Homepage

Accessibility links

  • Мушоҳидаи муҳтаво
  • Роҳнамои дастрасӣ ба сойт
  • News
  • Sport
  • Weather
  • Radio
  • Arts
  • Феҳрист
Tajik/Persian

BBC Tajik/Persian Navigation

Сафҳаҳо
  • Сафҳаи аслӣ
  • Ахбори кӯтоҳ
  • Ҷаҳон
  • Эрон
  • Афғонистон
  • Сиёсӣ
  • Иқтисодӣ
  • Иҷтимоъӣ
  • Фарҳангӣ
  • Саргармӣ ва мусиқӣ
  • Гузоришҳои савтӣ
  • Видию
  • Пахши зиндаи TV
  • Акс
  • Сафҳаи мо ба хатти форсӣ
  • Сафҳаи форсии Би-би-сӣ

Ин сафҳа дигар барӯз намешавад

Барои иттилоъоти бештар дар ин бора ин пайвандро боз кунед.

АКС: Вазъияти нобиноён дар Тоҷикистон; интизороти онҳо аз интихобот

  • 11 Октябр, 2013
  • Share this with Facebook
  • Share this with Messenger
  • Share this with Twitter
  • Share this with Имейл
  • Share this with Facebook
  • Share this with WhatsApp
  • Share this with Messenger
  • Share this with Twitter
  • Баиштирокгузорӣ

    Share this with

    These are external links and will open in a new window
    • Facebook

      Share this with Facebook
    • Messenger

      Share this with Messenger
    • Messenger

      Share this with Messenger
    • Twitter

      Share this with Twitter
    • ВКонтакте

      Share this with ВКонтакте
    • Имейл

      Share this with Имейл
    • Одноклассники

      Share this with Одноклассники
    • WhatsApp

      Share this with WhatsApp

    Copy this link

    https://static.files.bbci.co.uk/news-archive/www.bbc.com/tajik/news/2013/10/131008_zkh_elex_album_blind_poverty
    Иттилоъоти бештар

    These are external links and will open in a new window

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор нобино ба сар мебаранд.

  • Афроди нобино дар ноҳияи Ҳисор

    Бархе аз нобиноён дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аз раисҷумҳури оянда интизор доранд корхонаҳои вижа барои нбиноёнро фаъъол кунад.

  • Афроди нобино дар ноҳияи Ҳисор

    Дар даврони Шӯравӣ анҷумани нобиноён 11 корхонаи вижа дошт, ки беш аз 80 дарсади кормандони онҳоро афроди нобино ва дорои навоқиси биноӣ ташкил медоданд.

  • Афроди нобино дар ноҳияи Ҳисор

    Яке аз корхонаҳои вижа барои нобиноён дар маҳаллаи мавсум ба “Ҳаёти нав” (дар гузашта “Гулистон”)-и ноҳияи Ҳисор воқеъ аст.

  • Афроди нобино дар ноҳияи Ҳисор

    Аксари таъсисоти идории маҳаллаи "Ҳаёти нав" куҳнаву фарсуда шуда ва ниёз ба бозсозӣ доранд.

  • Корхонаи нобиноён

    Корхонаи таълимӣ ва тавлидӣ барои нобиноён дар ноҳияи Ҳисор аз бузургтарин корхонаҳои анҷумани нобиноён дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

  • Нозимҷон Шарипов

    Нозимҷон Шарипов, масъули бахши фарҳангии маркази нобиноён, мегӯяд, ки сохтмони ин марказ тайи ду даҳаи ахир таъмир нашуда ва ба вайронае мубадал шудааст.

  • Маркази фарҳангӣ ва ҳунарии Ҳисор

    Дар деворҳои маркази фарҳангӣ ва ҳунарии нобиноён дар ноҳияи Ҳисор ҳамчунон наққошиҳои даврони Шӯравӣ ба назар мерасанд.

  • Нозимҷон Шарипов

    Аъзои анҷумани нобиноён дар Ҳисор мегӯянд китобхонаи онҳо, ки кутуби нодире бо ҳуруфи брейлӣ дорад, дар ҳоли хароб шудан аст.

  • Китобхонаи маркази фарҳангӣ ва ҳунарӣ

    Сақфи китобхона сурох буда ва дар фасли баҳор ва зимистон китобҳо хис (тар) мешаванд.

