Хатлон: Эҳтимоли маҳдудият дар ширкати беморони сил дар интихобот

Аксари беморони сил дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки номзадҳо барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро намешосанд ва бо барномаҳои онҳо ошно нестанд.
Аммо ин афрод орзу доранд, ки пирӯзи эҳтимолии интихобот ба вазъи зиндагии иҷтимоъии беморони сил беҳбуд бахшад.
Ҷамолиддин Қурбонов, як ҷавони 31-сола, ки дар бемористон бистарӣ аст, мехоҳад бо барномаҳои интихоботии ҳамаи номзадҳо аз тариқи телевизиюн ошно шавад ва бибинад, ки онҳо чи ваъдаҳое ба раъйдиҳандагон хоҳанд дод.
Интизорот ё орзуи беморон аз интихобот
Оқои Қурбонов мегӯяд, ки то ҳол ӯ номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро намешиносад ва аз ин рӯ, дар рӯзи раъйдиҳӣ интихоби афроди ношинос барои вай мушкил хоҳад буд.
Ӯ афзуд: "Се моҳ аст, ки дар бемористон бистарӣ ҳастам, ба кӣ раъй диҳам, намедонам. Ҳатто намедонам, ки кадоме аз номзадҳо ба раъйдиҳандагони худ чи ваъдаҳое додааст ва дар сурати раҳбар интихоб шуданаш чӣ коре анҷом медиҳад."
Шаҳло Абдуллоева низ муддатест, ки дар бемористон бистарист. Ӯ низ мегӯяд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ба ҷонибдорӣ аз кадом номзад раъй бидиҳад.
Дар бемористони силли вилояти Хатлон беморон ба нашрияҳо дастрасӣ надоштаанд.
Аксари беморони бистарӣ дар ин муассисаи беҳдоштӣ мегӯянд, ки раҳбари ояндаи Тоҷикистон бояд барои мардум зиндагии шоистаеро фароҳам кунад.
Онҳое, ки бо Би-би-сӣ суҳбат карданд, мегуфтанд, ки интизор доранд раиси ҷумҳурии оянда ҳуқуқи моҳонаи кормандони арсаҳои иҷтимоъиро афзоиш бидиҳад.
Иддае аз онҳо хостори онанд, ки раҳбари оянда корхонаҳои санъатӣ, бавижа дар минтақаҳои дурафтодаро, фаъъол кунад ва мизони тавлидоти дохилиро, ки ба коҳиши қимати маводди ғизоӣ ва колоҳо дар бозор мусоъидат мекунад, афзоиш диҳад.
Саъодат Барфакова духтаре 23-сола аз ноҳияи Вахш аст, ки як сол боз ҳамроҳ бо пизишкон бо бемории сил мубориза мекунад.
Вай мегӯяд: "Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд мубориза бо бемории силро дар меҳвари барномаҳои интихоботи худ қарор диҳанд. Ин бемории мо бемории иҷтимоъӣ аст ва ба чигунагии сатҳи зиндагии мо бастагӣ дорад. Агар дар дастархони мо хӯроки (маводди ғизоии) хуб бошад ва дар зимистон хонаҳоямон гарм бошанд, он гоҳ касе ба бемории сил гирифтор намешавад."
Камбизоъатӣ ва бемории сил
Бар асоси гузоришҳои расмӣ, бештари мубталоён ба бемории сил аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, ҳастанд. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки дар бархе аз рустоҳои ин ноҳия беш аз 50 дарсади сокинон гирифтори бемории сил ҳастанд.
Давлатмоҳ Салимова, зане 50-сола аз ноҳияи Восеъ, дар суҳбате телефунӣ гуфт, чаҳор сол аст, ки вай ва шавҳараш ба ин беморӣ мубтало ҳастанд. Вале шароити молии хонавода ба онҳо имкон намедиҳад, ки ғизои муқаввӣ харидорӣ ва масраф кунанд.
Хонуми Салимова мегӯяд: "Пизишкон ба мо мегӯянд, ки дар баробари хӯрдани доруҳои зидди бемории сил хӯроки қавӣ хӯрем, вале мо имкони харидории гӯшту маска ва дигар хӯроки серғизоро надорем. Зиндагии мо дар деҳот бо каду ва нон мегузарад ва гоҳо макарон мехарем. Мехоҳем ҳамин одамоне, ки президент шуданӣ ҳастанд, нафақаи моро зиёд кунанд, зиндагии мардуми деҳа хубтар шавад."
