Раҳимов: Тақсири мо нест, ки мардум номзадҳои дигарро намешиносанд

  • 31 Октябр, 2013
Маҳмад Раҳимов
Image caption Оқои Раҳимов узви ҳизби ҳокими халқи демукрот нест ва ба унвони як ғайриҳизбӣ фарди мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон аст

Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва номзад барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, мегӯяд, ки дар барномаи оқои Раҳмон дар ҳафт соли оянда бунёди беш аз 200 корхона ба маблағи чаҳор милёрд сомонӣ дар назар гирифта шуда, ки барои эҷоди машоғил муҳим аст.

Оқои Раҳимов ҳамчунин аз лағви ҳукми эъдом бо роҳи ҳамапурсӣ ва ҷорӣ сохтани низоми хидмати қарордодӣ дар артиш ба унвони нукоти дигари барномаи интихоботии номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот ном бурд.

Аз бас имкони мусоҳиба бо Эмомалӣ Раҳмон даст надод, Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди мавриди эътимодаш, ҳозир шуд ба мо мусоҳиба диҳад. Вай дар гуфтугӯ бо Исфандиёри Одина, сардабири дафтари Би-би-сӣ дар Душанбе, ҳамчунин гуфт, дар ин ки панҷ номзади дигар барои интихоботро мардум камтар мешиносанд, давлат ва тими раиси ҷумҳури феълӣ муқассир нест:

Оқои Раҳимов, нукоти аслии барномаи номзади шумо барои интихобот чист? Метавонед дар ин бора тавзеҳ бидиҳед?

Мазмуну мундариҷаи барномаи интихоботии номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ аз Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хидмат ба халқ, беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии онҳо бо назардошти манофеъи миллию давлатдории мост. Ниятҳои неки номзади мо, он гуна ки дар барнома омада, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар фард, ва дар кул, барои тамоми халқи Тоҷикистон ва инкишофи озодонаи онҳост. Аз ин ҷо, ба ин ниятҳои нек, умедҳои нек бо роҳи андешидани табдирҳои мушаххас дар арсаи иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу сиёсат, рушди демукросӣ, такмили низоми қонунгузорӣ ва сиёсати хирадмандонаи беруна даст ёфтан мумкин аст.

Дар сурати пирӯзии номзади шумо, ки эҳтимолан пирӯз хоҳанд шуд, чи тағйироти куллиро дар арсаи сиёсӣ дар Тоҷикистон мешавад интизор дошт?

Пеш аз ҳама, сиёсат бе иқтисод намешавад, онҷо ки пешрафти иқтисодӣ аст, албатта сиёсати хирадмандона ҳам ҷой дорад. Ва мо гуфтанӣ ҳастем, ки дар арсаи иқтисод дигаргуниҳои куллӣ дар тӯли ҳафт соли минбаъда дар назар дошта шудааст. Сиёсат ҳам ба ҳамин шева бояд пеш равад. Дар ҷоддаи сиёсат кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ барои ҳар фарде, ки дар диёри мо зиндагӣ мекунад, таъмин карда шавад.

Нуктаҳои ҷолибе, ки аз ҷониби дигар ҳизбҳо дар интихобот, дар мулоқот бо интихобкунандагон матраҳ шудаанду барои рушду нумуи кишвари мо муҳимманд, мавриди омӯзиш қарор дода ва дар якҷоягӣ амалӣ мешаванд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар сиёсати беруна ҳам сиёсати дарҳои боз бо ҳамаи давлатҳо, ҳамсоягон, кишварҳои дуру наздик ба роҳ монда шавад, ҷавҳари онро ҳадигарфаҳмӣ, муносиботи дӯстона, тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамаи давлатҳо ташкил медиҳад.

Яке аз нукоти аслии барномаи номзади ҳизби кумунист коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳурӣ аст, зеро, чунончи номзадаш Исмоил Талбаков ба мо гуфт, бори раисҷумҳур беандоза зиёд асту бештари ихтиёроташ бояд ба порлумон ва ҳукумат гузарад. Ин нукта дар барномаи эътилофе аз аҳзоби мухолиф, бавижа наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот, ҳам зикр шуда буд.

Яке аз нукоти ин барнома коҳиши муҳлати раёсати ҷумҳурӣ то ба чаҳор сол аст. Оё чунин ислоҳоте дар барномаи ҳизби ҳокими халқи демукрот ва номзади шумо ҳам ҳаст, ки масалан бо баргузории ҳамапурсӣ ва ислоҳи қонун ин корҳоро анҷом диҳанд?

Пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки ибрози ақида кардан аз ҷониби ҳамаи аҳзоб қобили қабул аст. Ва ҳар ҳизбе, ки ба сари ҳокимият меояд, бе барномаи мушаххас наметавонад ин ё он ҷиҳати масъаларо ҳал кунад. Аз ин ҷо, ҳизби кумунист ва дигар аҳзоб мавқеъи худро доранд. Лекин агар ба нуктаҳои асосии барномаи мо назар андозед, дар он ҷо дар кул масъалаҳои таҷдид ва такмили сохтории ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар назар гирифта шудааст.

Аз ҷумла чи навъ таҷдиди сохторӣ дар назар гирифта шудааст?

Вақте (раисҷумҳури оянда) командаашро қабул мекунад, албатта, дар сохтори ҳукумат, мумкин аст бо таваҷҷуҳ ба бархе нукоте, ки аз ҷониби ҳизбҳои дигар матраҳ шуд, тағйирот шавад, дар бораи такмили ваколатҳо, салоҳияти мақомот, ҳукумат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, (тағйироте) дар назар гирифта шудааст. Агар ба барномаи мо эътибор диҳед, дар он ҷо шаффофияти хидмати давлатӣ дар назар гирифта шудааст. Шаффофият ба маънои масъул будани тамоми кормандони соҳаи хидмати давлатӣ дар назди мардум ва ҷомеъаву давлат аст. Истифодаи сарфаҷӯёна аз ҳар сомонӣ барои рушду нумуи давлатдории мо, ва баъзе масоили дигар ҳам ҳаст, ки шояд ҳоло мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор диҳем. Вале дар кул такмили сохтори ҳукумат дар назар гирифта шудааст.

Аммо мушаххасан ҳеч тағйироти куллӣ дар заминаи коҳиши муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ё ихтиёроти раисҷумҳур дар назар нест? Мушаххасан?

Шахсан ман наметавонам дар ин бора ибрози ақида кунам, чунки вақте ҳукумат дид, таҳлил кард... ва мо боварӣ дорем, ки ин тағйирот хоҳад шуд.

Бисёре аз мухолифон аз худи раисҷумҳур интиқод мекунанд, ки фаъъолияташ хеле шаффоф нест. Масалан, мардум дар бораи фаъъолияти баъзе корхонаҳо, монанди “Талко”, ки таҳти назари мустақими раисҷумҳур аст, зиёд иттилоъ надоранд. Дар мавриди хонавода ва пайвандони раисҷумҳур ҳам интиқодоте матраҳ аст, ки гӯё тамоми манобеъи иқтисодиро зери кунтрули худ гирифтаанд. Назари Шумо дар ин бора чист?

Ман фикр мекунам, ки ин эродҳо асоси кофӣ надоранд. Дар ҳамаи давлатҳои дунё (фарзандони) намоянда ё шахсиятҳои муҳим дар давлат кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, ибрози ақида дар ин бора, ки гӯё ҳокимияту давлатдорӣ дар дасти аъзои хонаводаи раисҷумҳур бошад, қобили қабул нест. Агар фарзанди як шахс дар як вазорат ё муассиса кор кунад, ин гувоҳи он нест, ки вай ҳамон муассиса ё вазоратро идора мекунад. Вазир ҳаст, роҳбар ҳаст, тарзи идоракунӣ ба роҳ монда шудааст...

Аммо ин танҳо дар бораи идораи давлат нест. Дар мавриди иқтисод аст, ки гуфта мешавад, бештари ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги иқтисодӣ таҳти кунтрули онҳост, бавижа, Ҳасан Асадуллозода, бародари зани раисҷумҳур?

