Марде солманд дар Қубодиён барои таъсиси фоҳишахона зиндон рафт
Додгоҳи ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар 200-килуметрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон як марди солмандро дар бунёди фоҳишахона дар манзилаш муҷрим донист ва ӯро барои се сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ин нахустин бор нест, ки Зариф Махсумови 70 сола, сокини ҷамоъати Носири Хусрави ин ноҳияи тибқи моддаи 239-и қонуни кайфарии Тоҷикстон, яъне таъсиси фоҳишахона ва миёнҷигарӣ миёни харидорон ва фароҳамкунандагони хизмати ҷинсӣ муҷрим дониста мешавад.
Вай дар гузашта ду бор аз сӯйи кормандони интизомӣ дар даст доштан дар ин ҷурм муттаҳам ва боздошт шудааст.
Абдураҳим Абдуназаров, қозии додгоҳ гуфт, ки дар гузашта Зариф Махсумов борҳо барои иртикоби ин ҷурм маҳкум ба зиндон шуда ва пас аз муддате афв шудааст. Аз ин рӯ қозии парванда ин бор Зариф Махсумовро ба зиндони низомаш сангин фирситодааст.
