Нобиноён: Чаро баргаҳои раъй ба хатти брейлӣ мавҷуд нест?

Бисёре аз афроди нобино аз он гила доранд, ки дар ҷараёни баргузории тадобири муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон ин қишри ҷомеъа аз таваҷҷуҳи умумӣ ба дур боқӣ мемонад.
Як зан, ки узви Анҷумани нобиноёни Тоҷикистон асту нахост номаш фош шавад, мегӯяд, ки дар замони интихобот низ афроди нобино ё ба гуфтаи вай "қорӣ" ба буттаи фаромӯшӣ супурда мешаванд.
'Қишри фаромӯшшуда'
Як зани дигари нобино низ мегӯяд, ки аслан намехоҳад раъйи худро ба сандуқ ба ҳимоят аз номзадҳои интихобот бирезад, зеро дар ду даҳаи ахир афроде мисли вай аз зиндагии сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳошия ронда шудаанд.
Дарвоқеъ замоне ки вориди шаҳрки вижаи нобиноён дар ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 30-килуметрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, шудам, ба назар мерасид, ки ба ҷое расидам, ки даҳҳо сол қабл аз сӯйи бошандагонаш тарк шуда ва ба вайронае мубаддал шудааст.
Аммо назарам ба сандалие дар назди як ошхонаи кӯҳна дар макон уфтод, ки ҳудуди даҳ нафар аз афроди нобино дар он нишаста буданд ва дар бораи сиёсату иҷтимоъ суҳбат мекарданд. Аз онҳо пурсидам, ки оё дар ин макон касе ба сар мебарад? Яке аз ин афрод чунин посух дод: "Оре, дар ин макон сокиноне зиндагӣ мекунанд, ки кайҳо боз фаромӯш шудаанд."
Ин дар ҳолест, ки беш аз 20 сол қабл, ин маҳалла "Гулистон" ном дошт ва ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ яке аз ободтарин амокин дар ноҳияи Ҳисор маҳсуб мешуд. Ҳамакнун ин маҳалла аз "Гулистон" ба "Ҳаёти нав" табдили ном карда, ҳарчанд дар деворҳои биноҳои он ҳанӯз ҳам шиъорҳое аз даврони Шӯравӣ ба назар мерасад.
Сафаргул як зани ҷавони нобино в сокини маҳаллаи "Ҳаёти нав" аст. Ӯ мегӯяд, ки масъулони зидахл дар гузашта ба ҳангоми омода кардани баргаҳои раъйгирӣ ниёзҳои ин қишри ҷомеъаро ба назар намегирифтаанд.
Сафаргул мегӯяд, ки ӯ наметавонад ба унвони як узви комилҳуқуқи ҷомеъа батанҳоӣ вориди утоқи раъйдиҳӣ шавад ва ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назараш раъй бидиҳад.
Ӯ афзуд: "Ман маҷбурам бо яке аз ҳамсоягон ва ё фарзандонам барои овоздиҳӣ (раъйдиҳӣ) равам. Вале агар баргаҳои раъй ба хутти брейлӣ таҳия шуда буд, худам метавонистам мустақиллона вориди утоқи раъйдиҳӣ шавам ва номзади худамро интихоб кунам."
'Ба касе раъй намедиҳам'
Ин дар ҳолест, ки Гулнигор Исмоъилова, як зани ҷавони нобинои дигар дар маҳаллаи "Ҳаёти нав" мегӯяд, ки аслан ба тарафдорӣ аз ҳеч номзаде раъй нахоҳад дод, зеро аз расидани онҳо ба қудрат барои вай ва нобиноёни дигар ҳеч фоидае нест.
Вай афзуд: "Мо шароите надорем, ки як даҳон нонамонро ёфта, хӯрем. Корхона муфлис шуд, ҷойи коре надорем, нонамро аз гадоӣ пайдо мекунам. Ҳатто ҷой барои андохтани партобҳоро (ошғол) надорем. Ҳукумат барои мо коре намекунад, пас чаро ман бояд ба интихобот раваму ба номзадҳо овоз диҳам?"