То дараҷае ки Шумо нағз медонед, корхонаи “Талко”, ки Шумо номбар кардед, моликияти давлати Тоҷикистон аст, ҳар сол сатҳи даромаде аз он ба будҷеи кишвар ворид мешавад.

Ин корхона ҳар сол чи қадр даромад медиҳад?

Ин масъалаи иқтисоддонҳо аст, лекин комилан дар будҷеи кишвар ҷо дорад. Ин хел, ба таври умумӣ ҳамаро гунаҳкор кардан мумкин нест.

Аммо дар бораи яке аз ширкатҳои марбут ба он, “Талко Менеҷмент”, ки гӯё дар ҷазоири Вирҷин сабт шудааст, мардум зиёд иттилоъ надоранд. Ё бештари муъомилоти молии “Талко Кабел” ва чанд ширкату корхонаи дигар бештар аз тариқи “Ориёнбонк” сурат мегирад, ки он ҳам таҳти назари оқои Асдуллозода аст. Бисёре аз мардум мехоҳанд ба ин суолот посух бигиранд.

Ҳамаи мардум не албатта. Ақида ё хоҳиши баъзе шахсон ақидаи мардум нест. Дар бораи баъзе аз корхонаҳое, ки гуфтед, ман ҳатто маълумот надорам. Дар бораи “Талко” пурсидед, гуфтам, ки ин корхона давлатӣ аст, тибқи қонунҳои Тоҷикистон чун корхонаи давлатӣ сабт шудааст. Лекин ба зиммаи дигарон бор кардан, ки гӯё онҳо идора мекарда бошанд, ман инро қобили қабул намешуморам.

Ба ҳар ҳол, корхонаю ширкатҳои зиёде ҳастанд, ки номашон дар матбӯъот баҳсбарангез аст, мисли ширкати IRS, ки дар роҳи Душанбе-Чаноқ пул ҷамъ мекунад. Мисли он чанд ширкати дигар ҳам ҳаст, ки аз имтиёзоти молӣ бархурдоранд, аммо мардум намедонанд, ки чаро инҳо аз имтиёзот бархурдоранд?

Аввал ин ки мо бояд перомуни барномаи интихоботии номзадамон суҳбат кунем,...

Аммо инҳо ҳама ба наҳваи давлатдории номзади шумо муртабит аст, дуруст?

Не, дар доираи барнома саволу ҷавоб бошад. Мавзӯъҳое, ки Шумо мегӯед, мавзӯъи алоҳидаи баҳс аст. Сухани мо дар бораи рушди кишвар дар давраи ҳафт сол аст, ҳафт сол тибқи барнома. Шумо аз доираи мавзӯъ берун меравед.

Хуб, тӯли 21 соли гузашта номзади шумо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур буданд, аммо ҳануз ҳам фақр ҳаст, иқтисод он тур ки бояд, пешрафт накарда ва ҳануз ҳам беш аз як милюн муҳоҷир дорем дар Русия?

Ман фикр мекунам, ин ақидаи Шумост, ки иқтисод рушд накардааст. Биёед, бо мисолҳои мушаххасе ҳарф занем. Агар будҷеи Тоҷикистон дар соли 2006 1,7 милёрдро ташкил дода бошад, имруз 12,2 милёрдро ташкил медиҳад. Агар маҷмӯъи тавлидоти дохилии кишвар дар соли 2006 12,3 милёрд (сомонӣ) бошад, имруз 36,2 милёрд аст. Агар сатҳи таваррум дар он давра 19,6 дарсад буда бошад, имрӯз 6,4 дарсад аст.

Ба ғайр аз ин, Шумо нағз медонед, ки ҳар сол тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои бонуфуз, афзоиши рушди иқтисоди мо ҳафт дарсадро ташкил медиҳад, сарфи назар аз ин ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯст. Ин фақат баъзе мисолҳо.

Дар соли 2006, агар ба хотиратон бошад, мо мегуфтем, ки сатҳи камбизоъатӣ беш аз 60 дарсад аст, имрӯз Шумо нағз медонед, ки 38 дарсадро ташкил медиҳад. Оё ин пешравӣ нест? Ва Шумо фикр кунед, ки то соли 2002 аҳволи Тоҷикистон чи гуна буд? Дар гирду атрофи Душанбе қувваҳои гуногуни силоҳбадаст фаъъолият мекарданд. Шахсан, худи мо ба чашмамон медидем, ки чи хел муносибат буд. Бо ин вуҷуд, кишвари мо рушд кардааст, агар дурнамояшро хоҳед, марҳамат, ин суоли алоҳида аст.

Худи ҳамин Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд пешрафти нисбӣ, ки дар Тоҷикистон ҳаст, бештар ба пули муҳоҷирон вобаста аст. Пуле, ки муҳоҷирон мефиристанд, тақрибан баробари 47 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии кишвари мост. Ва ин амр Тоҷикистонро вобастатарин кишвар ба пули муҳоҷират карда, ҳеч кишвари дигаре ба ин андоза вобастаи пули муҳоҷирон нест.

Пеш аз ҳама, биёед дар атрофи муҳоҷират ибрози ақида кунем. Муҳоҷират танҳо ба давлатҳои сусттараққикарда марбут нест. Дар ҷаҳони тамаддун, одамон аз кишварҳои пешрафта ҳам метавонанд барои беҳтар кардани зиндагияшон муҳоҷират кунанд. Ҳар қадар ки ҷомеъа рушду нумуъ мекунад, фарди бохирад, ки қобилияти корию маънавияш зиёд аст, кӯшиш мекунад, ки барои зиндагии беҳтару хубтар муҳоҷират кунад, касе ҷилавашро наметавонад бигирад.

Аз тарафи дигар, ҷараёни муҳоҷират барои ҳама гуна давлатҳои рӯ ба инкишоф хос аст. Дар ҷаҳони тамаддун беш аз 200 милюн муҳоҷир ҳастанд, 46 милюн дар Омрико, 11 милюн дар Русия, 10 милюн дар Олмон. Аз байни ҳамсояҳои дуру наздики мо, фақат аз ҳамин Узбакистон панҷ милюн муҳоҷир ҳаст. Пас ҷараёни муҳоҷират барои беҳбудии кишвар аст. Ин ки қисме аз будҷеи кишвари мо аз муҳоҷират таъмин мешавад, айб нест.

Фақат дар солҳои гузашта мо беш аз 1650 ширкат, ҷамъиятҳои саҳомӣ, кооперативҳои тиҷорию кишоварзӣ ва соҳибкории инфиродиро рушд додем. Дар маҷмӯъ, қариб 192 ҳазор корхонаву тоҷирони инфиродӣ фаъъолият мекунанд. Фақат дар солҳои гузашта қариб 60 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис шуд. Вале фаромуш накунем, ки мо асли иқтисоди либералӣ (озод) ва бозориро пеша кардаем. Ва рушди ҷомеъа ба ҳар шаҳрванд вобаста аст. Озодии иқтисодӣ, тибқи Қонуни асосӣ, ба ҳама дода шудааст ва ҳар шаҳрванд ҳам бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барои дигарон ҷойҳои кориро таъмин кунад.

Ба мавзӯъи озодии иқтисодӣ бармегардем. Дар бораи муҳоҷират худи Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки ҳеч кишваре ба андозаи Тоҷикистон вобастаи муҳоҷират нест. Агар мо комилан вобастаи муҳоҷират бошем, ин барои иқтисоди мо хатар дорад, на?

Мо инкор намекунем, лекин бинед, ки чи гуна чораҳо андешида истодаем. Агар ба барномаи мо назар афканед, мо дар назар дорем, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ якуним-ду маротиба зиёд шавад, музди кор дувуним-се маротиба зиёд шавад.

Оё ҳеч барномае доред, ки бахши аъзаме аз муҳоҷирон баргарданду вобастагӣ ба пули муҳоҷират камтар шавад? Ё шояд эҷоди машоғили бештареро дар назар гирифта бошед?

Шумо агар ба барномаи иқтисодии мо назар кунед, бунёди ҳазорон корхона дар назар гирифта шудааст. Фақат дар давоми ҳафт сол ба маблағи 4 милёрд сомонӣ бунёди беш аз 200 корхона аз ҳисоби давлат дар назар гирифта шудааст, ки ин таъмини ҷойи корӣ барои шаҳрвандон аст. Бунёди нерӯгоҳҳо, сохтани роҳҳо, оё инҳо ба эҷоди ҷойи кор мусоъидат намекунад? Ҳамаи ин барномаи давлатӣ аст.

