Додгоҳ ду ҷарроҳ дар Вахшро дар роҳ додан ба иштибоҳ муҷрим шинохт

Додгоҳи ноҳияи Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикиcтон ду пизишки ҷарроҳро дар роҳ додан ба иштибоҳи ҳирфаӣ муҷрим шинохта ва онҳоро ба анҷоми корҳои ислоҳӣ дар соъоти берун аз кор маҳкум кард.
Қозии парванда рӯзи ҷумъаи 14 июн, Раҳима Азизова, ҷарроҳи бемористони марказии ноҳияи Вахшро ба 220 соъат ва Маҳмадшариф Салимов, ҷарроҳи дигари ин бемористонро барои иҷрои корҳои ислоҳии ба 200 соъат кори ислоҳӣ маҳкум кард.
Додгоҳ муҳокимаи Зарина Салимова, парастори бемористони марказиии Вахшро, яке дигар аз мазнунони парвандаи мазкурро ба далелинабуданаш дар Тоҷикистон ба таъвиқ гузошт.
Таҳқиқи ин парвандаи алайҳи се корманди бемористони марказии ноҳияи Вахш бар асоси шикояти Рухшона Икромова, як сокини шаҳри Қурғонтеппа боз шуда буд, ки дар натиҷаи бедиққат будан дар ҷараёни ҷарроҳии зоймони рустамона, ҷарроҳон дар дохили шиками ӯ порчаеро ҷо гузошта буданд.
Ин хонум баъд аз шаш моҳ, замоне, ки порчаи фаромушшуда дар дохили вай варамишро ба вуҷуд оварда ва вазъи саломаташро вахим кардааст, аз ин иштибоҳи касбии ҷарроҳон бохабар шуд.
Пизишкон дар шаҳри Душанбе ӯро дубора ҷарроҳи карда ва порчаро аз дохилаш берун оварадаанд.
Хонуми Икромова ҳукми имрӯзии додгоҳ алайҳи пизишконро кам ва ғайримунсифона хонд ва гуфт, ки ба додгоҳи истинофӣ аз ин ҳукм шикоят мебарад.
Ӯ гуфт, ки интизор дошт додгоҳ ин ҷарроҳонро аз ҳаққи пизишкӣ маҳрум карда ва аз онҳо ғаромат меситонад. Хонуми Икромова дар шикояташ аз пизишкон 200 ҳазор сомонӣ ғаромат тақозо дошт.
Мирзомиддин Икромов, падари Рухшона низ гуфт: “Шаш моҳ духтари ман азоб кашид ва кӯдаке, ки аз батнаш гирифтанд бе шири модар монд ва мо дар баробари зарари моллӣ зарари равонӣ дидем.”
Бурҳонхоҷа Ятимов, козии ин додгоҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки додгоҳ камбуди мутахассисиони арсаи беҳдошт ва хонум будани Раҳима Азизоваро ба инобат гирифта ва аз ин рӯ ҷазои онҳоро танҳо корҳои ислоҳӣ дар берун аз соъоти корӣ муқаррар кард.
Пизишкони маҳкумшуда дар ҷаласаи додгоҳ иштибоҳи худро эътироф карда ва гуфтаанд, ки аз ин кор пушаймон ҳастанд.
Ҳодисаи мазкур дар соли 2011 рух дода ва сабаби тӯл кашидани таҳқиқи парванда дер ба муҳокимаи додгоҳ расид.
Юсуфҷон Юсуфзода, додситони ноҳияи Вахш низ дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ аз бесалоҳиятии кормандони бахши тандурустии ноҳияи Вахш изҳори нагронӣ кард. Ӯ гуфт интизор дошт, ки додгоҳ пизишкони муҷримро тибқи қонуни кайфарӣ барои ду сол аз озодӣ маҳрум мекард ва ё маблағи зиёдеро аз онҳо ба унвони ғаромат меситонд.
