Волидони як духтар ба эҷоди маҳдудият дар таҳсили фарзанд муттаҳам шуданд

Додситони шаҳри Қурғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи волидайни як донишомӯзи мактаби ҳамагониро ба поён расонда ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Додстонӣ таҳқиқоти парвандаи волидони Гулнора Носирова, донишомӯзи мактаби шумораи 15-и шаҳри Қурғонтеппаро тибқи моддаи 164-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми эҷоди маҳдудият дар таҳсили умумии нуҳсола, анҷом додааст.
Баҳриддин Бозоров, додситони шаҳри Қурғонтеппа дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз авоили соли ҷорӣ падару модари се донишомӯзи макотиби шаҳри Қурғонтеппа тибқи ин модда муттаҳам дониста шуда ва парвандаҳои онҳо ба додгоҳҳои ин шаҳр барои баррасӣ ирсол шудаанд.
Оқои Бозоров гуфт, ки онҳо дар як нома унвонии идораи маъорифи шаҳри Қурғонтеппа гуфтаанд, ки дар мавриди ҷалби духтарон барои омӯзиш таваҷҷуҳи лозима ба харҷ диҳанд ва нагузоранд, ки волидон барои таҳсили ҳатмии нуҳсолаи фарзандонашон мавонеъ эҷод кунанд.
Вай мегӯяд: "Тибқи моддаи 42 қонуни маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил то клоси нуҳ ҳатмӣ мебошад, аммо дида мешавад, ки баъзе волидон барои таҳсили фарзандонашон мушкил эҷод мекунанд."
Дар сурате, ки додгоҳҳо ин волидонро муҷрим шиносанд аз онҳо бар асоси оғоз моддаи 164-и қонуни кайфарӣ пардохти беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ин қонун дар сурати сангин будани ин ҷурм маҳкумият аз озодӣ ба муддати ду солро низ дар назар гирифтааст.
Аммо додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа то ҳануз баррасии ин парвандаҳоро оғоз накардааст.
Дар ҳамин ҳол иддае аз падару модарони ин ин донишомӯзон далели канор гирифтани фарзандони худ аз таҳсили ҳатмии нуҳсоларо мушкили камбизоъатӣ ва бемориҳо арзёбӣ мекунанд.
Гулғунча Носирова, модари Гулнора Носирова мегӯяд, ки беморӣ ва камбизоъатӣ дар хонаводааш ӯро маҷбур кардааст, ки таҳсили духтарашро дар мактаб қатъ кунад.
Хонуми Носирова мегӯянд: “Ман беморам, аммо касе нест, ки барои парастории ман дар манзил ба ман кумак кунад. Аз ин рӯ маҷбур шудам, ки ҳуҷҷатҳои духтарамро аз мактаб бигирам. Дигар илоҷ надоштам. Намедонистам, ки кори ман ғайриқонунист, вагарна ин корро намекардам. Медонам, ки таҳсил барои духтарам хуб аст, вале чи кор кунам?”
Ин дар ҳолест, ки иддаи зиёде аз сокинон дар Тоҷикистон дар бораи қонуни масъулияти волидон чандон иттилоъи дақиқе надоштаанд.
Ин барои бори аввал нест, ки бархе аз волидон дар шаҳри Қурғонтеппа барои таҳсили ҳатмии фарзандонашон ба додгоҳҳо кашида мешаванд.
Додгоҳи шаҳи Қурғонтеппа дар соли 2010 сарпарасти чаҳор хонаводаро, ки кӯдаконашонро аз таҳсил канор гирифта буданд, ба пардохти ҷарима ҳукм кард.