Хонуми Исмоъилова мегӯяд, ки вай дар гузашта дар корхонаи вижае барои нобиноён кор мекард ва маъоши хубе дарёфт мекард, аммо ҳоло водор мешавад, ки дар хиёбонҳо гадоӣ кунад.
Сайлӣ Сафарова, як зани дигар аз ҷумлаи нобиноён, мегӯяд, ки аз нодорӣ гадоӣ мекунад. Ӯ ба ҷуз аз ин ки мушкили биноӣ дорад, ҳамчунин маълул аст. Ман ӯро замоне дидам, ки аз манзилаш берун меомад.
Ин хонуми солманд мегӯяд, ки бо писари маълул ва арӯси нобинояш дар як манзил ба сар мебарад ва даромади аслии хонаводаи худро онҳо аз гадоӣ ба даст меовардаанд.
Хонуми Сафарова мегӯяд, ки маъмулан дар интихобот ширкат мекунад ва дар интихоботи гузашта бо кумаки масъулони марокизи раъйдиҳӣ исми фарди мавриди назарашро интихоб карда буд. Аммо ин хонум мегӯяд, мутмаин нест, ки ин афрод хоҳиши вайро сад дар сад иҷро карда бошанд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Сафаргул, вай орзу дорад, ки як бор ки шуда, бидуни кумаки фарди дигаре дар интихобот худаш ба номзади мавриди назараш раъй диҳад. Ӯ афзуд: "Чашмони ман то андозае мебинанд ва ақаллан дар баргаҳои раъйдиҳӣ номи номзадҳоро агар бо ҳарфҳои калон нависанд, барои ман хондани он осон мешавад."
Баргаҳои раъйи вижа барои нобиноён
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), кормандони ҳавзаҳо ва марокизи раъйдиҳӣ иҷозаи мудохила дар ҷараёни рехтани раъй ба сандуқҳо ва ворид шудан бо интихобкунандагон ба дохили утоқи раъйдиҳиро надоранд.
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи ин кумисиюн, ба Би-би-сӣ гуфт: "Бар асоси қонун, фарди нобино аз "як шахси холис" даъват мекунад, ки барои раъйдиҳӣ ба ӯ кумак кунад. Яъне ин фард барои вай бо садои баланд исми номзадҳоро мехонад ва барои гузоштани нишона дар зери номзади мавриди назараш низ ба ӯ ёрдам мерасонад."
Аз сӯйи дигар, таҷрубаи интихобот дар кишварҳои хориҷӣ ҳокист, ки дар бархе аз кишварҳо бо таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи афроди нобино, дар канори баргаҳои раъйи маъмулӣ шуморе аз баргаҳои раъй бо ҳуруфи барҷаста барои нобиноён, яъне ба ҳуруфи брейлӣ, мунташир мешаванд.
Дар авоили соли ҷорӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Арманистон барои афроди нобино ва дорои маҳдудият дар биноӣ баргаҳои раъй ба ҳуруфи брейлӣ пешниҳод шуд ва мутахассисони ошно бо ин ҳуруф низ дар марокизи интихоботӣ истихдом шуда буданд.
Дар ҷараёни интихоботи Русия низ барои афроди нобино шуморе аз марокизи вижаи раъйдиҳӣ, ки дар он ҷоҳо баргаҳои раъйи нобиноён бо баргаҳои маъмулӣ тафовут дошт, созмон дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки таҳия нашудани баргаҳои раъй ба хатти брейлӣ барои нобиноён дар Тоҷикистон асли пинҳон будани раъйдиҳиро нақз мекунад.
"Ҳаёти нав" ва биноҳои фарсуда
Дар охирин рӯзи моҳи сентябр, замоне ки ман бо сокинони маҳаллаи "Ҳаёти нав" ё маҳаллаи вижаи нобиноён суҳбат мекардам, ҳамаи онҳо гуфтанд, ки то он замон ҳеҷ кас аз намояндагони номзадҳои пешниҳодшуда барои ҷамъоварии имзо ба назди онҳо наомадааст.
