Қатли масъули як ширкати кишоварзӣ дар Қубодиён

  • 4 Апрел, 2013

Вазорати умури дохила аз қатли масъули як ширкати кишоварзӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони дар ҷанбуи Тоҷикистон хабар додааст.

Ин вазорат, рӯзи панҷшанбеи 4 арпел иттилоъ дод, ки ҳодисаи қатли Абдуназар Эрманови 54 сола, масъули (бригадир) ширкати кишоварзии “Зафар"-и ин ноҳия дар рӯзи 2-уми апрел рух додааст.

Пулис ҷасади Эрманов дар манзили маскуниаш дар рустои Демитрови ноҳияи Қубодиён бо нишонаҳои марги иҷборӣ пайдо ва гурӯҳи вижае барои таҳқиқоти ин ҳодиса ташкил карданд.

Бо дарёфти иттилоъоте дар натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотӣ кормандони пулис як сокини рустои Демитровро ба занни даст доштан дар қатли Абдуназар Эрманов боздошт карданд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳодисаи қатл ва 4 ҳодисаи сӯйиқасд ба қатл рух додааст. Дар ду мавриди иртикоби ин ҷароим ду зан, яке барои қатли ҳамсар ва дигаре барои қатли дӯстписараш муттаҳам шудаанд.