Намояи Ҳизби халқӣ демукроти Тоҷикистон

Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, ки алҳол ҳизби ҳоким дар ин кишвар маҳсуб мешавад, 10 декабри соли 1994 таъсис шуд ва то соли 1997 “Ҳизби халқии Тоҷикистон” ном дошт.
Раҳбарии ин ҳизбро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ӯҳда дорад. Гуфта мешавад бахши аъзаме аз аъзои ин ҳизб мақомҳои ҳизби кумунисти собиқ ва мансабдороне ҳастанд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва камранг шудани нуфузи кумунисм ба ин ҳизб пайвастаанд.
Намояндагони ин ҳизб аксарияти курсиҳо дар порлумонро доранд. Маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон низ умдатан аз ҷумлаи намояндагони ин ҳизб ташкил шудаанд.
Манобеъи Ҳизби халқӣ демукроти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло теъдоди аъзои ин ҳизб бештар аз 120 ҳазор нафар аст. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва ҳудуди 50 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳарчанд, қаблан эълом шуда буд, ки дар як соли ахир ҳудуди бист ҳазор нафар аз суфуфи ин ҳизб ихроҷ карда шудаанд.
Давлаталӣ Давлатзода, муъовини собиқи раҳбари ин ҳизб, пештар дар ин бора гуфта буд: “Агар яке барои номувофиқатиаш бо аҳдофи ҳизби мо ихроҷ шуда бошад, дигарӣ барои ришваситониву фасодкорӣ. Пӯшида нест, ки миёни аъзои ҳизби мо нафароне низ буданд, ки танҳо ҳадафҳои хусусии худро дунбол мекарданд ва боздошту муҷозот шуданд.”
Дар интихоботи порлумонии соли 2010 Ҳизби халқи демукрот иҷрои тарҳҳои энержӣ ва иртибототро шиъори худ қарор дода ва аз ин роҳ боло бурдани сатҳи зиндагии мардумро ваъда дода буд.
Номзади ҳизб дар интихобот
Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, муҷаддадан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард.
Оқои Раҳмон тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар Тоҷикистон дар даст дошта ва дар сурати пирӯзӣ, боз барои ҳафт соли дигар ба курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар такя хоҳад зад.
Ӯ акнун барои чаҳорумин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ширкат мекунад. Бисёриҳо имкони номзадии ӯро аз қабл пешбинӣ мекарданд. Камтар касе дар пирӯз эълом шудани оқои Раҳмон дар интихобот тардид дорад.
Аммо Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳизби ҳокими халқи демукрот амале "ғайриқонунӣ" хонд.
Аммо гурӯҳе аз устодони донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар посух ба ин иддаъои оқои Зоиров гузорише мунташир карданд, ки дар он аз ҷумла гуфтаанд:
“Пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти ҶТ бешубҳа аз ифодаи олии риъояи қонуният ва адолати иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб перавад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ӯ имрӯз дар Тоҷикистон шароити арзанда барои таъсису фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва гузашта аз ин барои озодандешии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам оварда шудааст... Оё фурсате фаро нарасидааст, ки принсипи рақобати солим ва ойини ҷавонмардиро пешаи худ қарор дода ба нафъи ободии давлат ва беҳдошти вазъи зинадагонии мардуми кишвар амали некеро анҷом бидиҳед.