Содиқ Бачгонов, як сокини ин маҳалла, мегӯяд, ки интизор дорад, раҳбари ояндаи кишвар ба таъмири роҳҳои утумубилӣ ва пиёдароҳҳои ноҳияи онҳо аҳаммият бидиҳад. Оқои Бачгонов мегӯяд, ки афроди нобино маъоши бознишастагии ночизе дарёфт мекунанд, вале бо ин вуҷуд, ин маблағро масъулон бо таъхири зиёде ба онҳо пардохт мекунанд.
Оқои Бачгонов аз ҷумлаи андак мусоҳибони ман буд, ки аз ҳоло медонист, ки ба кадоме аз номзадҳо раъйи худро хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, ки аз номзади ҳизби кишоварзӣ ҳимоят мекунад.
Вай дар бораи дархостҳои худ аз мақомоти маҳаллӣ гуфт: "Мо чандин бор ба мақомоти зидахл дар бораи вазъияти роҳҳо шикоят бурдем ва ҳоло ки раҳбари наве дар ноҳия таъйин шудааст, умед дорем, ки ба мушкилоти мо расидагӣ хоҳад кард."
Саид Раҳимов, яке аз аъзои Анҷумани нобиноёни Тоҷикистон, дар гузашта раёсати бахши маҳаллии ин созмон дар ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт. Вай таҳсилдида буда ва мегӯяд, ки дар гузашта дар корхонае дар маҳалли онҳо беш аз 1200 нафар кор мекарданд. Ҳудуди 800 нафар аз онҳоро афроди нобино ташкил медоданд, ки даромади хешро аз ин корхона ба даст меоварданд.
Оқои Саидов афзуд: "Мушкилоти аслии афроди нобино, ман дар назар дорам тамоми афроди нобино дар саросари Тоҷикистонро, бекорӣ аст. Тамоми корхонаҳои марбут ба афроди нобино, ки беш аз 10 корхона дар кишварро ташкил медиҳанд, аз фаъъолият бозмондаанд."
Ӯ афзуд, ки афроди нобино наметавонанд ба Русия ба муҳоҷирати корӣ раванд ва аз ин рӯ, наметавонанд батанҳоӣ мушкилоти иҷтимоъии худро ҳал кунанд. Вай ҳамчунин аз он гилоя кард, ки то ҳол касе аз номзадҳои пешниҳодшуда ба назди онҳо наомада ва ақидаи ин афродро дар мавриди ширкати ин мардум дар рӯйдодҳои сиёсӣ пурсон нашудааст.
Саид Раҳимов фаъъол сохтани корхона барои нобиноёнро аз тарҳҳое муассир барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии афроди нобино хонд, аммо ҳеч номзаде то кунун ба нобиноён ваъдаи бозсозии ин корхонаро надодааст.
Саъдулло Аҳмадови 75-сола дар гузашта аз кормандони фаъъоли корхонаи нобиноён дар ноҳияи Ҳисор буд. Вале вай мегӯяд: "Ҳоло ягон навъи аъшёи хом барои ин корхона нест, ки мо нобиноён дубора ба кор оғоз кунем ва барои зиндагии худ пул кор кунем."
Оқои Аҳмадов ва ҳамсараш якҷо бо писари маълули худ ва зани маълули вай дар як манзил ба сар мебаранд. Вай мегӯяд, ки ҳамаи онҳо бо маъоши ночизи бознишастагӣ зиндагии худро пеш мебаранд ва замоне ки сармоя барои зиндагӣ намерасад, Нарзулло, писари маълули вай ба бозор мераваду ба корҳои сиёҳ машғул мешавад.
Оқои Аҳмадов мегӯяд, ки вай ва аъзои хонаводааш ба номзад аз ҳизби кумунист раъй хоҳанд дод,зеро зиндагии ӯ дар замони Шӯравӣ ва ҳукумати ҳизби кумунист олӣ будааст.
Китобҳои порашудаи брейлӣ
Бештари афроди нобино мегӯянд, аз замоне ки анҷумани онҳо ба унвони як ниҳоди ғайридавлатӣ ва мустақил шинохта шуда, онҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудаанд.