Аз ин ҷо, баргардондани муҳоҷирон ҳам дар назар гирифта шудааст. Аммо агар ҷойи кор бошаду муздаш кам бошад, касе намехоҳад кор кунад. Мо озодӣ додем, ки интихоб кунад, ё бо мо кор кунад, ё барои беҳбуд бахшидан ба зиндагияш сафар кунад, то як шароити муъайян ба даст омадан, ки мо инро инкор намекунем. Лекин дар ҳар сурат, барномаи номзади мо танҳо барои сохтмон, иқтисод, пешбурд аст ва маромаш созандагист. Ҳадафи мо таъмини ҷойи кор барои шаҳрвандон аст.

Аммо фикр намекунед, ки ҳамин муҳоҷират дар равобити мо бо кишварҳои дигар, масалан Русия, таъсир гузошта ва моро то андозаи зиёде вобастаи Русия кардааст?

Мо инро мефаҳмем, номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон ҳам инро мефаҳмад, барои ҳамин чора меандешад, кӯшиш мекунад, ки корхона сохта шавад, ширкат сохта шавад, роҳҳо сохта шаванд. Ҳамаи ин барои эҷоди ҷойҳои корӣ аст. Шахсан ман намехоҳам, ки ҳатто ба Шумо вобаста бошам. Ва мо ҳамчун зиёӣ намехоҳем, ки кишвари мо ба Русия, Қазоқистон, Омрико ва Чин вобаста бошад. Мо инро намехоҳем, лекин ба сабаби ҷанги дохилӣ иқтисоди мо хеле коста шуд. Ва имрӯз рӯ ба созандагӣ овардан лозим аст, бунёд кардан лозим аст, ҳар фард бояд дар бунёди ҷомеъа саҳм гузорад.

Мо аз муҳоҷирони корӣ сипосгузорем ва барои хидмате, ки барои кишвари худ мекунанд, ҳама вақт дар бораи онҳо бо эҳтиром сухан мегӯем. Лекин фаромуш набояд кард, ки фақат дар гирду атрофи вилоят ва шаҳри Маскав як милюн озарбойҷонӣ зиндагӣ мекунанд. Савол ба миён меояд, ки ӯ кишварашро чи хел таъмин мекунад? Аз инҷо хулоса бароред, ки оё Озарбойҷон шароити зиндагияш беҳтар нест? Ман як милюн мисол овардам.

Бале, албатта фарқ мекунад. Онҳо шумори ҷамъияту шумори муҳоҷирашон ҳам зиёд аст. Масалан, дар мавриди Узбакистон худатон гуфтед, ки панҷ милюн муҳоҷир дорад. Аммо иқтисоди онҳо ин андоза вобастаи пули муҳоҷират нест, ки аз мо ҳаст?

Инро як бор таҳлил кардан лозим аст. Шумо мисоли мушаххасе биёред, ки иқтисоди фалон кишварҳо ба муҳоҷират вобастагӣ надорад.

Албатта, манбаъе, ки ман ба он такя мекунам, ҳамон Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки мегӯяд вобастатарин кишвар ба пули муҳоҷират дар ҷаҳон Тоҷикистон аст.

Мо инро инкор накардаем. Бо мисолҳои мушаххас ман ибрози ақида кардам, ки ҳамин сатҳ дар оянда кам мешавад, мо ба ин бовар дорем. Такроран мегӯям, ки аз ҳар куҷое як мисол оварда мешавад, онро аввал бояд санҷид.

Хуб, ин омори Бонки Ҷаҳониро давлат оё санҷидааст? Оё номзади шумо месанҷаду таҳлил мекунад?

Ман инкор намекунам, лекин Шумо бояд дуруст фаҳмед, ки мо чи чораҳо андешида истодаем. Фақат дар ҳафт соли охир ва ҳафт соли минбаъда. Агар дигар кишварҳоро бинед..., ин хел ноҳаққие, ки дар ҳаққи кишвари мо шуд, бо иштибоҳи худамон ҳам шуд, ба ҷанги дохилӣ дода шудем ва дар натиҷа, ба қашшоқӣ (фақр) расидем. Лекин акнун бунёд кардан лозим аст.

Манзутарон аз ноҳаққӣ чист?

Аввал ин ки худи мо..., мумкин аст қувваҳои гуногуни берунӣ буд, ки мо инро намефаҳмидем. Ман ахиран як мақола дар “Мароми пойтахт” чоп кардам, ки вақте ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Шӯравӣ авҷ гирифт, мо ҳамон вақт мехондем, меомӯхтем, таҷруба мегирифтем, касе моро нафаҳмонд, ки ин чи оқибат хоҳад дошт. Дар натиҷа, ба муносибатҳое ворид шудем, ки ҳатто дарк накардем, ки бе ҳамин ҳам истиқлол насиби мо мешавад ва мо соҳиби забон мешавем, имкони намозхонӣ пайдо мекунем. Яъне дурнаморо натавонистем дар он давра муъайян кунем. Дар натиҷа, ба ин ҳолат расидем.

Фаромӯш набояд кард, ки дар шаҳри Душанбе он вақт 634 ҳазор нафар зиндагӣ мекард, 70 дарсади он мардуми миллатҳои дигар буд. Имрӯз 750 ҳазор зиндагӣ мекунад, лоақал 700 ҳазори он мардуми тоҷик аст. Бигзор, панҷоҳ ё сад ҳазораш халқҳои дигар бошанд. Мо инкор намекунем, лекин ҳамин ҳам пешравӣ аст. Имрӯз шароит муҳайё шудааст. Агар одитар гӯем, ин урбанизатсия (шаҳрнишинӣ) шароит барои рушду нумуи кишварро фароҳам мекунад.

Аммо фикр намекунед, ки ин шаҳрнишинӣ мӯҷиб мешавад, тавсеъае, ки дорем, бенизом ё яктарафа шавад? Яъне рустоҳо аз тавсеъа канор мемонанду шаҳрҳо пешрафт мекунанд. Ва як навъ шикоф байни инҳо эҷод мешавад?

Image caption Оқои Раҳимов мегӯяд, ки дар барномаи интихоботии номзади ҳизби халқи демукрот, Эмомалӣ Раҳмон, бунёди шаҳрҳо ва тавсеъаи рустоҳо дар назар гирифта шудааст

Не, дар давраи шӯравӣ 70 дарсади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекарданд, 30 дарсад дар шаҳр, имрӯз 72 дарсад дар деҳот аст. Яъне беш аз 70 дарсад. Ва Шумо агар ба барномаи номзад ба мансаби президент таваҷҷуҳ кунед, дар он рушди деҳот ҳам дар назар гирифта шудааст. Бунёди шаҳрҳои нав дар назар гирифта шудааст. Дар Душанбе не, дар атроф. Ба кадом восита? Ба воситаи бунёди роҳҳо, беҳтар сохтани шароити таъмини барқ, эҷоди ҷойҳои корӣ, дар ҳафт сол. Нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар ва харҷи зиёд карда мешавад. Мо ҳамаро ба Душанбе оварданӣ нестем. Агар ба Қазоқистон эътибор диҳед, дар атрофи Қазоқистон фақат шаҳрҳо бунёд мешаванд. Қисми зиёди аҳолӣ дар шаҳр умр ба сар мебарад.

Хуб, мо дар куҷо мехоҳем шаҳр созем? Ҷойи мушаххасе ҳаст?

Не, шаҳрҳои худамонро ривоҷ медиҳем. Ҳамон шаҳрҳои мавҷударо бояд ободу зебо кунем, барои мардум бояд ҷойи кор эҷод кунем. Ман Қазоқистонро мисол овардам, ки қисми зиёди аҳолӣ дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, лекин ҳеч чиз нашудааст, пешравияш таъмин аст. Яктарафа баҳо додан ҳам қобили қабул нест.

На, манзури ман ин аст, ки агар пешрафт ё тавсеъа танзим нашавад, мумкин аст, ки шикофи байни табақоти сарватманду фақир, ва аз ҷумла шаҳрию рустоӣ, зиёд шавад, ки ин амр барои ҷомеъа хатар дорад.

