Мулоқотҳои дастаҷамъонаи шаш номзади интихоботӣ дар вилояти Хатлон

  • 29 Октябр, 2013
Саъодат Амиршоева
Image caption Хонуми Амиршоева гуфт, ки аксари интихобкунандагон дар Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз оқои Раҳмон раъй хоҳанд дод

Як вакили порлумони Тоҷикистон баъд аз анҷоми мулоқоти номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум, гуфтаст, ки аксари сокинон дар ин кишвар аз имрӯз медонад, ки ба ҷонибдории кадоме аз номзадҳо раъй худро ба сандуқҳо хоҳанд рехт.

Мулоқоти таблиғоти шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, ба иттифоқи ҳамаи шаш номзади сабтшуда барои ширкат дар интихобот, рӯзи душанбеи 28 октябр дар муҷтамаъи "Ватан"дар шаҳри Қурғонтеппа, яке аз толорҳои бузурги баргузории ҷаласаҳо дар ин шаҳр доир шуд.

Саъодат Амиршоева, намояндаи порлумони Тоҷикистон ки низ дар ин маросим ширкат дошт, гуфт, ки бештари сокинон дар сартосари Тоҷикистон ба пойи сандуқҳои раъй барои интихоби раиси ҷумҳуриии феълии ин кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд рафт.

Хонум Амиршоева, ки ба суханрониҳо дар маросими таблиғоти номзадҳо гӯш медод, баъд аз ба охир расидани ин маҳфил бо ҷонибдорӣ аз номзадии Раҳмон дар интихобот гуфт: "Мову шумо шоҳид будем, ки мардум дар толор ҳатто ба номзадҳо суол намедоданд ва дар қиболи ҳамаи онҳо бетаваҷҷуҳ буданд, зеро онҳо медонад ба кӣ раъй бидиҳанд."

Саъодат Амиршоева, вакили порлумон аз ҳавзаи интихоботии 26-шаҳри Қурғонтеппа ва танҳо хонумест, ки рутбаи женеролӣ дар Тоҷикистонро доро будааст ва гуфта мешавад, ки аз миёни хонумҳои порлумонӣ бештар ҳарфҳои ӯ дар ҷалассоти ин ниҳод садо медиҳад.

Image caption Мулоқоти муштараки номзадҳо бо интихобкунандагон дар шаҳри Сарбанд ва навоҳии дигари вилояти Хатлон доир шуд

Ин дар ҳолест, ки Қамариддин Афзалӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ин иқдоми як вакили порлумон интиқод кард.

Вай мегӯяд :"Вақте, ки як намояндаи парлумон аз ҳоло сарбаландона мегӯяд, ки мардум интихоби худашро кардааст, пас ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва баргузории мулоқотҳои панҷ номзади дигар бо мардум зарурате вуҷуд надорад."

Оқои Афзалӣ гуфт, ки дар вилояти Хатлон рақобати номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камранг буда ва ӯ афзуд, ки номзади мавриди назаре надорад то барои додани раъй ба вай дар рӯзи раъйдиҳӣ пояи сандуқҳо биравад.

Мулоқоти муштарак ё ба истилоҳ дастаҷамъонаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон, дирӯз ба ҷуз аз маркази вилояти Хатлон, ҳамчунин дар шаҳри Сарбанд, навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ доир шуд.

Дар ин мулоқотҳо, панҷ номзади интихобот ҳузурӣ, баҷуз Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои пеш аз интихоботии худро ба мардуми ҷамъомада муъаррифӣ карданд.

Аммо замоне, ки Ашурбек Солиев, шахси маътамади Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷо баланд шуд ва хост барномаи оқои Раҳмонро муъаррифӣ кунад, ширкаткунандагон аз ҷойҳои худ боло шуда ва беш аз як дақиқа ба ифтихори вай кафкубӣ карданд.

Ширкаткунандагони мулоқот ҳамчунин аз Исмоъил Талбаков, номзад аз Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва барномаи ӯ истиқболи гарм кардаанд. Аммо чаҳор нафар аз номзадҳои дигар барномаҳои худро дар фазои ором пешкаш карданд ва ҷаъомадагон аз онҳо чандон истиқболи гарм накарданд.

Аз сӯйи дигар бархе аз сокинон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки ин интихоб дар зиндагии иҷтимоъии онҳо таъсиргузор набуда ва онҳо афзуданд, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ аз рафтан ба ҳавзаҳои интихоботӣ худдорӣ мекунанд.

Image caption Оқои Афзалӣ гуфт, ки дар миёни номзадҳои феълӣ ягон шахси арзанда барои раҳбарии кишварро надидааст

Аммо бисёре аз аз онҳое, ки дар толор барои шунидани барномаҳои номзадҳо ширкат доштанд, дар суҳбатҳо миёни ҳам мегуфтанд, ки дар ин интихобот дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, рақиби қавӣ дар интихоботро намебинанд ва онҳо ҳадс мезаданд, ки оқои Раҳмон ин бор низ дар интихобот пирӯз хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии гузашта дар Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2006 низ бидуни рақибони ҷиддӣ ширкат карда ва ба осонӣ пирӯзи интихобот эълом шудааст.

Вай дар 21-соли гузашта дар Тоҷикистон зимоми умурро дар даст дорад ва коршиносони сиёсӣ бо ёдоварӣ аз интихоботи соли 1994 мегӯянд, ки танҳо рақиби пурқувати раиси ҷумҳурии феълӣ Абдумалик Абдуллоҷонов будааст, ки ҳоло дар ғурбат ба сар мебарад ва дар мухолифат ба вай қарор доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи 6 ноябр боз барои ҳафт соли дигар, яъне то соли 2020 қудрат дар Тоҷикистонро дар даст хоҳад дошт.

Матолиби муртабит