Русия: Як гурӯҳи терруристӣ мунҳадим шуд

  • 20 Май, 2013

Бар асоси эъломи яке аз ниҳодҳои расмии Русия маъмурони муқобала бо террурисм дар он кишвар ба гурӯҳе, ки дар ҳоли барномарезӣ барои як иқдоми терруристӣ дар Маскав буданд, ҳамла кардаанд.

Дар ин ҳамла ду мазнун кушта шудаанд.

Кумитаи миллии мубориза бо террурисми Русияи эълом карда аст, ки аъзои гурӯҳе, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифт, дар хонаҳое дар шаҳри Орехово Зуево дар шарқи Маскав, пойтахт мустақар буданд.

Дар ин ҳамла як мазнун низ боздошт шудааст.

Гуфта шудааст, ки мазнунон шаҳрванди Русия буданд ва дар давраҳои омӯзишӣ дар минтақаи марзии Афғонистон ва Покистон ширкат доштанд.

Дар иттилоъияи Кумитаи миллии мубориза бо террурисми Русия омадааст, ки мазнунон пас аз он ки дар муҳосира қарор гирифтанд ва аз онҳо хоста шуд то таслим шаванд, ба рӯйи маъмурони русӣ оташ гушудаанд.

Ин кумита изофа кард: "Ба лутфи иқдомоти муҷриёни пуриродаи қонун талош барои амалиёти терруристӣ дар пойтахт хунсо шуд."

Як мақоми масъул, ки номаш эълом нашуд , ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳ иқдоме терруристӣ дар маркази Маскав буд.

Дар таҳаввули дигар ба асари инфиҷори пай дар пайи ду худрави бумбгузоришуда дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дар минтақаи ноороми Қафқози Шимолӣ даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Гузоришҳо аз ин инфиҷорҳо зидду нақизанд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз кушта шудани 8 ило 10 нафар дар ин инфиҷорҳо ҳастанд.

Гуфта мешавад инфиҷорҳо дар муқобили сохтмони додгоҳ иттифоқ уфтодаанд.

Инфиҷори дуввум пас аз расидани маъмурони пулис ба маҳалли инфиҷори аввал сурат гирифтааст.

Тибқи тозатарин гузоришҳо дар ин инфиҷорҳо 45 нафар осеб дидаанд, гузориш шудааст, ки як кӯдак дар миёни захмишудагон аст.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли намояндаи Кумитаи бозрасии Русия дар Доғистон гузориш додааст, ки дар ин ду инфиҷор дастикам 8 нафар кушта шудаанд.

Доғистон аз ҷамоҳири ноором дар ҷануби Русия маҳсуб мешавад, ки дар он гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломӣ фаъъоланд.