Шумо фаромӯш накунед, ки дар ҳамаи ҷомеъаҳое, ки дар он аҳли хирад зиндагӣ мекунанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки табақаи миёна зиёдтар шавад, то эътидол таъмин шавад. Мо ҳам инро дар назар дорем. Чи хел? Мо мегӯем, ки сатҳи камбизоъатӣ ба 38 дарсад расид, соли 2015 ба 30 дарсад ва соли 2020 ба 20 дарсад мерасонем. Ҳадафаш чист? Ҳадаф ин аст, ки рушди мунтазам бояд ба роҳ монда шавад. Лекин ин дар як сол намешавад. Ҳамин будҷеи мо имсол 14,1 милёрд дулорро ташкил дод. Соли 2006 ин рақам 12,2 милёрд буд. Оё ин пешравӣ нест? Дар умури давлатдорӣ ҳам зарра-зарра ҷамъ карда, бунёд мекунанд.

Яке аз авомили пешрафт метавонад тиҷорати хурду мутавассит бошад, аммо бисёриҳо мегӯянд, ки дар ин замина мавонеъи зиёде дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Назари шумо дар ин бора чист?

Биёед аз рӯйи адолат ҳарф занем, дар натиҷаи чораҳое, ки ҳукумат андешид, дар заминаи сабти ширкатҳо ягон монеъе боқӣ намондааст. Соҳибкори хурду инфиродӣ метавонад дар се руз худро сабти ном кунад. Ширкатҳо, ҷамъиятҳо, ташкилотҳои тиҷорӣ ва ғайра дар панҷ рӯз сабт мешаванд. Мо дар оянда бояд боз ҳам ин муҳлатро кам кунем. Лекин фаромӯш набояд кард, ки танҳо дар бораи манфиъати тоҷиру соҳибкор гап задан шояд хато бошад. Агар мо имрӯз 192 ҳазор соҳибкор дошта бошем, ҳашт милюн истеъмолкунанда (масрафкунанда) дорем. Ин масъаларо ҳам бояд фикр кард. Дувум, мо танҳо аз нигоҳи соҳибкор ба ҷомеъа баҳо надиҳем, кредитор (вомдиҳанда) гуфтанӣ шахс ҳам ҳаст. Вақте ки соҳибкор бо ӯ қарордод мебандад, манофеъи ӯро ҳам ҳифз кардан лозим аст.

Тайи як соли ахир чанде аз тоҷирону корхонадорони саршинос дар Тоҷикистон ё боздошту зиндонӣ шуданд ё фирор карданд. Сабабаш чист?

Пеш аз ҳама бояд дарк кунед, ки агар ман кирдори ҷиноӣ карда бошам, на ман ба худам метавонам баҳо диҳам, на шумо. Ин ки ман касеро дӯст медораму эҳтиром мекунам ва мегӯям, ки хато кардани ӯ мумкин нест, ин масъалаи дигар аст. Агар Қонуни асосиро хондаву дарк карда бошем, дар он омадааст, ки ҳар шахс ва ҳатто давлат дар назди қонун ҷавоб медиҳад. То даме, ки ҳукми суд (додгоҳ) набошад, мо касеро наметавонем гунаҳкор гӯем. Мутаассифона, дар мо агар дар бораи касе ибрози ақида кунанд, фикр мекунад, ки ӯ гунаҳкор асту ҳабс шудааст.

Аммо боздошт шуданд, дуруст аст? Масалан Зайд Саидов дар ҳамин ҷо боздошт шуд, Умаралӣ Қувватов дар хориҷа боздошт шуд...

Шумо диққат диҳед, ман дар бораи қонун мегӯям. Оё дар дигар ҷомеъаҳо тоҷирону соҳибкоронро боздошт намекунанд? Масалан, дар Маскав як соҳибкорро, ки аз ҳизби Прохоров номзад шуд, боздошт накарданд? Ба хотиратон ҳаст? Боздошт карданд, товони зарарашро супорид.

Аҷиб аст, ки дар ҷамоҳири шӯравии собиқ, маъмулан вақте ки тоҷирон рӯ ба сиёсат меоранд, ҳатман боздошт мешаванд. Дар мо ҳам Зайд Саидов замоне боздошт шуд, ки эълом кард як ҳизб ба номи “Тоҷикистони нав” месозад. Агар гуноҳ дошт, чаро пештар аз ин боздошт нашуд?

Ин ҳамааш дар доираи қонун аст. Шахсан ман то замоне ки ҳукми додгоҳ содир нашавад, наметавонам Зайд Саидовро гунаҳкор эътироф кунам, чунин ҳаққеро надорам. Қонунгузорӣ бояд ҳамин тавр бошад.

Чун дар бораи қонун суҳбат кардем ва Шумо ҳам, ки як ҳуқуқдон ҳастед, метавонед бигӯед, ки қонунҳои мо то чи андоза муассир аст ва ба дарди мардум мехӯрад?

Аз он рӯзе, ки мо ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ пайвастем, қонунгузории мо дигар ба ҳамон раванд пеш меравад, дигар илоҷи бозгашт ба ақабро надорем. Ҳамаи қавонини мо ё бо Қонуни асосӣ ё бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, бояд созгор бошанд. Дар сурати эътироф накардан, вай қобили қабул дониста намешавад. Масъала дар қонунҳои мо нест, мо қонунҳои хубе дорем. Касоне ҳастанд, ки мегӯянд қонунҳои мо ҷавобгӯйи талабот нест, аз фалон ҷо гирифта шудааст. Инро касоне мегӯянд, ки аз қонунгузорӣ хабар надоранд.

Барои навиштани кодекси гражданӣ (қонуни маданӣ) аввал мутахассисони мо дар Ҳуланд кор карданд, баъд мо ҳашт соли дигар барои се қисматашро таҳия кардан дар Олмон дар шаҳри Бремен будем, бо ширкати намояндагони Омрико, Олмон, Фаронса, Русия ва Ҳуланд. Акнун хулоса бароред, ки оё мо метавонем, ки аз раванди қабули қонунҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ақаб монем? Дар сурати ақаб мондан моро ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳам намепазиранд. Мо дар барномаи интихоботиии перизидент ҳам гуфтем, ки қонунҳоямонро бо меъёрҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мувофиқ мекунем. Дигар бозгаште ба қафо нест. Агар хато накунам, бояд 165 қонуни мо бо ин меъёрҳо созгор карда шаванд. Аммо паҳлӯи дигари сухани Шумо ҷон дорад: масъалаи иҷрои қонун. Ин масъала дар тамоми дунё ҳаст, вале дар мо зиёдтар аст.

Сабабаш чист?

Таҳлили ман тайи чанд соли ахир нишон медиҳад, ки худи мо мубориз нестем, зуд хаста мешавему аз мавқеъи худ даст мекашем. Ин камбудии ҷидди ҳам ман, ҳам Шумо ва ҳам халқи мост. Чи хел одате шудааст, ки шикоят мекунад, баъд аз он ки меоянду бахшиш мепурсанд, зуд аз ақидааш бармегардад. Ҳамин мафкураро мо бояд дигар кунем.

Мисоли одӣ, шумо ба мағоза ворид мешавед, дар як ҷо ҳасибу нон, дар дигар тарафи ҳамон мағозаи хурд маводди либосшуӣ, атру чизҳои дигар гузошта шудааст. Ҳамин қадар шаҳрванд мебинад, як бор як нафар шикоят намекунад. Дар машрутка (минибус) агар дувоздаҳ сандалӣ бошад, панҷ каси дигар изофӣ савор мешавад, мардум эътироз намекунанд. Агар гӯӣ, ки ин қобили қабул нест, ду-се нафар мехезаду мегӯяд, ки чи кор дорӣ, мон, ин бечора ҳам равад. Мо бояд мафкураи ҳифзи ҳуқуқро дар миллатамон бедор кунем.

Хуб, кӣ масъул аст барои ин, ҳуқуқдонҳо ё қонунгузорҳо?

