Кабирӣ машғули ҷамъоварии имзоҳо дар хиёбонҳо

  • 8 Октябр, 2013
Кабирӣ
Image caption Оқои Кабирӣ гуфт, дар 3 рӯзи оянда ҷамъоварии имзои лозимӣ ба тарафдорӣ аз номзади ИНИТ душвор аст

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт дар муддати 3 рӯзи тамдидшуда барои ҷамъоварии имзоҳо ҷамъоварии мизони лозими имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзади ИНИТ, Ойниҳол Бобоназарова душвор хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки худ қабл аз зӯҳри сешанбеи 8-уми октябр дар хиёбонҳои Репин ва Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои тарафдорӣ аз номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон имзо ҷамъоварӣ кардааст, гуфт, дар муддати як соъат тавонистааст аз 40 манзили сокинон танҳо 10 имзо ҷамъоварӣ кунад.

Ӯ гуфт: “Шиносномаи бархе сокинонро гирифта буданд, бархе дигар вақти рақами шиноснома мепурсӣ метарсанд, ки ин рақам ба дасти кӣ меафтад. Хеле эҳтиёткор ҳастанд. Ҳадди ақал 10 дақиқа лозим аст, ки ҳар нафарро мутақойид кунӣ, ки ин корро қонун иҷоза додааст ва ҳамсояҳо низ имзо гузоштаанд.”

Ӯ аз таҷрубаи ҷамъоварии имзо чунин натиҷагирӣ кард, ки дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ кардани 210 ҳазор имзо ба тарафдории номзадҳо ғайримумкин аст дар рост будани иддаъои аҳзобе, ки гуфтаанд имзоҳои мавриди ниёзро дар муддати кӯтоҳ касб кардаанд, тардид кард.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, тасмими Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) дар бораи тамдиди замони ҷамъоварии имзо дер эълом шуд ва ин амр ба раванди ҷамъоварии имзо асари номатлуб гузоштааст.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Агар рӯзи ҷумъа эълом мешуд, ки барои се рӯзи оянда тамдид мешавад, кор ранги дигар мегирифт. Он вақт гурӯҳҳои мубтакир корро қатъ намекарданд. Мо дастур дода будем, ки рӯзи 5 октябр имзоҷамъкуниро қатъ карда ва протоколҳоро ба марказ оваранд. Варақаҳоро партофтанд, гуфтанд, дигар лозим нест. Дубора онҳоро ба ҷамъоварии имзоҳо фаро хондан кори душворе будааст.”

КМИҲ субҳи душанбеи 7 октябр, эълом кард, ки зарбулаҷали ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳуриро аз 7-уми октябр то соъати 18-и 10 октябри соли ҷорӣ тамдид кард.

Оқои Кабирӣ ширкати худ дар ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзадии хонуми Бобоназароваро "навъи пуштибонии маънавӣ аз гурӯҳҳои мубтакирон" унвон карда ва гуфт, мумкин аст фардо низ дар яке аз навоҳии шаҳри Душанбе дар раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова ширкат кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишвар аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), аз масъулони ҲНИТ, ҲСДТ ва чеҳраҳои саршиноси сиёсии ин кишвар мураккаб аст, ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуда ва дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ ба ҳайси номзад пешниҳод гардид.

Матолиби муртабит