Дар ҳумаи Маскав фарди мазнун ба тарроҳии ҳамалоти терруристӣ боздошт шуд

  • 6 Июн, 2013

Маъмурони сервиси амнияти Русия (ФСБ) дар шаҳри Орехово Зуево фарде мазнун ба тарроҳии амалиёти теруристӣ дар Маскавро боздошт кардаанд.

Ниҳодҳои интизомии Русия гуфтаанд ин фард узви як гурӯҳи сенафарӣ будааст. Гуфта мешавад ин гурӯҳ дар опортумоне, ки иҷора карда буд, амалиёти теруристиро дар маҳаллоти пуррафтуомад тарроҳӣ мекардааст.

Сервиси амниятии Русия муддаъӣ шудааст, ки фарди боздоштшуда, Юлай Давлатбоев, ки мутаваллиди соли 1970 аст, раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда доштааст.

"Интерфакс", яке аз хабаргузориҳои Русия аз қавли маркази матбуъотии Кумитаи миллии мубориза бо террурисми Русия хабар додааст, ки ин се нафар аз суи созмоне мавсум ба "Ҳизби Исломии Туркистон" ҳидоят мешудаанд.

Дар ин кумита гуфтаанд, ки Роберт Амирхонов, яке аз аъзои ин гурӯҳ, ки қаблан боздошт шуда буд, изъон кардааст, ки ин гурӯҳ аз "Ҳизби исломии Туркистон" дастур гирифта буда, ки дар шаҳри Маскав як ришта ҳамалоти терруристӣ анҷом диҳад ва баъд дар Афғонистон паноҳ бибарад.

Тибқи иттилоъи ин кумита афроди ин гурӯҳ бо дастури "Ҳизби исломии Туркистон" аз хориҷ ба Русия омадаанд ва дар опортумоне дар Орехово Зуево сукунат ихтиёр кардаанд.

Ба гуфтаи ин кумита маъмурони ин ниҳод дар моҳи май ба ҳангоми юриш ба манзили ин гурӯҳ камарбандҳои интиҳорӣ пайдо кардаанд. Дар ин юриш ду фарди мазнун кушта шуданд ва фарди савум, ки оқои Амирхонов буд, маҷруҳ шуд.

Дар он замон оқои Давлатбоев дар маҳал ҳузур надошт. Ба ҳангоми амалиёти боздошти рӯзи панҷшанбеи 6 июн ӯ захмӣ шудааст. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ки ба унвони ронандаи токсӣ истихдом шуда буд ва кор мекард ва ҳадафаш аз ронандаи токсӣ шудан ташхиси манотиқи осебпазир барои анҷоми ҳамалоти терруристӣ будааст.

Хабарнигории РИА Новостии Русия аз қавли як манбаъ дар ниҳодҳои амниятӣ, ки аз он ном набурда, гуфтааст дар робита ба ин қазия нерӯҳои вижа ҳанӯз дар Орехово Зуево мустақар ҳастанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз қавли ин манбаъи худ хабар додааст, ки суфоришгарони эҳтимолии ҳамалоти терруристӣ дар манотиқи марзии миёни Афғонистон ва Покистон қарор доранд.

"Ҳизби исломии Туркистон" соли 2003 аз суи Додгоҳи олии Русия созмони терруристӣ шинохта шуд.