Намояи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд.
Ба гуфтаи масъулон, ин ҳизб, ки раҳбараш Олим Бобоев, иқтисоддон ва феълан раиси пажуҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон аст, теъдоди 16500 узв дорад.
Ин ҳизб ва ҳизби кишоварзӣ ду ҳизби сиёсианд, ки дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 таъсис шуданд.
Коршиносон бо ишора ба мавзеъгирии ҳизби ҷавони ислоҳоти иқтисодӣ ин ҳизбро як ҳизби “муҳофизакор ва марказгаро” хондаанд.
Оқои Бобоев дар посух ба иддаъоҳои бархе аз мунтақидон, ки ин ҳизбро “ҳизби кисагии давлат” мехонанд, мегӯяд, ки ин афрод аҳамияти вуҷуди аҳзоби ҳарчи бештар дар раванди демукротисозии кишварро дарк намекунанд.
Оқои Бобоев, ки қаблан симати вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистонро низ дар ӯҳда дошт мегӯяд, ки раёсат ва шӯрои ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ умдатан муташаккил аз мутахассисон ва олимон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ аст.
Муъовини раҳбари ҳизб, Маҳмадшариф Нозимов, муҳаққиқи дигари иқтисодист, ки дар бахши кишоварзӣ рисолаи дуктурӣ дифоъ кардааст. Файзулло Фатҳуллоев, муъовини дигари раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, низ иқтисоддони кӯҳнакор ва корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст.
Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ ҳашт номзади худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи феврали 2010 пешбарӣ карда ва тавре ки интизор мерафт, дар ин интихобот номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон 53 курсӣ ва аҳзоби наҳзати исломӣ, куммунист, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан ду курсӣ ба даст оварданд.
Масоили аслие, ки ба гуфтаи масъулони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ шомили барномаи онҳост - рушди иқтисод дар манотиқи рустоӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби тавсеъаи бахши хусусӣ дар кишвар аст.
Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба интихобот
Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Оқои Бобоев бидуни рақиб ва бо аксари орои вукалои анҷуман ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуд.
Дуктур Олим Бобоеви 61 -сола аз донишмандони саршиноси Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар солҳои 2010-2011 вазири нақлиёти ин кишвар буд.
Ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳудуди 20 ҳазор нафар узв дорад.
