Дархости беш аз 50 хабарнигори хориҷӣ барои пӯшиши интихоботи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз барои пӯшиши интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ беш аз панҷоҳ хабарнигори хориҷӣ дархости окредите ё эътиборнома кардаанд.
Як масъули ин вазорат рӯзи чаҳоршанбеи 23 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки иддае аз ин афрод эътиборномаҳои худро дарёфт кардаанд ва дархости бисёри дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад бештари ин рӯзноманигорон аз хабаргузориҳои кишварҳои мустақили ҳамсуд будаанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ расонаҳои хабарӣ аз Фаронса, Жопун, Куре, Олмон ва кишварҳои дигар низ тақозои сабти номи хабарнигорони худро барои пӯшиши интихобот, бавижа рӯзи раъйдиҳӣ, кардаанд.
Масъулони ин вазорат мегӯянд, ки интизор меравад то сад нафар аз рӯзноманигорони хориҷӣ барои бозтоби интихоботи Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кунанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорати хориҷа, ҳамарӯза ба ин вазорат аз шуморе аз хабарнигорон дархост барои сабти ном ироа мешавад ва масъулон муҳлати расидагӣ ба мадорики рӯзноманигоронро кӯтоҳ ва дарёфти корти эътибории хабарнигоронро сода кардаанд.
Зимнан, бисёре аз хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ба таври ҳамешагӣ дар Тоҷикистон фаъъолият мекунанд ва окредите ё эътиборномаи доимӣ доранд, ки онҳо низ дар бораи интихобот гузориш мекунанд.
Бо ишора ба адами сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова, нозади мухолифон барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин интихобот чандон хабарсоз нахоҳад буд.
Аммо ба эътиқоди онҳо, масъулони зидахли давлатӣ алоқаманди ширкати шумори бештаре аз хабарнигорони хориҷӣ ба манзури шаффофу демукротик ҷилва додани интихобот ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи як соли ахир, бавижа баъд аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон, созмонҳои нозир бар озодии матбӯъот аз маҳдудияти фаъъолияти расонаҳо, бавижа торнамоҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди "Ютюб" ва "Фейсбук", дар Тоҷикистон пайваста интиқод кардаанд.
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) мегӯяд, ки рақобатҳо барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр дар ҷараён аст ва дирӯз онҳо дар як ҷаласа масъалаи сабти номи нозирони интихоботиро низ баррасӣ кардаанд..
Ба гуфтаи манобеъи ин кумисиюн, то кунун барои назорат бар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр 130 нозири хориҷӣ, умдатан аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, сабтином шудаанд. Интизор меравад беш аз 200 нозири хориҷӣ дар интихобот ширкат кунанд.
Фирдавс Табаров, як масъули дафтари матбӯъотии КМИҲ, гуфт, ки дар ҷаласаи дирӯзи ин кумисиюн ҳамчунин тасмим шудааст, ки дар ду кишвари дигари хориҷӣ, Кувайт ва Фаронса, низ марокизи раъйгирӣ барои ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот ифтитоҳ шавад.
Вай ба Би-би-сӣ гуфт: “Бо дарназардошти қонуни мавҷуда, дар кишварҳои хориҷие, ки аз 20 то се ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, маркази раъйдиҳӣ боз мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки ин кумисиюн мегӯяд, ки қарор аст дар 26 кишвари ҷаҳон марокизи раъйдиӣ боз ва шумори бештаре аз ин марокиз дар Русия хоҳад буд, ки беш аз як милюн муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар он кишвар ба сар мебаранд.
Оқои Табаров ҳамчунин хабар дод, ки дар ҷаласаи рӯзи сешанбе бо дархости Гулназар Келдӣ, шоъири саршинос, исми ӯ аз феҳристи афроди муътамади Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ ва номзади ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳазф шудааст.
Гуфта мешавад ба ҷойи оқои Келдӣ, исми Олим Салимзода, узви порлумон, ба унвони фарди мавриди эътимоди оқои Раҳмон сабт шудааст.
Ҳарчанд масъулони ин кумисиюн, сабаби берун рафтани оқои Келдиро аз гурӯҳ шарҳ надодаанд, аммо ба гуфтаи наздикони ӯ, вай ба далоили хусусӣ ва хонаводагӣ хостори ҳазфи номи худ шудааст. Зимнан, Гулназар Келдӣ, шоъири маъруф ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон аст.
Дар ҳоле ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ раванди рақобатҳои интихоботиро ризоятбахш арзёбӣ кардаанд, вале бархе аз мухолифони давлат, аз ҷумла фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ, эълом кардаанд, ки аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, се рӯзи қабл Ойниҳол Бобоназарова, номзади сабтиномнашудаи мухолифон барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин кумисиюнро ба мавориди густардаи қонуншиканӣ дар ҷараёни ҷамъоварии имзо ва сабти номзадҳо муттаҳам карда буд.
Хонуми Бобоназарова дар баёнияи худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз шаш номзади сабтшуда "ғайридемукротик ва ғайримунсифона" унвон кард.