Аз сӯйи дигар, пизишкони бемористони сил дар вилояти Хатлон ба он ишора мекунанд, ки афроди мубтало ба ин беморӣ ба масрафи ғизои муқаввӣ ниёзи мубраме доранд.
Аммо бархе аз ин пизишкон бо ишора ба таҷрубаи худ дар ҷараёни тадовии беморон мегӯянд, ки камбизоъатӣ ба бисёре аз беморон имкони мудовои комили ин бемориро намедиҳад ва мунҷар ба маргу мири онҳо мешавад.
Файзиддин Сафаров, як пизишки бемористони сил дар шаҳри Қурғонтеппа, мегӯяд, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани шумори беморони сил дар ҷануби Тоҷикистон ваъзи бади иҷтимоъии мардуми рустоҳои дурдасти ин вилоят аст.
Як пизишкони собиқадор ҳам, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки бештари гирифторони бемории сил дар ин вилоят аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд. Вай афзуд, ки дар тӯли фаъъолияташ надидааст, ки дар миёни беморони сил фарде аз хонаводаҳои мансабдор ва сарватманд бошад.
Мушкили раъйдиҳии беморон
Ҳарчанд беморони бистарӣ дар бемористони силли вилоят аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ интизор доранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд, вале ба назар мерасад, ки худи онҳо дар рӯзи интихобот наметавонанд ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.
Эмомалӣ Фозилов, ҷавоне 19-сола дар вилояти Хатлон, то кунун боре ҳам ба пойи сандуқи раъй нарафтааст. Вай мегӯяд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи оянда низ ширкат нахоҳад кард. Ин ҷавон тайи чаҳор моҳи ахир дар бемористони силли шаҳри Қурғонтеппа бистарист ва алайҳи ин беморӣ мубориза мекунад.
Пизишкон мегӯянд ҳар беморе, ки таҳти муроқибати онҳо қарор дорад, ҳомили боктерии сил аст ва аз ин рӯ, ҳузури онҳо дар амокини умумӣ, аз ҷумла дар марокизи раъйгирӣ дар рӯзи интихобот, ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти он ба афроди сиҳат маҳдуд мешавад.
Аммо бо вуҷуди беморӣ, оқои Фозилов мегӯяд, ки нисбат ба вазъи сиёсии кишвар бетараф нест. Вай мехоҳад, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад ва барои яке аз номзадҳо раъй бидиҳад.
Вай дар ин бора мегӯяд: "Мехоҳам дар интихобот ба тарафдорӣ аз номзади арзандаи раёсати ҷумҳурӣ раъй диҳам, вале метарсам, ки бемориям бо роҳи нафас ва ҳаво ба дигарон сироят накунад. Аз ин рӯ, наметавонам ба маркази раъйгирӣ равам."
Ҳоло дар бемористони сил, ки Эмомалӣ он ҷо бистарист, шаш нафари дигар аз беморон мудово мешаванд. Онҳо низ ҳозир нестанд, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.
Лутфия Ноибова, як пизишки ин бемористон, мегӯяд: "Дар ҳоле ки мо пизишкон иҷоза намедиҳем, ки беморон ҳатто бо наздиконашон мулоқот кунанд, пас чи тавр инҳо ба марокизи раъйдиҳӣ мераванд?"
Аммо Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), мегӯяд дар бемористоне, ки беш аз 20 нафар дар он бистарӣ ҳстанд, бояд маркази раъйгирӣ таъсис шавад.
Оқои Додоев мегӯяд: "Мувофиқи қонуни интихобот, дар бемористоне, ки беморонаш аз 20 нафар кам мебошад, марказҳои раъйгирӣ ташкил карда намешавад ва беморон раъйи худро бояд дар сандуқҳои сайёр бирезанд."
Суҳроб Камолов, раиси бемористони силли вилояти Хатлон, мегӯяд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 2200 нафар аз мубталоён ба бемории сил сабт шудаанд.
Бахши тандурустиии вилояти Хатлон дар мавриди ҳузури беморони сил дар марокизи раъйгирӣ хабаре надод, аммо гуфт, ки дар ин вилоят 22 бемористон барои мудовои бемории сил фаъъолият дорад, ки дар он ҷойҳо беморони сил бистарӣ ҳастанд.
Ҳамаи ин беморон умедворанд, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй бираванд ва ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назари худ раъй бидиҳанд.
Тавре ки худи онҳо мегӯянд, мушкилоти иҷтимоъӣ ва камбизоъативу нодорӣ буд, ки онҳоро ба бистари беморӣ расонд. Ва ин афрод бештар аз дигарон ба таҳаввулоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ниёз доранд.
