Назарот: "Номзадҳои интихобот киҳоянд ва чи барномаҳое доранд?"

Ба баргузории раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 7-рӯз боқӣ монда ва аммо аксари сокинони шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, ки бо онҳо суҳбат анҷом гирифтааст, гуфтаанд, ки то ҳол ҳамаи номзадҳои ин интихоботро намедонанд ва бо барномаҳои онҳо ошно нестанд.
Иддае дигаре дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки раъйи худро ба он номзаде, ки онҳо дар даҳсолаи ахир ӯро мешиносанд, яъне раиси феълии Тоҷикистон хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки мулоқотҳои таблиғоти шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо сокинони шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Сарбанд ва навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолидини Румии вилояти Хатлон доир шудааст. Вале чунин ба назар мерасад, ки дар ин мулоқотҳои дастаҷамъона, номзадҳо натавонистанд, барномаҳои худро ба сокинони бештари ин вилоят муъаррифӣ кунанд.
Аммо бархе аз ҳамсуҳбатони дигар мегӯянд, ки ба раъйдиҳӣ хоҳанд рафт. Вале то ҳол номзади мавриди назарро интихоб намкардаанд.
Санам Темурова, фурӯшандае аз шаҳри Қурғонтеппа
“Ҳама аз корҳои Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунанд, вале аз нафари дигаре ёдовар намешаванд. Аз субҳ то шом дар ин мағоза бо фурӯши мавод машғулам. Ростӣ дар бораи интихобот худам фикр накардам ва телевизиюнро ҳам тамошо намекунам. Вақт надорам. Мардум аз корнамоии Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунанд, ҳайрон мешавам, ки охир дар интихобот бояд чанд нафар бошад. Интихобот бе дигар номзадҳо интихобот нест. Ман дар шӯравӣ аъзои ҳизби кумунист будам дар ин бора хуб медонам. Он замон як кас номзад буд ва ҳама барои як кас раъй медоданд. ”
Ҳамдулло Қурбонов, сокини Қурғонтеппа, ронандаи токсӣ
“Ҳамин мусофирон зиёд дар бораи интихобот суҳбат мекунанд, вале ман танҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Бобоҷон Одиловро аз миёни онҳо мешиносам. Ҳа як зан дигареро, ки номаш дар ёдам намеояд, медонам, ки дар интихобот ширкат мекунад.”
Сангимурод, ҷавони аробакаш
“ Ман монда (хаста) мешавам ва телевизионро тамошо намекунам, ки бо номзадҳо шинос шавам. Кори ман душвор аст хона рафта мехобам пас аз куҷо маълумот (иттилоъ) дар бораи интихоботро бигирам. Барои ман фарқ надорад, ки президент мешавад. Касе бошад ватанамон тиҷ (ором) ва мардумаш сарбаланд бошанд.”
Нозигули Ҳикматзод, овозхон аз шаҳри Қурғонтеппа
“Дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шунидаам, вале номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро намешиносам. Номзад ҳар касе, ки бошад бояд ватанашро дӯст дорад ва дар сурати пирӯз шудан барои миллати худаш кор кунад ва зиндагии мардуми камбизоъатро беҳбуд бахшад. Вақте, ки ба раъйдиҳӣ меравам маҷбурам он ҷо бо номзадҳо шинос шавам ва аз миёни онҳо як касро интихоб карда ба вай раъй диҳам.”
Миралӣ Содиқов, як овозхони хиёбонӣ
“Чандин соли ахир бе макони зист ҳастам ва аз ин рӯ дар феҳристи раъйдиҳандагон номнавис намешаваму дар интихобот раъй намедиҳам. Ман ба ҳавзаи интихоботӣ барои ба раъйдиҳӣ намеравам чун хона надорам ва макони зистам номаълум аст. Барои ман интихобот аслан аҳамият надорад, чун касе ба мушкили мо мардуми бехона намерасад.”
Сайдмурод, номи мустаъори ҷавоне аз ноҳияи Бохтар
“Ман нав аз муҳоҷират аз Русия омадаам ва дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зиёд мешунавам, вале барномаҳои номзадҳоро намедонам ва онҳоро аз наздик надидаам. Мо ҳамчун интихобкунанда бояд бо барномаҳои ҳамаи номзадҳо шинос шавем. Як ҳафтаи дигар мондааст то интихобот, ки дар телевизион танҳо сафарои кории номзади рақами як ва президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода мешавад. Шояд вай номзадҳо низ шахсони арзанда бошад, вале имкон надоранд, ки бо раъйдиҳандагонашон мулоқотҳои зиёде кунанд ва ё дар телевизюнҳо онҳоро ҳам ба андозаи Президент Раҳмон нишон диҳанд.”
Дилбар Зарипова, зани гадо
“Ман дар рӯ ба рӯйи ҳавзаи интихоботии Қурғонтеппа шумораи 44 менишинам, чуники дар ин ҷо рафту омади мардум бештар аст ва пул ҳам зиёдтар ҷамъ мекунам. Ман ба интихобот намеравам. Ман бесаводам агар дониш медоштам, ҳамин ҷо омада аз роҳгузарон пул гадоӣ мекардам? Барои ҳамин бедонишиям ба интихобот намеравам ва дар бораи он чизе намедонам.”
Зулола, номи мустаъори як зани руспӣ
“Ман дар умри сарам боре ҳам дар раъйдиҳӣ ширкат накардаам. Дар интихобот ба хонаамон варақчаҳо меоранд, ҳамаи онҳоро падарам ҷамъ мекунад ва бурда аз номи ҳамаи хонпавода раъй медиҳад. Ман мактабро нахондам ва саводи кофӣ барои дарки сиёсат надорам.
Аз сӯйи дигар сарнавишти он идда аз заноне, ки дар шаҳри Қурғонтеппа ба унвони занони танфурӯш дар миёни мардум шинохта мешаванд, аз сӯйи мақомот нодида гирифта мешаванд ва дар ҷомеъа низ касе ба мо кор надорад. Мо ҳам ба дигаро ва ба сиёсат кор надорем."
Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Қурғонтеппа дар канори шиъорҳое, ки дар онҳо аз баргузории интихоботи шаффоф ва демукротӣ дар Тоҷикистон садо медиҳад, аксҳои бузурге аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ ва номзади Ҳизби халқи демукротик, ҳизби ҳокими Тоҷикистон овехта шудаанд.
Ҳамчунин аксҳое аз Раҳмон дар деворҳои муассисоти давлатӣ ва ҳатто манозили маскунии бархе аз мақомоти маҳаллӣ ва худравҳои онҳо низ ба мушоҳида мерасанд.
Аммо аксҳои панҷ номзади дигари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки ҳоло машғули муборизоти интихоботӣ ҳастанд дар хиёбонҳо дида намешавад. Аксҳои кучаки онҳо танҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ гузошта шуда ва он ҳам на дар ҳама ҷо ба чашм намехӯрад.
