Раҳмон иншоъотҳои ҷадид дар Бадахшонро ифтитоҳ мекунад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи дидори худ аз вилояти Бадахшон дар маросими ифтитоҳи постгоҳи ҷадиди марзӣ дар ноҳияи Поршинёв ширкат кард.
Тибқи гузориши сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 9 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи яке аз чор постгоҳи тозабунёд дар ин вилоят марзбонон ба оқои Раҳмон фановарии ҷадид, аз ҷумла аслиҳии замонавии марзбонӣ нишон додаанд.
Дар ин маросим оқои Раҳмон аз бунёди чор постгоҳи дигари марзӣ дар ин вилоят низ хабар додааст. Ба навиштаи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи чанд иншоъоти дигари давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон бо ширкати оқои Раҳмон баргузор шуд.
Президент Раҳмон ҳамчунин дар ҷараёни сафари кории имрӯзи худ бо сокинони навоҳии мухталифи Бадахшон, аз ҷумла Шуғнону Ишкошим мулоқотҳо анҷом дод ва дар суханрониҳо дар ин мулоқотҳо бархе аз масъулони давлатиро муваззаф сохт, то барои рушти арсаҳои мухталиф дар вилоят иқдомоте ба харҷ диҳанд.
Аз ҷумла оқои Раҳмон гуфт: "Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро (Шуғнон) зарур аст, ки ҷиҳати таъмини фаъъолияти доимии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, бахусус дар мавзеъи ағбаи Кӯҳтезак масъалаи ҷудо намудани техникаи заруриро баррасӣ намоянд."
Президент Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки масъулони давлатӣ барои бунёди биноҳҳои маъмурӣ дар ду ҷамоъати бузургтарини ноҳияи Шуғнон, яъне Дарморахт ва Сучон иқдом кунанд.
Ҳарчанд оқои Раҳмон дар суханрониҳои худ дар назди сокинони навоҳии Ванҷу Дарвоз ва Шуғнон бештар ба рушди арсаи кишоварзӣ таъкид кард, аммо вай дар суҳбатҳо бо сокинони ноҳияи Ишкошим бештар меҳвари аслро бахши ҷаҳонгардӣ қарор дод.
Сипос барои “ҳимояти сиёсатҳои раҳбари давлат”
Президент Раҳмон дидори худ аз вилояти Бадахшонро, рӯзи 8 октябр аз сафар ба навоҳии Ванҷ ва Дарвози ин вилоят оғоз кард.
Дар ҳоле, ки бисёре аз сокинони навоҳии Дарвозу ба вижа Ванҷ аз бад будани роҳҳои мунтаҳӣ ба ин навоҳӣ шикоят мекунанд, Президент Раҳмон ваъда додааст, ки ин роҳҳо ба зуди бозсозӣ мешаванд.
Вай аз ҷумла гуфтааст: “Барои бунёди роҳҳо мо беш аз 100 милюн дулор ихтисос додаем. Мо талош мекунем роҳҳоро ба сатҳиистондортҳои байналмилалӣ бирасонем.”
Коршиносон сафарҳои ахири оқои Раҳмон ба манотиқи мухталифи кишварро корзори интихоботии ӯ арзёбӣ мекунанд. Ин мулоқотҳо тавассути телевизиюни давлатӣ ба сурати густарда пушиш меёбанд. Дар ин гузоришҳо мебинем, ки оқои Раҳмон аз сокинони навоҳии Ванҷу Дарвоз "барои ҳимоят аз сиёсатҳои раҳбари давлат" ибрози сипос мекунад.
Коршиносон мегӯянд, оқои Раҳмон ба Бадахшон барои эҳёи пуштибонии мардуми ин минтақа аз ӯ, пас аз коҳиши эътибораш дар пайи амалиёти низомии соли гузашта дар Хоруғ аст.
Зеро гуфта мешавад, ки маҳбубияти раиси ҷумҳур дар миёни аксари сокони вилояти Бадахшон ба дунболи амалиёти низомии давлатӣ дар моҳи июли соли 2012 ва пайомадҳои он коста шуда буд.
Бо ин вуҷуд ширкатҳои телевизюни давлатӣ пай дар пай барномаҳое аз пазироии мутантани сокинони навоҳии мухталифи ин вилоят аз оқои Раҳмон пахш мекунанд.
