Намояи Ҳизби демукроти Тоҷикистон

Ҳизби демукроти Тоҷикистон 10 августи соли 1990 таъсис шуд. Дар оғози даҳаи 1990 ва дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ин ҳизб ҷузъе аз Иттиҳоди мухолифони давлат буд.
Тибқи иттилоъи масъулони Ҳизби демукроти Тоҷикистон, ҳоло теъдоди аъзои ин ҳизб беш аз чаҳор ҳазор нафар аст.
Дар соли 1997 дар пайи баргузории анҷумани ҳизби демукрот дар шаҳри Олмотии Қазоқистон, ҷонибдорони ин ҳизб ба ду ҷиноҳ – ҷиноҳҳои ба истилоҳ Теҳрон ва Олмотӣ ҷудо шуданд.
Раёсати ҷиноҳи Теҳронро Шодмон Юсуф, раҳбари нахустини ҳизби демукрот ва Аъзам Афзалӣ ба ӯҳда доштанд. Дар соли 1997 ҷонибдорони ҷиноҳи Теҳрон дар вазорати адлияи Тоҷикистон дубора сабти ном шуда ва ба фаъолият оғоз карданд. Ҷиноҳи Олмотӣ аз сӯйи Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мешуд.
Дар анҷумани 8-уми ҳизби демукрот, ки 25 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аъзои ин ду ҷиноҳ муттаҳид шуданд ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров раҳбари ҳизб интихоб шуд.
Дар соли 2003 Ҳизби демукроти Тоҷикистон танхо ҳизбе буд, ки ҳамапурсӣ ё референдум барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистонро расман таҳрим кард.
Бар мабнои ин ислоҳот, шароити интихоби дубораи раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон барои ду мӯҳлати ҳафтсолӣ ба ин симат фароҳам шуд.
Дар соли 2005 Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби демукрот дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон мустарад шуд. Сипас, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми даст доштан дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла кӯшиши кудето, барои 23 сол равонаи зиндон кард.
Баъд аз ин, дар суфуфи Ҳизби демукроти Тоҷикистон ихтилофоти тозае буруз кард. Нахуст, Масъуд Собиров бо баргузории як анҷумани изтирорӣ аз сӯйи ҷонибдорони худ раҳбари ҳизби демукрот интихоб шуд.
Сипас, Саидҷаъфар Исмонов, ки аз ҷонибдорони Масъуд Собиров буд, бо баргузории анҷумане ҷудогона аз сӯйи гурӯҳе дигар аз демукротҳо худро раҳбари ҳизби демукрот эълом кард.
Вале Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2006 дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз миёни ин се гурӯҳи демукротҳо танҳо ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Он замон ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров интихоботро таҳрим карда буд.
Талошҳои ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Саидҷаъфар Исмонов дар додгоҳ барои ҳалли ин қазия натиҷае надод. Баръакс, тибқи ҳукми додгоҳ ин ду ҷиноҳ муваззаф шуданд, ки аз корбурди номи “ҳизби демукрот” дар фаъолияти худ даст кашанд.
Бо ин вуҷуд, ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров худро ҳизби демукроти воқеъӣ муъаррифӣ мекунанд. Раҳаматулло Валиев, муъовини оқои Искандаров, мегӯяд, ки бештари шохаҳои маҳаллии ҳизби демукрот дар манотиқи Тоҷикистон аз онҳо пуштибонӣ мекунанд.
Аммо дар анҷумани ғайринавбатии 23-юми декабри соли 2012, ки бидуни ширкати Масъуд Собиров баргузор шуд, ҳудуди 90 узви ҳизби демукрот аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмоновро раҳбари ҷадиди ҳизб хонданд.
Ҳарчанд Масъуд Собиров анҷумани ғайринавбатии ин ҳизбро ғайриқонунӣ унвон кард, аммо ширкаткунандагони ин анҷуман, ки дар миёни онҳо намояндагони ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби демукрот буданд, ҳизби демукротро аз ин ба баъд "бидуни ҷиноҳ ва ягона" эълом карданд.
Номзади Ҳизби демукрот дар интихобот
Пас аз он, ки Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотталаби Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзади муштарки мухолифони кишвар ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карданд, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд хонуми Бобоназарова аз поягузорони ҳизби ӯ маҳсуб мешавад, ин ҳизб аз номзадии ӯ ҳимоят нахоҳанд кард.
Зеро ба бовари оқои Исмонов “дар солҳои ахир ақидаҳои Ойниҳол Бобоназарова дигар шуда ва аз ҳизб канор рафт.”
Анҷумани ин ҳизб дертар Саидҷаъфар Исмоновро ба унвони номзади худ ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.