  • Маркази фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар Ҳисор

    Дар дохили бархе аз биноҳои маҳаллӣ ҳамчунон шиъорҳои даврони Шӯравӣ ба назар мерасанд.

  • Нобиноён дар Ҳисор

    Афроди нобино дар ноҳияи Ҳисор мегӯянд аз номзадҳо хоҳанд хост, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ба масоили нобиноён расидагӣ кунанд.

  • Нобиноён дар Ҳисор

    Бештари аъзои Анҷумани нобиноён мегӯянд, ки омодаи ширкат дар интихобот ҳастанд.

  • Гулистон

    Аммо ин зани ҷавон, ки Гулистон ном дорад, мегӯяд, ки аз рафтан ба маркази раъйгирӣ дар рӯзи интихобот худдорӣ хоҳад кард, зеро ба гуфтаи ӯ роҳҳо хароб аст ва ӯ камтар аз хона берун меравад

  • Афроди нобино дар Ҳисор

    Танҳо чойхонаи мавҷуд дар шаҳраки "Ҳаёти нав" ба иҷора дода шуда ва афроди нобино ҷойи дигаре барои гирдиҳамоӣ ва тафреҳ надоранд

  • Сайлӣ Сафарова

    Сайлӣ Сафарова мегӯяд, ки дар кулбаи вайронааш ба ҷуз ӯ, писари маълул ва арӯси нобинояш ҳам ба сар мебаранд.

  • Корхонави нобиноён дар Ҳисор

    Дар корхонаи нобиноён дар маҳаллаи “Ҳаёти нав” дар гузашта беш аз 1200 нафар кор мекарданд. Ҳудуди 800 нафар аз онҳо афроди нобино буданд ва даромади хубе доштанд.

  • Нобиноёни Ҳисор

    Беш аз 70 дарсади сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав”-ро нобиноён ташкил медиҳанд. Онҳо дар гузашта як толори хуби варзишӣ ва ҷойе барои бозии шатранҷ доштанд.

  • Номаҳои шикоятӣ

    Бархе аз нобиноён мегӯянд, ки шикоёту дархостҳои онон ба раиси ҷумҳур барои фаъъол сохтани корхонаи нобиноён ҳамвора беҷавоб аст. Дафтари раиси ҷумҳур маъмулан ин номаҳоро ба Додситонии кул мефиристад, вале мушкилоти нобиноён ҳал то ҳол нашудааст.

  • Афроди нобино

    Бузургсолон маъмулан дар назди биное, ки қаблан ошхона буд, гирдиҳам меоянд ва ахбору иттилоъоти ҷадид дар бораи вазъи Тоҷикистону ҷаҳонро бо ҳам мубодила мекунанд

Ба иштирок бигзоред Иттилоъоти бештар

  • Facebook
  • Messenger
  • Messenger
  • Twitter
  • ВКонтакте
  • Имейл
  • Одноклассники
  • WhatsApp

BBC Tajik/Persian Navigation

Сафҳаҳо
  • Сафҳаи аслӣ
  • Ахбори кӯтоҳ
  • Ҷаҳон
  • Эрон
  • Афғонистон
  • Сиёсӣ
  • Иқтисодӣ
  • Иҷтимоъӣ
  • Фарҳангӣ
  • Саргармӣ ва мусиқӣ
  • Гузоришҳои савтӣ
  • Видию
  • Пахши зиндаи TV
  • Акс
  • Сафҳаи мо ба хатти форсӣ
  • Сафҳаи форсии Би-би-сӣ

Сафаҳоти сойти инглисии Би-би-сӣ

  • News
  • Sport
  • Weather
  • Radio
  • Arts
  • Шароити истифода
  • Дар бораи Би-би-сӣ
  • Сиёсати ҳифзи ҳарими хусусӣ
  • Кукӣ
  • Роҳнамои дастрасӣ ба сойт
  • Филтар кардани сойт барои кӯдакон
  • Тамос бо Би-би-сӣ
  • Get Personalised Newsletters
Copyright © 2020 Би-би-сӣ. Би-би-сӣ масъули муҳтавои сойтҳои дигар нест. Сиёсати мо дар бораи линк додан ба сойтҳои дигар.

You might also like:

news | sport | weather | worklife | travel | future | culture | world | business | technology