Ҳамаамон. Ҳамон гуна ки хӯрок хӯрдан барои ҳар инсон зарурист, ҳар яки мо бояд донем, хонем ва дар вақти душворӣ манфиъати якдигарро ҳифз кунем. Бинед, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки Қуръони каримро аз худ кунад, масҷид равад, аммо вақте мегуӣ, ки ба замини назди ҳавлӣ ҳақ дорӣ, дархост кун, роҳи дигареро пеша мекунад, ба ришвахурӣ мусоъидат мекунад.

Дар маъракаи ҳаҷ ҳам як гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки роҳи каҷро пеша кунанд. Мо бояд мафкураи миллатамонро иваз кунем, бештар хонанду ҳаққи худро талаб кунанд. Мо бештар ба фалсафаи бадеъӣ гароиш дорем, то ба ҳақиқати ҳуқуқии худ. Агар мову шумо заминаро барои ҳифзи ҳуқуқ омода кунем, пас фарзандони мо боз ҳам як қадам пештар мераванд, ба ҳамин роҳ ҷомеъа бунёд мешавад. Бо як касу ду кас намешавад.

Аммо намешавад, ки агар мардум ришва пешниҳод кунанд, мақоми давлатӣ он ришваро нагирад?

Ришва танҳо ба мақоми давлатӣ маҳдуд намешавад, дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ одамони бовиҷдон ҳам ҳастанд. Аммо ҳамон мақоми давлатӣ ҳам халқи мост, мафкураи ӯро ҳам дигар бояд кард. Дар ин ҷодда муборизаи яктарафа намешавад, бояд ҷонибайн мубориза кунанд. Агар ман ба унвони муъаллим дар синфхона қотеъона талаб кунам, ки имтиҳонро мунсифона мегирам, гурӯҳе ҳам онҷо ҳаст, ки муъаллимро ба ришвагирӣ водор мекунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки музди кораш кам аст, аммо дар баъзе риштаҳо маъоши устоди донишгоҳ аз вазир ҳам бештар аст.

Хуб, вақте дар дохили як ҷамъ ё гурӯҳ фарди мухолифе набошад, ки интиқод кунад, чи тур мешавад, ки онҳо рафторашонро иваз кунанд? Дар ҷомеъа ҳам мухолифон ойинаи давлатанд, вақте ба онҳо фурсат ва имкони бештаре намедиҳед, ки аз шумо интиқод кунанд, шумо чи тур ислоҳ мешавед?

Ман беш аз 35 сол аст, ки менависам, фақат баҳс аст, касе ба ман эрод нагирифтааст. Аммо баҳс бояд беғаразона бошад. Масалан, бинед, ки номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, Исмоил Талбаков, чиҳо мегӯяд. Бигзор ҳарф занад, касе манъ накардааст. Барои ин баъзе вақтҳо саводи кофӣ ҳам лозим аст, гуфтори нек ҳам лозим аст, таҷрубаи ҳафтодсоларо ҳам набояд фаромӯш кард.

Охир, вақте ки мухолифон интиқод мекунанд, бисёрашон саркӯб мешаванд, ҳамин тур нест?

Бубахшед, ҳамин номзадҳо магар саркӯб шуданд?

Хуб, ин номзадҳо не, аммо масалан номзади ҲНИТ гуфт, ки бо мавонеъи зиёде рубарӯ шудааст. Мақомҳои маҳаллӣ, ки ҷузъи давлат ҳастанд, барои ӯ мавонеъе эҷод кардаанд, то натавонад имзои кофӣ ҷамъ кунад.

Фикр мекунам, ки дар бораи ин масъала раиси Кумисиюни марказии интихобот ибрози назар карданд. Ҷо доштани як-ду ҳолат ба маънои кул нест. Лекин ман то ҳол намедонам, ки худи ҳамон номзад аз куҷо чи қадар имзо пешниҳод кардааст. Вақте баҳс байни гурӯҳҳо пайдо мешавад, яктарафа баҳо додан лозим нест. Агар Шумо ин далоилро ба рӯйи ман меовардед ва маро, ба истилоҳи худатон, мутақоъид мекардед, ман наметавонистам чизе бигӯям. Сад афсус, ки Шумо ҳам тавре саволгузорӣ мекунед, ки як одами берун мекунад.

Хуб, манзур аз ин мусоҳиба ҳам ин аст, ки ҳарфҳои ногуфта гуфта шаванд.

Дар ҳуқуқшиносӣ як чиз аст: Шумо метавонед аз ҷиҳати забонӣ ва фалсафӣ хушрӯву зебо ҳарф занед, аммо оқибат дар ҳуқуқ аст. Агар далел бошад, ман мутақоъид мешавам. Шумо рафторатон ин тур аст, ки ҳам маро гунаҳкор мекунед, ҳам худатонро ва ҳам каси дигареро. Далел мешуд, ман мухолифат надоштам. Ман нисбат ба Шумо бисёр эҳтиром дорам. Ман ҳам 35 сол шуд, ки таълим медиҳам, аз донишҷӯён пурсед, ки ман чи гуна дарс медиҳаму имтиҳон мегирам.

Хуб, барои ин ки вақтамон кам аст, баргардем ба сари мавзӯъ. Яке аз мухолифони аслии номзади шумо, Раҳматилло Зойиров, ҳамвора Эмомалӣ Раҳмонро ба ин муттаҳам мекунанд, ки ҳокимияташ номашрӯъ аст, аз соли 2006 ба ин сӯ бар хилофи муқаррароти интиқолии Қонуни асосӣ номзад шудааст?

Ина, боз ҳам бубинед, ки Шумо аз доираи барнома, аз доираи мавзӯъ берун рафтед.

Ба ҳар ҳол, ин суол ба номзади шумо рабт мегирад, на?

Ин мавзӯъи алоҳида аст, ман дар бораи он дар мизи мудавваре, ки дар Маркази милии қонунгузорӣ баргузор шуд, ибрози ақида карда будам. Лекин Шумо дар бораи барнома суол намедиҳед, ҳарчанд маро барои барнома даъват кардед.

Хуб, ба барнома бармегардем, аммо ин мавзӯъ ҳам ба номзади шумо рабт дорад.

Боз як бор фикр кунед, ман мегӯям, ки Шумо дар бораи аркони барнома савол намедиҳед. Биёед, дар бораи барнома суҳбат кунем, ин мавзӯъҳоро, агар назди ман оед, метавонем ба таври алоҳида мавриди баҳс қарор диҳем.

Хуб, посухи номзади шумо ба ин иттиҳомот чи аст?

Ҳама ҷавобҳоро гирифтанд, аз он ҷумла аз ҷониби ман ҷавоб гирифт.

Мешавад он ҷавобро бори дигар такрор кунед, ки хонандаҳои мо ҳам огоҳ шаванд?

Дар нашрияҳои “Нигоҳ” ва “Озодагон” чоп шуда буд.

Барои хонандаҳои сойти мо чи?

Мо гуфтем фикру ақидаамонро, биёед танҳо дар доираи барнома ҳарф занем. Дар бораи ин мавзӯъи алоҳида бошад, мо ба таври ҷудогона баҳс мекунем.

Хуб, дар бораи равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, номзади шумо чи барномаҳое доранд?

Пеш аз ҳама, гуфтем, ки сиёсати дарҳои боз, ҳамкорӣ бо ҳама, ҳам бо дӯстону ҳам бо бегонагон. Ҳамкорӣ бо ҳамсоягонамон, Узбакистону Қирғизистону Қазоқистону Афғонистону Эрону Чин. Мо аз сиёсати дарҳои боз даст намекашем.

Аммо равобитамон чанд сол аст, ки бо Узбакистон бад аст, инро чи тур мешавад беҳтар кард?

Дар барномаи навбатӣ ҷаноби олӣ (Эмомалӣ Раҳмон) хеле муфассал ибрози ақида карда буданд. Ва гуфтанд, ки мо бояд бо ҳамсояи наздики худ бародарона зиндагӣ кунем, дӯстии мо ривоҷ ёбад. Барномаи номзади мо иҷрои ин ниятҳои некро замонат медиҳад. Мо боварӣ дорем, ки дар ин муносибот мо бояд ҳамон сиёсати дарҳои боз бо ҳамаи кишварҳоро ба роҳ монем.