Нозимҷон Шарипов, раиси маркази фарҳангии вобаста ба ҷамъияти нобиноён, мегӯяд, ки дар ду даҳа қабл ин марказ дар ноҳия ба увнони яке аз марокизи фарҳанги муҳимме фаъъолият дошт. Вале акнун ин марказ ба як бинои фарсуда табдил шуда ва китобхонае, ки дар он кутуби нодире бо ҳуруфи брейлӣ мавҷуд аст, явош-явош аз миён меравад.
Оқои Шарипов афзуд: "Мо аз вазъи ин марказ ва зиндагии риққатбори аъзои ҷамъияти нобиноён дар ин макон даҳҳо нома ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода будем, аммо ҳамеша ҳамаи ин номаҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол мешаванд. Ҳатто толори варзишии моро фурӯхта ва ба ҷойи он манзил бунёд кардаанд, аммо касе ба додамон нарасид."
Оқои Шарипов мегӯяд, ки дар гузашта дар ин марказ кормандони зиёде аз ҷумлаи аъзои ҷамъияти нобиноён, ки ба мусиқӣ ва фарҳанг алоқа доштанд, кор мекарданд. Вале ҳоло: "Ба сабаби камбуди сармоя мо фақат як тамизкор ва омӯзгори шоҳмот дорем."
Ҳамчунин, ба гуфтаи афроди нобино дар даврони Шӯравӣ дар ин марказ теотрҳо ва гурӯҳҳои мусиқӣ ба онҳо намоишномаҳо ва барномаҳои кунсертӣ пешкаш мекарданд. Аммо ҳоло бинои ин марказ ба макони зоғу заған ва кабутархона мубаддал гашта ва китобҳои китобхона дар фасли зимистон ва баҳор аз боришҳо хароб мешаванд.
Оқои Шарипов мегӯяд: "Бори охир ин маркази фарҳангии мо замоне то андозае таъмир шуда буд, ки аз он ба унвони яке аз марокизи интихоботӣ истифода шуд."
Интизороти нобиноён аз интихобот
Аксари нобиноён дар маҳаллаи "Ҳаёти нав" ба ин боваранд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, аз мушкилоти онҳо бехабар аст ва аз ин рӯ, ба онҳо дасти кумаке дароз накардааст.
Бархе аз онҳо мегӯянд, ки аз барномаҳои номзадҳои дигар воқиф нестанд ва тасмим гирифтаанд, ки ин бор низ раъйи худро ба оқои Раҳмон бахшанд. Онҳо умед доранд, ки оқои Раҳмон ин бор ба душвориҳои зиндагии онҳо расидагӣ кунад.
Ба гуфтаи афроди нобино ва маълул, мушкилоти дигаре, ки онҳо бо он рӯбарӯ ҳастанд, набуди васоили мусофирбарии вижа барои онҳо ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти ин қишри ҷомеъа ба ҳангоми бунёди сохтмонҳо ва таъсисоти мухталиф ва ҳатто манозили зист дар Тоҷикистон аст.
Бар асоси мавозини байналмилалӣ, ширкатҳо ва муассисоти давлатию хусусӣ дар ҳамаи кишварҳо муваззафанд ба ҳангоми бунёди сохтмонҳои ҷадид роҳравҳои ҷудогонае барои маълулон созанд. Аммо ин муқаррарот дар Тоҷикистон ба сурати комил иҷро намешавад.
Ин душвориҳо зоҳиран танҳо мухтасси афроди нобино, ки шумори онҳо расман дар Тоҷикистон аз 40 ҳазор бештар унвон мешавад, нест. Бар асоси иттилоъи Анҷумани маълулони Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 146 ҳазор маълул (маъюб) расман сабти ном шудаанд, ки аксари онҳо бо душвориҳои мушобеҳе рӯбарӯ ҳастанд.
Аксари ин афрод аз барандаи эҳтимолии интихоботи қарибулвуқӯъ интизор доранд, ки барои ҳалли сареъи ин мушкилот тадобире заруриро анҷом диҳад. Зеро онҳо низ шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон буда ва ҳаққи дастрасӣ ба имконоти зиндагии баробар бо дигаронро доранд.
