Хуруҷи Бобоназарова: Оё танӯри интихобот сард шуда?

  • 11 Октябр, 2013
Интихобот
Image caption Ба гуфтаи коршиносон, бо хурӯҷи Ойниҳол Бобоназарова аз корзор "шӯри интихоботӣ" аз миён рафтааст

Ба эътиқоди коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, дар пайи хурӯҷи Ойниҳол Бобоназарова аз корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "танӯри интихобот сард шудааст."

Субҳи ҷумъаи 11 октябр аъзои ситоди хонуми Бобоназарова дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки муваффақ ба ҷамъоварии миқдори кофии имзоҳо ба тарафдории номзади худ нашудаанд.

Хонуми Бобоназарова давлати Тоҷикистонро ба эҷоди мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзо барои таъйиди номзадии худ муттаҳам кард ва аз ҷумла гуфт, ки давлат "аз рақиб шудани ман дар баробари Эмомалӣ Раҳмон тарсид."

Кумисиюни марказии интихобот шаш номзад аз аҳзоби халқи демукрот, сусиёлист, ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, демукрот ва кумунистро ба сабт расондааст.

Мусоҳибони Би-би-сӣ гуфтанд, ки дар сурати таъйиди салоҳияташ Ойниҳол Бобоназарова метавонист рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр бошад:

Суҳроб Шарифов, узви порлумони Тоҷикистон:

"Аз ибтидо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ "интрига" ё баҳсу талошҳои ҷиддӣ набуд. Шӯру валваларо дар раванди интихобот рӯзноманигорон роҳандозӣ карданд.

Дар сурати сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова "интрига" ё муборизаю рақобат миёни номзадҳои аҳзоби наҳзату кумунист ба вуҷуд меомад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо истисност, чун ҳеч кадоме аз номзадҳо бо ӯ рақобати воқеъӣ карда наметавонанд.

Мутаассифона, номзадии хонуми Бобоназарова таъйид нашуд. Ӯ сиёсатмадор набуд, метавонист ба Исмоил Талбаков ё Олим Бобоев рақиб бошад, аммо барои Эмомалӣ Раҳмон рақиби ҷиддӣ набуд.

Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон эътилофе сунъӣ буд ва номзади арзандаеро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ натавонист пешниҳод кунад. Хуб буд, агар аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот номзадҳои худро пешниҳод мекарданд.

Барои ҳизби сиёсӣ ширкат дар интихобот муҳим аст, ҳизб пухта шуда, чанд қадам пеш меравад, таҷруба андӯхта ва дар сиёсат шинохта мешавад.

Қаблан низ Ҳизби сусиёл-демукрот дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат накарда буд. Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳизби нерӯманд аст, бояд бо номзади худ дар интихобот ширкат мекард. Он вақт маҳбубияти ин ҳизб дар ҷомеъаи Тоҷикистон рӯшан мешуд.

Ба ҳар сурат, ширкат накардани Ойниҳол Бобоназарова дар интихобот бохти истротежики ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби сусиёл-демукрот аст ва ин ҳодиса баҳсу талошҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро то андозае камранг кардааст."

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот:

"Ба дунболи аз корзори интихоботӣ хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон шӯру ҳаяҷон барои интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ аз миён рафт.

Ҳоло рақобат миёни номзадҳо қариб вуҷуд надорад. Ин шаш номзад ба ғайр аз хонуми Бобоназарова як мавзеъ доранд ва дар як тарафи мубориза ҳастанд. Ба ин тартиб, ҳоло як номзади асосӣ ва 5 номзади дигар на рақиб, балки ба ӯ мусоъидаткунанда ҳастанд.

Пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифон иштибоҳ набуд. Агар аҳзоби наҳзат ва сусиёл-демукрот дар алоҳидагӣ номзади худро ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешниҳод мекарданд, ба тарафдории номзадҳои худ имзои лозимӣ ҷамъоварӣ карда наметавонистанд. Ҳукумат ба онҳо ин имконро намедод.

Зимнан, аз рӯйи мушоҳидаҳои мо, гурӯҳҳои мубтакирони бештари аҳзоб дар ҷамъоварии имзо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат надоштанд.

Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гурӯҳи мубтакирони Ҳизби кумунист ва ба гуфтаи намояндаи мо, Алим Шерзамонов дар вилояти Бадахшон, гурӯҳҳои мубтакирони аҳзоби кумунист, сусиёл-демукрот ва халқи демукрот ба ҷамъоварии имзо машғул буданд.

Ба ин далел рӯшан нест, ки аҳзоби кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демукрот ва сусиёлист чи гуна тавонистаанд ба тарафдории номзадҳои худ имзои лозимиро ҷамъоварӣ кунанд."

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқи демукрот:

"Бо хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон аз раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баҳсу талош ё ба қавле "интрига" аз байн нарафтааст.

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон ҳарифони қавӣ ҳастанд. Дар ҷомеъаи Тоҷикистон обрӯю нуфуз ва тарафдорони зиёдн доранд. Тасмими ниҳоиро мардум аз тариқи раъйдиҳӣ хоҳад гирифт.

Раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нишон дод, ки номзадҳо то чи ҳад дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз эътибор ва манзалате бархурдор ҳастанд.

Бо вуҷуди се рӯз тамдид шудани муддати ҷамъоварии имзоҳо ситоди Ойниҳол Бобоназарова натавонист имзоҳои зарурӣ барои сабти ном дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро ҷамъоварӣ кунад.

Овозаҳо дар бораи он ки гӯё ҳукумат ё ҳизби мо дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҳизбҳои кишоварзӣ, демукрот, сусиёлист ё ислоҳоти иқтисодӣ кумак карда бошад, нодуруст аст. Масалан, 200 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мубтакирон ва кормандони масъули ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба тарафдории номзади худ имзо ҷамъоварӣ карданд.

Ҳизбҳои дигар ҳам дар Тоҷикистон соҳиби обрӯю эътибор ҳастанд. Масалан, Ҳизби кишоварзӣ ё ислоҳоти иқтисодӣ дар манотиқи мухталиф тарафдорони зиёде доранд. Зеро кишвари мо кишоварзӣ аст. Аз ин лиҳоз барои ҷамъоварии имзо имконоти бештаре доранд."

Фаридун Ҳодизода, коршиноси мустақил:

"Воқеъан дар интихоботи соли ҷории раёсати ҷумҳурӣ шӯру ҳаяҷони интихобот аз миён рафт. Рақибони феълии Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот чандон чеҳраҳои шинохташуда нестанд ва дар ҷомеъаи Тоҷикистон тарафдорони бисёре надоранд.

Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи интихоботи озод, шаффоф ва демукротики раёсати ҷумҳуриро дода буд ва аз натоиҷи интихобот рӯшан хоҳад шуд, ки ин ваъдаҳо то чи ҳад иҷро шудаанд.

Нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) бар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ назорат хоҳанд кард.

Агар интихобот озоду шаффоф баргузор нашуд, омрикоиҳо аз Тоҷикистон мераванд ва пуштибонии Омрико камтар хоҳад шуд. Сиёсати бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дар пайи интиқодҳои шадиди нозирони САҲУ аз раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши мизони ҳамкориҳои Омрикою Урупо бо Тоҷикистон мавзеъи Русия дар ин кишвар таҳким хоҳад ёфт."

Матолиби муртабит