Албатта, дар гузашта ҳам давлати мо талошҳое барои беҳбуди равобит бо Узбакистон карда, вале аз он сӯ зоҳиран посухи мусбат нагирифтааст?

Фаромӯш накунед, ки ба ҳадаф расидан дар тамоми дунё кори одӣ нест, ҳатто дар муносибати ду шахс, ману шумо. Гуфтем, ки дӯстона муносибат мекунем, ба ин маъно, ки тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, то бо ҳамсояи наздикамон, ҳамсояе, ки бо мо робитаи хешутаборӣ, ҳамқавмӣ, дӯстӣ дорад, муносиботамонро дар сатҳи баланд нигаҳ дорем.

Хуб, агар онҳо посухи мусбат надиҳанд, чи кор мекунед?

Мусбат аз ҷониби мо бошад, мо барои худамон ҷавоб медиҳем.

Равобит бо Русия чи тур мешавад? Албатта, мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи низомӣ ахиран дар порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд...

Шумо нағз медонед, ки дар ҳама ҳолат Русия бо мо ҳамкори наздик аст. Албатта, давлатдорӣ бе камбудӣ намешавад, мо ҳам бояд тартиботу қоъидаҳоро дар дохили он кишвар риъоят кунем. Ман дар Утриш будам, гарчанде шуморо ба муҳоҷират қабул мекунад, аммо бояд се шартро иҷро кунед: якум забони инглисиро донед, дувум, фарҳангу таърихи ҳамон кишварро донед, ва севум, ҳуқуқеро, ки ба ҳар шахс таъаллуқ дорад. Имрӯз Русия ҳам ба ҳамин роҳ меравад, мегӯяд забонро дон.

Фарзандони мо бояд омӯзанд, ҷавонони мо кӯшиши забономӯзӣ намекунанд. Онҳо суннатҳои миллии худро доранд, барои мо осон аст, ки онро омӯзем, зеро дар ҳамон муҳит тарбият ёфтаем. Мардуми мо бояд омӯзанд, тартиботро риъоят кунанд.

Оё Русия наметавонад, ки барои мо гузашт кунад, чун ин ҷо пойгоҳ дорад, ки муҳлати ҳузураш ба таври ройгон тамдид шуд. Ба истилоҳ, шарики истротежики мост, оё барои мо ягон осонӣ ё тасҳилот фароҳам намекунад?

Шумо дуруст зикр кардед. Ҳамин понздаҳ рӯз дароз кардани муҳлати сабти атбоъи тоҷик ва се сол дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирон худ гузашт аст.

Аммо ин кам аст, масалан дар муқоиса бо Қирғизистон.

Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ахиран раиси ҷумҳурии Русия иброз дошт, ки бо ҳамаи кишварҳои муштаракулманофеъ низоми раводидро бекор мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки муносибатҳо бояд дар дигар сатҳ ба роҳ монда шавад, агарчи мухолифони мо таври дигар баҳо медиҳанд. Вақтҳои охир иттиҳодияи гумрукӣ рушд меёбад. Албатта, то танзими муносибот душвориҳо хоҳад буд, лекин, ман бовар дорам, ки муносибатҳо дар оянда беҳтару хубтар мешавад.

Сабаб чи буд, ки тасвиби мувофиқатномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар порлумони Тоҷикистон як сол ба дарозо кашид?

Ин вазифаи барномаи пеш аз интихоботии мо нест.

Ба ҳар ҳол, ин мавзӯъ ба шеваи раҳбарии номзади шумо рабт мегирад.

Ҳеч вақт фаромуш накунед, ки бунёд кардан дар як рӯз намешавад. Муносиботи байнидавлатӣ ҳам дар як рӯзу як ҳафтаю як моҳ ҳал намешавад. Фақат як мувофиқатномаи байни ду давлат баъзе вақтҳо як сол не, то панҷ сол ба расмият дароварда мешавад.

Бисёре аз мунтақидон мегӯянд ин мувофиқатнома дар остонаи интихобот тасвиб шуд, то номзади шумо ҳимояти Русияро ба даст оварад. Шумо чи назар доред?

Шумо фаромӯш накунед, ки мунтақидон вазифаашон танқид кардан аст.

Хуб, шумо ҳам вазифаатон посух гуфтан ба онҳост, на?

Посухаш ин аст, ки ин хатост. Муносибат буд, пештар ҳам гуфтугузораш мерафт. Албатта, агар рӯйдоде ба як рӯйдоди дигар ҳамзамон шавд, мардум онҳоро ба ҳам рабт медиҳанд. Лекин мо бе муносибат бо Русия, бе ҳамкорӣ бо Чин ва кишварҳои дуру наздик сиёсати дарҳои бозро наметавонем пеш барем. Ин сиёсати дарҳои боз аст, ки имрӯз дар дастурхони мо чи қадар фаровонӣ вуҷуд дорад.

Фикр намекунед, ки равобити хеле наздик бо Русия, аз ҷумла ин пойгоҳ, монеъ аз сармоягузории хусусии хориҷӣ мешавад? Чун бисёре аз сармоягузорон ҷое мераванд, ки давлаташ озоду мустақил ва мустаҳкам бошад, эминию амният бошад.

Эминӣ ҳам ҳаст, амният ҳам ҳаст. Бубинед, мо дар барномаи интихоботии номзадамон чи мегӯем. Мо хидмати низомии олтернотивиро ҷорӣ мекунем, дар асоси қарордод фарзандонамон хидмат мекунанд. Акнун кодри босалоҳият ҳам омода кардан лозим аст. Мо ҳам рӯ ба он меорем, ки хидматчии касбӣ дошта бошем, яъне барои амнияти миллиямон хидмат кунем. Лекин ин мувофиқатнома, ки мо бастем, беасос нест. Аввал рушд ёфтан лозим аст. Агар нерӯгоҳи “Норак”-ро ҳамон вақт намесохтем, магар мушкилоте имрӯз пайдо намешуд?

Image caption Оқои Раҳимов мегӯяд, ки сарфи назар аз мухолифати кишвари ҳамсояи Узбакистон, давлат ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" идома хоҳад дод

Ман фикр мекунам, ягон хел мамонеъат нест, кишварҳое ҳастанд, ки дар иқтисоди мо сармоягузорӣ мекунанд, масалан, Чин, худи Русия, Эрон ва ғайра. Барои кандани конҳо, бавижа конҳои нафту гоз, сохтани таъсисоти муҳим, дар солҳои охир мо чи қадар роҳҳоро бунёд кардем. Боз дар назар дорем, ки роҳҳои Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаи Хумро созем. Мехоҳем роҳҳои оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро созем, роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро созем.

Ин тарҳҳо кай анҷом мешаванд?

Тибқи барномаи мо, тарҳи Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон омода шудааст, мо худамон бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро шурӯъ кардем. Роҳи Қурғонтеппаро то Панҷи поён мерасонем, Туркманистон ҳам сохта истодааст.

Роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Қирғизистон кай сохта мешавад?

Тибқи барномаи номзад ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои ин тарҳ то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Баъзе аз тарҳҳо, ки хеле пештар мебоист анҷом шаванд, мисли нерӯгоҳи “Роғун”, чаро то имрӯз кашол меёбанд, сабабаш чист?

Шумо сабабашро медонед, мо дар давраи шӯравӣ ҳам нисбат ба “Роғун” эътимоди хоссае доштем. Лекин ҳамон мафкура, ки “мо бояд аз онҳо ҷудо набошем, дар доираи онҳо бошем”, имкон надод, ки хирадмандона ҳарф занем, ки ҳамин нерӯгоҳро сохтанамон лозим аст. Вақте ки воқеъаҳои нохуш сар зад, шояд он вақт аз мо суиистифода карданд, чунки мо аз сиёсат камтар дур будем, сиёсати марказро итоъат мекардем, дар натиҷа худамон дар мухолифат бо ин тарҳ ибрози ақида кардем. Лекин имрӯз роҳбари давлат бо дили пур мегӯяд, ки мо сохтмони “Рогун”-ро идома медиҳем. Бозрасии фаннию иқтисодияш баҳои мусбат гирифта истодааст. Тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” барои мо ҳаёту мамот аст.

