи шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, рӯзи чоршанбеи 15 май шуруъ шудааст.
Ин афрод барои таъсис ва ширкат дар гурӯҳҳои теруристӣ, сирқати аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ ва ҷиноёти дигари сангин, аз ҷумла қасди анҷоми инфиҷорҳо ва қатли мақомти баландпояи Қазоқистон муттаҳам шудаанд.
Расонаҳо ба истинод ба манобеъи интизомӣ менависанд, ки ин шаш нафар бо таъсиси як гурӯҳи ҷиноӣ қасди анҷоми инфиҷор дар "Қасри Миллат" дар пойтахти Қазоқистон ва ҷиноёти дигари терруристӣ бо истифода аз маводди мунфаҷира доштаанд.
Хабарнигори “Tengrinews.kz”, ки аз толори додгоҳ гузориш додааст, аз қавли Малика Шашдавлатова, додситони парванда навиштааст, ки яке аз муттаҳамони ин парванда, ки аз ӯ Шарифов ном гирифта шудааст, хонуми ноболиғи худро барои анҷоми бамбгузори интиҳорӣ дар ин гурӯҳи теруристӣ омода мекардааст. Хонум Шашдавлатова афзудааст, ки Шарифов қасд дошт, аз зани худ барои аз миён бурдани кормандони амниятӣ ва мақомоти баландпоя қазоқ истифода кунад.
Ин додситон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳадафи аслии ин гурӯҳи теруристӣ ташкили Халифат дар қаламрави Қазоқистон буда ва аъзои он барои ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳ фаъъолият мебурдаанд. Ба гуфтаи вай аз пойизи соли 2012 аъзои ин гурӯҳ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, манзилеро ба иҷроа гирифта ва дар он барои анҷоми тарҳҳои теруристӣ омодагӣ медиданд.
Кормандони интизомии Қазоқистон дар моҳи январи соли равон аз анбори яке аз ин афрод маводди мунфаҷира, нақшаи бинои теотри уперо ва болеи шаҳри Осотона ва Қасри Миллати ин шаҳрро пайдо кардаанд.
Гуфта нашудааст, ки ин гурӯҳи шаша нафарӣ шомили кадом ҳаракат ё гурӯҳи терруристии фаъъол дар Осиёи Миёна ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол дар моҳи феврали соли ҷорӣ, додгоҳи ноҳияи Сари-Аркини шаҳри Остона, дар муҳокимае фаъъолияти гурӯҳи “Ҷамоъати таблиғ”-ро дар қаламрави Қазоқстон мамнуъ кард. Дар ҳукми ин додгоҳ омадааст, ки ин гурӯҳ ифротӣ ва ҷиноӣ буда ва фаъъолияти аъзои он метавонад, суботи сиёсӣ дар ин кишварро ба ҳам зананд.
