Ватандор: Ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳаргиз по нагузоред

Ҷунбиши “Ватандор”, як ниҳоди мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз ин кишвар фаъъолият дорад, мардуми Тоҷикистонро ба таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даъват кардааст.
Додоҷони Атовулло, раҳбари ин ҷунбиш дар ин бора рӯзи душанбеи 21-уми октябр, дар шабакаи иҷтимоъии Facebook баёнияе мунташир додааст.
Дар ин баёния омадааст: “Интихоботи нав низ чун ҳама интихоботи аҳди Рахмонов ба як мазҳака, цирк ва ба беэҳтиромӣ ба раъйи мардум ва таҳқиру таҷовузи ниҳодҳои демократӣ бадал бишуд. Рухсат надодан ба 1, 5 миллюн муҳоҷир дар маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдоии номзадҳо, пурра дар ихтиёри ҳизби ҳоким будани телевизиюн ва дигар васоити ахбор, роҳ надодан ва фишор овардан болои номзади ягона ва ҳарифи воқеъии Эмомалӣ Раҳмон - Ойниҳол Бобоназарова далели он аст.”
Оқои Атовулло дар ин баёнияи мисли ҳамеша шадидуллаҳни худ режими оқои Раҳмонро “ҷиноятпеша” унвон карда ва хитоб ба мардуми Тоҷикистон меафзояд: “Дар ин мазҳакаи шармовар ширкат наварзед. Ба ҳавзаҳои интихоботӣ харгиз по нагузоред. Худро бадном накунед.”
Оқои Атовулло ёдоварӣ мекунад, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи 21 соли ахир побарҷост ва ба созмонҳова кишварҳои хориҷӣ ҳушдор медиҳад: "Дар кадомин демократия дидаед, ки як шахс 21 сол роҳбари кишвар бошаду боз нашармида даъвои демократия бикунад? Мо тамоми кишварҳо ва созмонҳоеро, ки аз ин режим ва президенти «ҷовидонаш» дастгирӣ мекунанд, ҳамшарики ин ҷинояткор ва душмани халқи Тоҷикистон меҳисобем.”
Оқои Раҳмон дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии гузашта дар Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999 ва 2006 низ бидуни рақибони ҷиддӣ пирӯз шуда буд. Ӯ тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар Тоҷикистон дар даст дошта ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ оқои Раҳмон боз барои як давраи ҳафтсолаи дигар, яъне то соли 2020 дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи душанбе Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ойниҳол Бобоназарова эълом карданд, ки аз ширкат дар интихобот 'худдорӣ' хоҳанд кард. Дар ин бора сойти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар баёнияи кӯтоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом шуд, ки "Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад Ойниҳол Бобоназарова вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани номзад аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд."
Ин ҳизб гуфт, ки тасмим дар бораи эътироф кардан ё накардани натоиҷи интихоботро пас аз баргузории ин тихобот эълон хоҳад кард.
Кумисиюни марказии интихобот шаш номзад аз аҳзоби халқи демукрот, сусиёлист, ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, демукрот ва кумунистро ба сабт расондааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати таъйиди салоҳияташ Ойниҳол Бобоназарова метавонист рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр бошад.
Ҳамакнун, барои бисёре рӯшан шуда, ки оқои Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бидуни ширкати ҳеч рақиби ҷиддӣ пирӯз эълом хоҳад шуд. Аммо ин амр, ба гуфтаи бисёре аз соҳибназарон, машрӯъияти интихоботро камранг хоҳад кард.