Аммо ин тарҳ бо мухолифати шадиди бархе аз ҳамсояҳомон рӯбарӯст, на?

Дар ҷомеъа миён ду ҳамсоя ҳам мухолифат ҳаст. Агар аз хонаи шумо ба хонаи ман об нагузарад, байни ману шумо мухолифат мешавад. Оби шумо ба хонаи ман омада резад, ман мегӯям, ки барои чи оби шумо дар девори ман мерезад?

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар мавриди ин тарҳ ҳамаи кишварҳои минтақа бояд тавофуқ кунанд. Агар Узбакистон ба мухолифати худ идома диҳад, иҷрои ин тарҳ то кай метавонад ба таъвиқ уфтад?

Шумо медонед, ҳама чиз, ки асоснок шуд, барои сохтмонаш ҳам роҳ боз мешавад.

Яъне агар мухолиф ҳам бошад, сохта мешавад?

Мо боварӣ дорем, ки ҳамсояи наздики мо оҳиста-оҳиста ба мо назари нек хоҳад кард. Ва мо сохтмони онро минбаъд ҳам идома медиҳем.

Маблағ аз куҷо меёбед барои он?

Шумо медонед, ки ҳар сол аз будҷе ба қадри ҳол маблағ ҷудо мешавад. Ҳаҷми дақиқашро гуфтан душвор аст, вале зарра-зарра бунёд мешавад. Агар шумо маблағ дошта бошед, хонаро дар як сол месозед, ман, ки надорам, дар даҳ сол месозам. Лекин агар ба худ созему ба худ кунему аз ҳисоби худамон бошад, беҳтар аст.

Оё замонаш мушаххасан таъйин шуда ва дар ҳамин ҳафтсола анҷом мешавад?

Пешакӣ наметавонам бигӯям, вале боварӣ дорам, ки дар ҳафт сол корҳои зиёде анҷом мешавад. Шумо ҳам агар шаҳрванди Тоҷикистон бошед, ба ҳамин умед бандед.

Албатта, мо ҳам умедворем, аммо нигарон ҳам ҳастем, ки анҷом мешавад ё на.

Бо ризояти Худованд анҷом мешавад.

Қаблан дар бораи қавонини байналмилалӣ гуфтед. Агар ихтилофе дар қонунҳои мо бо қавонини байналмилалӣ бошад, қавонин ва қарордодҳои байналмилалӣ авлавият доранд. Дар дохил, Қонуни асосӣ бартар аз қавонини дигар аст.

Аммо як нукта дар мавриди қонуни интихобот ҳаст, ки муҳоҷирон наметавонанд имзо ҷамъ кунанд, зеро танҳо раисони шаҳру навоҳӣ баргаҳои имзоро таъйид мекунанд. Ин амр бо асли баробарӣ, ки ҳам дар Қонуни асосӣ ва ҳам дар мавозини байналмилалӣ зикр шудааст, мунофот дорад. Фикр мекунед, чаро Кумисиюни марказии интихобот ин аслро нодида гирифт?

Рости гап, маро барои суҳбат дар бораи барнома даъват кардед. Ин суолро бояд аз Шермуҳаммаи Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот, пурсед, чаро аз ман мепурсед? Муҳтарам Шоҳиён дар бораи ин масъала ибрози ақида карданд. Ман ҳақ надорам вазифаи ишонро иҷро кунам.

Аммо қонуни интихоботро аъзои ҳизби халқи демукрот, ки бештари аъзои порлумон аз онҳо иборат аст, тасвиб карданд, ҳизбе ки оқои Раҳмон номзадаш аст.

Дар ҷомеъа аъзои ҳизб шояд 200 ё 300 ҳазор бошанд, аммо халқ ҳашт милюн нафар аст. Шаҳрвандоне ҳам, ки аъзои ҳизбҳо нестанд, (дар таҳия ва тасвиби он) шояд ширкат дошта бошанд.

Охир, бештари аъзои порлумон, қонунгузорон, аъзои ҳизби шумо ҳастанд!

Ман шахсан намояндаи ҳизби халқи демукрот нестам. Ман беҳизбӣ ҳастам. Шумо дуруст фаҳмед, ки номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ метавонад аз миёни афроди беҳизбӣ ҳам шахсони мавриди эътимоде дошта бошад. Он чи Шумо дар мавриди бартарии қонун гуфтед, дар моддаи 10-и Қонуни асосӣ бисёр равшан гуфта шудааст, ки ҳамаи қонунҳо бояд бо санадҳои байналилалӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, созгор бошанд. Ҳамаи меъёрҳои дигар низ бо Қонуни асосӣ, ки халқ онро қобили қабул донистааст, бояд созгор бошанд.

Дар интихобот ҳамроҳ бо номзади шумо, ки тӯли 21 сол дар сари қудрат асту ҳамвора дар телевизиюн таблиғ мешавад, панҷ номзади дигар, ки мардум онҳоро зиёд намешиносанд, ширкат мекунанд. Номзади шумо тақрибан берақиб аст.

Як далелаш ҳам ин аст, ки замони таблиғот хеле кам аст. Дар 25 рӯз имкон надорад як шахсияти дигар дар ҷомеъа матраҳ шавад, ки тавонад рақобат кунаду мардум ба ӯ раъй диҳанд. Фикр намекунед ин интихобот мунсифона нахоҳад буд?

Ин ақидаи Шумост, ки гӯё онҳоро касе намешиносад. Масалан, Исмоил Талбаков понздаҳ сол боз узви порлумон аст, дувум бор номзад мешавад, ба ҳамаи мулоқотҳо бо мардум мераванд, чи тур мардум намешиносад? Мардум нашинохтанаш дигар асту раъй додан дигар. Муҳтарам Бобоев, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ, вазири нақлиёт ҳам буданд, агар мардум ба шахсиятҳои худаш эҳтиром надошта бошаду надонад, ин гуноҳи мо нест. Окодемисиян Бухориев ҳам шахси маъруф аст.

Ин муҳим нест, муҳим он аст, ки бисёре аз мардум дар рустоҳо телевизиюнҳои давлатиро мебинанд ва ин телвизиюнҳо шабу рӯз Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳанд. Ва мардумро ҳам мо зиёд мепурсем, ки номзадҳои дигареро ҷуз Эмомалӣ Раҳмон мешиносед, мегӯянд на.

Шумо фақат аз телевизиюн мегӯед, аммо ман бо мардум зиёд мулоқот мекунам, мебинам, ки онҳо аз тамоми васоил истифода мекунанд. Шумори корбарони интернет имрӯз ба се милюну 700 ҳазор расидааст. Мардум агар (номзадҳои дигарро) эътироф накунад, ин масъалаи дигар аст. Лекин ҳастанд касоне, ки матбӯъотро аз ману Шумо беҳтар медонанд. Фақат ба мардум наздикӣ кардан лозим, забон ёфтан лозим аст. Мо бояд хоксорона ба назди мардум равем, ин қарз аст, шахсият шудан ҳам кори одӣ нест, заҳмат кашидан лозим аст.

Фикр мекунед, чаро ин номзадҳо назди мардум намераванд?

Дар мулоқотҳо ҳастанд, ҳар рӯз мераванд, ҳар рӯз телевизиюну родию, расонаҳои дигарро нигоҳ мекунам, мебинам, ки бо мардум ҳарф мезананд, афроди мавриди эътимодашон ҳам. Лекин дар назди мардум самимӣ будан лозим аст. Шояд пеш аз номзад шудан ҳам рафтану дидану гуфтугӯ кардан, як пиёла чой хӯрдан лозим аст. Дарди мардумро шунидан ҳам санъат аст. Ин мушкили онҳост, мушкили мо нест. Раиси ҷумҳурро бинед, агар аз соли 2000 ба ин тарафро таҳлил кунед, пештар ҳам назди мардум мерафт, ҳоло ҳам ҳама ҷо меравад, ки мардум шиносад. Меравад, мулоқот мекунад, кӯдаконро дар канор мегирад.

Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки инҳо саҳнасозӣ асту касоне, ки суҳбат мекунанд, онҳоро аз пеш омода мекунанд, ки ба раисҷумҳур чӣ гӯянд.

