Сабти се номзади дигар барои ширкат дар интихоботи Тоҷикистон

  • 10 Октябр, 2013
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ)
Image caption Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ се номзади дигари интихоботро сабт кард

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) асомии се номзади дигар барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябрро сабт кард.

Масъулони ин кумисиюн баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 10 октябр номзадҳои пешниҳодшуда аз аҳзоби кумунист, демукрот ва сусиёлистро, ки гурӯҳҳои мубтакирон тавонистаанд ба тарафдории ин номзадҳо беш 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунанд, сабти ном карданд.

Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ, рӯзи панҷшанбе гувоҳиномаи сабти номро ба Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сусиёлист ва номзад аз ин ҳизб, Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз ҳизби демукрот ва Исмоъил Талбаков, номзади кумунистҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба онҳо эъто кард.

Ҳамчунин оқои Шоҳиён имрӯз гувоҳиномаҳои афроди муътамади ин номзадҳоро, ки ҳудуди 15 нафар будаанд, дар ихтиёри номзадҳо гузошт.

Оқои Шоҳиён эълом кард, ки ҳар яке аз ин се номзад беш аз 210 ҳазор имзои ҷонибдоронашро дар ихтиёри кумисиюн гузоштаанд ва масъулони ин ниҳод имзоҳои бархе аз ҷонибдорони ин номзадҳо, аз ҷумла афроди зери синни 18-ро, ки тибқи қонун иҷозаи ширкат дар раъйдиҳиро надоштаанд, лағв карданд.

Image caption Саидҷаъфар Исмонов ва Абдуҳалим Ғаффоров аз ҷумлаи онҳое буданд, ки имрӯз гувоҳиномаи сабти номзадиро дарёфт карданд

Асомии афроде, ки зимни имзогузорӣ дар феҳристи вижа синну сол ва ё шумораи шиносномаи худро сабт накардаанд, низ лағв шудааст. Аммо оқои Шоҳиён мегӯяд, ки бо ин вуҷуд ин се номзад шумори муқарраршудаи имзоҳоро ба кумисиюн пешниҳод кардаанд.

То имрӯз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон асомии шаш нафар аз номзадҳо барои ширкат дар интихоботро расман сабт кард. Рӯзи гузашта ин кумисиюни ба унвони номзади шумораи як раиси ҷумҳурии кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сабт кард.

Баъд аз зуҳри дирӯз ҳам КМИҲ ба Толиб Бухориев ва Олим Бобоев, номзадҳои аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, шаҳодатномаи сабти номзадӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳвил дод.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳанӯз сабти ном нашудааст. Ба гуфтаи масъулони КМИҲ, тими ӯ ҳанӯз имзоҳои ҷамъшударо ба кумисиюн таҳвил надодааст.

Дар ҷараёни корзори ҷамъоварии имзои ҷонибдорон барои номзадҳо танҳо намояндагони ситоди хонум Бобоназарова аз эҷоди мавонеъ дар заминаи ҷамъоварии имзо шикоят кардаанд.

Намояндагони номзадҳои дигари сабтшуда гуфтанд, ки дар ин росто мушкиле надоштаанд.

Матолиби муртабит