Як чизро фаромӯш накунед, агар муҳаббат ба ватану ба миллат надошта бошӣ, ҳама гуна сохтакорӣ рӯйи об мебарояд. Бубинед, роҳбарони Русия ҳам ба вилоятҳои дурдаст, ба деҳаҳо мераванду бо мардум мулоқот мекунанд. Магар онҳо ҳам сохтакорӣ мекунанд? Не, имрӯз сиёсати бо мардум вохӯрдану мулоқот кардан бояд дар ботини ҳар шахси воломақом ҷо дошта бошад. Ба ин фахр кардан лозим аст. Боз ҳам такрор мекунам, ки агар муҳаббат ба ватану миллат надошта бошӣ, на демукрот, на кумунист, на сусиёлист ва на халқӣ ҳастӣ.

Хуб, дар заминаи фарҳанг номзади шумо чи барномаҳо доранд?

Мо иҷтимоъу фарҳангу маънавиятро аз ҳам ҷудо намекунем. Таваҷҷуҳи бештар ба илм, маъориф, тандурустӣ мешавад, музди кормандони маъориф дуним-се маротиба боло меравад. Аз маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ то 16 дарсадаш дар бахши иҷтимоъӣ сарф мешавад. Ба муъаллимон бояд имтиёзоти дигар дода шавад. Кумак ба бечорагон дар назар гирифта шудааст. Дар ҳафт соли гузашта 170 милюн сомонӣ ба шахсони камбизоъат кумак шуд, ки минбаъд меафзояд.

Яке аз хостаҳои фарҳангиёни тоҷик дар замони ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ин буд, ки Тоҷикистон ба хатти форсӣ гузарад, аммо ин хоста иҷро нашудааст. Чаро?

Барои рушду нумуи тамоми забонҳо мо шароит муҳайё кардем. Замони шуравӣ мо 70 сол забони русӣ омӯхтем, ҳоло ҳам баъземон наметавонем ба он озодона суҳбат кунем. Дар як рӯзу ду рӯз омӯхтани алифбои форсӣ..., мо албатта аз худ мекунем, лекин мутахассис шудан лозим аст. Оё медонед, ки мо дар истилоҳсозӣ ҳоло дар сатҳи солҳои 50 қарор дорем? Дар ин соҳа эҷодиёт нест, баъзе вақтҳо як калима офаридан наметавонему ба дигарон эрод мегирем.

Намешавад баосонӣ ҳамон истилоҳотро аз ҳамзабононамон бигирем?

Масалан, мо як калимаро ба кор мебарем: дароз кардан, зиёиёни мо “тамдид” мегӯянд, арабиро ба кор мегиранд. Мо мегӯем боркашонӣ, зиёиёни мо, ки дар Афғонистон кор карданд, “ҳамлу нақл” мегӯянд. Аз ин мисолҳо, ки овардам, кадомаш фаҳмотар аст? Мо бояд аз ҳисси бегонапарастӣ даст кашем.

Ба ҳар ҳол, калимоти арабӣ беш аз ҳазор сол аст, ки дар забони мо ҳаст. Дар забонҳои русию инглисӣ ҳам калимоти фаровони лотинӣ ҳаст. Чаро бояд аз онҳо даст кашид?

Ин масъала маро солҳои дароз ташвиш медиҳад. Ман беш аз 20 сол боз фикр мекунам, ки чи бояд кард. Ман намегӯям, ки нест, лекин ончи аз худамон аст, ҳамонро бояд рушд дод. Дар давлатдорию ҳуқуқ ҳамин хел қоъида аст, ки месозанд калимаро. Шояд пурра ба моҳият ҷавоб надиҳад, лекин ҳамчун мероси худ қабул мекунанд ва дигаронро ҳам ташвиқ мекунанд, ки биёмӯз.

Чанд сол пеш баъзе истилоҳоти ҳуқуқӣ, мисли додситонию додгоҳ дар Тоҷикистон роиҷ шуда буд, аммо чаро дубора ба русӣ иваз карда шуданд?

Ман сари яке аз луғатҳо дувуним сол боз кор мекунам, барои ба вуҷуд овардани истилоҳоти ҳуқуқӣ. Дар назарам аввал одӣ буд, тамоми луғатномаҳои тоҷикиро аз худ кардам, форсизабонону даризабонҳоро ҳам омӯхтам. Ҳар рӯз ки як калима меёбам, дучори мушкили дигар мешавам. Набояд кӯркӯрона қабул кунем. Соли 2014 ман ҳамин корро ба анҷом мерасонам. Мо бояд аз худ кунем, ба мардум як бор пешниҳод кунем, ба мақомоти зидахл, ба кумитаи истилоҳот ва забон, онҳо хонанду машварат диҳанд, баъд бигӯем, ки додгоҳ ё на.

Хуб, дар мавриди хат чи?

Дар мавриди хат гуфтам, ки мо барои омӯзиши тамоми забонҳо бояд шароит фароҳам биёрем.

На, манзурам забон нест, хат аст, хатти форсӣ, ки хатти худамон аст.

Агар аз худ карда натавонем, ваъда дода наметавонем, ки мегузарем. Ин метавонад, ки барои садсолаҳо боз ба бесаводӣ биёрад.

Лоақал барномаи мушаххасе барои як муддати даҳсола, понздаҳсола ё бистсола надоред?

Шумо медонед, ки забони форсиро дар ҳамаи мактабҳо мехонанд, дар донишгоҳҳо мехонанд. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки зарурат нест. Мо бояд барои ҳар чиз замина фароҳам кунем. Баъди даҳ сол, бист сол, сӣ сол... Ман наметавонам пешгӯӣ кунам, халқ худаш бояд баъди омӯзиш баҳо диҳад.

Хуб, барои замина фароҳам кардан ҳеч барномае дорад номзади шумо?

Гуфтам, ки мо барои ҳамаи забонҳо шароит муҳайё мекунем.

Манзурам хат аст, на забон.

Мо шароит муҳайё мекунем, лекин минбаъд инкишофи ҷомеъа худаш нишон медиҳад, ки мардуми мо ҳаминро қобили қабул медонад ё на.

Ҳеч ҳарфи дигаре ҳам доред, ки бигӯед?

Ман бисёр мехостам, ки дар бораи барномаи номзадамон бештар баҳс кунем. Дар он чизҳои бисёре ҳаст, бархе мегӯянд, ки чаро ин корро намекунанду онро намекунанд. Мо дар бораи шароити арзандаи зиндагӣ ибрози ақида кардем. Масъалаи дигар инкишофи озодонаи шахс аст. Тамоми дунё ба ҳамин муҳтоҷ аст, мо бояд барои ин шароит ба вуҷуд биёрем. Дар сатҳи давлатдорӣ ҳам кор мекунем. Як мисол меорам, мо ҳақорату туҳматро аз қонуни ҷиноӣ бардоштем, барои ин ки мардумамон озодона ибрози ақида кунад. Ҳатто Русия ин корро накардааст.

Дар барномаи номзадамон мегӯем, ки ҷиноятҳои сабук ва начандон вазнин ба ҷарима иваз карда мешавад. Оё ин додани озодии сухан, озодии матбӯъот, гуногунандешӣ нест? Зарурат ба сохтани ҳасбхона нест, ба мардум бояд озодӣ дод. Мо дар барнома мегӯем, ки бо ҳама гуна шиканҷа, одамрубоии кӯдакону занон мубориза мекунем, роҳ намедиҳем, муҷозоташро ҳам зиёд мекунем.

Бо роҳи ҳамапурсӣ ҳукми қатлро бо хоҳиши мардум аз миён мебарем. Ҳадаф инкишофи озодонаи шахс аст. Ин кор бо мафкураи ғуломӣ намешавад, шахс бояд ботинан барои ин омода бошад, ҷасорати ботинӣ ҳам лозим аст. Як биноро осон месозӣ, аммо инкишофи озодонаи шахс бузургтарин масъала барои ҳамаи давлатҳост. Ман боварӣ дорам, ки кунсепсиюни ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон ҳамин моҳ қабул мешавад. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон соли 2014 дар таҳрири нав тасвиб мешавад, ки ҳамаи ин барои расидан ба ин аҳдоф мусоъидат мекунад.

Ташаккур барои суҳбат.

Матолиби муртабит