"Беш аз 80 дарсади кӯдакони нобино аз таҳсил маҳруманд"

  • 6 Май, 2013
Кӯдакони нобино
Image caption Дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор нафар аз кӯдакон ва навҷавонони нобино ва бо навоқиси биноӣ ба сар мебаранд

Бар асоси иттилоъи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон беш аз 80 дарсади кӯдакон ва навҷавонони нобино ва дорои навоқиси биноии то синни ҳаждаҳсола аз омӯзишу парвариш дар канор будаанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор кӯдак ва навҷавони нобино ва дорои навоқиси биноӣ ба сар мебаранд.

Аммо тавре, ки Холмаҳмад Тенгниев, раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе мегӯяд, аз ҷумлаи ин кӯдакон ва навҷавонон танҳо беш аз 500 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Вай сабаби аслии ин омилро чунин шарҳ дод: "Дар манотиқи дуруфтодаи Тоҷикистон аксаран макотиби вижа барои афроди нобино вуҷуд надоранд ва аз ин рӯ аксари кӯдакон аз таҳсил дар канор ҳастанд. Дар вилояти Хатлон танҳо 300 нафар аз кӯдакони нобино бо таҳсил фаро гирифта шудаанд."

Оқои Тенгниев мегӯяд, ки бесавод мондани ин қишри ҷомеъа бар зарари ҷомеъа ва давлати Тоҷикистон буда ва ҳоло бояд ба таҳсил дар макотиби маъмулӣ фаро гирифтани кӯдакони нобиноро матраҳ кард. Ӯ меафзояд: "Мо дар ҳар сурат бояд кӯдаконро ба ҷуз аз таҳсил дар мактабҳои вижа барои таҳсил дар мактабҳои маъмулӣ ҷалб кунем."

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Тенгниев танҳо ҳудуди як ҳазору 500 кӯдаки нобино дар ҷамъияти онҳо расман сабти ном шудаанд.

Аз ин рӯ омор дар мавриди шумори кӯдакон ва навҷавонони нобиное, ки дар макотиби маъмулии ин кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вуҷуд надоштааст.

Кӯдакони меҳрубон

Дар Тоҷикистон дар кул танҳо чаҳор мактаби вижа барои кӯдакони нобино ва дорои навоқиси биноӣ фаъъол ҳастанд, ки имкони фаро гирифтани аксари кӯдакони нобино бо омӯзишу парваришро надоштаанд.

Image caption Рустам ва Муҳаммадӣ кӯшиш мекарданд, ки ба ҳамдигар ва шогирдони дигар кумак кунанд

Рустами 16-сола аз ҷумлаи ин шумор кӯдаки нобино аст, ки имкони таҳсил дар мактабро дорад. Вай орзу дорад, ки хабарнигор шавад ва вай мегӯяд, ки бад-ин манзур тасмим гирифтааст дар мактаб бо баҳои аъло бихонад.

Ҳангоме, ки вориди клоси мадрасаи вижаи шабонарӯзӣ барои кӯдакони нобино ва маҳдудияти биноӣ дар ноҳияи Ҳисор шудам, Рустам ва Муҳаммадӣ, дӯсти ӯ машғули омӯхтани наққошӣ буданд.

Рустам мегӯяд, ки ба омӯхтани риёзӣ, физик, ҷуғрофиё ва забонҳои хориҷӣ бештар алоқа доштааст. Вай афзуд: "Ман мехоҳам хабарнигори телевизиюн шавам ва ҳамчунин орзу дорам достон барои филмҳо бинависам, ки дар он аз зиндагии ҷавонон ҳикоят шавад."

Ин замон занги тафреҳ садо дод ва Рустам, ки костии биноӣ дошт дасти Маҳмадиро гирифту ба берун аз клос баромаданд.

Дар муқоиса ба макотиби дигари маъмулӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасид шогирдони ин мадраса бо ҳам бархӯрди меҳрубононае доштанд ва як шогирд саъй мекард ба ҳамсинни худ ҳангоми хурӯҷ ва вурӯд ба клос кумак кунад.

Фазилат Абдумамадова, модари Рустам мегӯяд, ки аз шаҳри Душанбе писарашро ба мактаби шабонарӯзии ноҳияи Ҳисор барои таҳсил меоварад ва рӯзҳои таътил боз ба манзилаш ба шаҳр мебарад.

Хонуми Абдумамадова мегӯяд: "Ман то ҳол писарамро худам ба ҳар ҷое ки биравад, ҳамроҳӣ мекунам. Охир дар шаҳр аслан барои афроди нобино шароит нест. Ҳатто дар замони убур аз роҳҳои мошингард чароғҳои роҳнамоӣ барои афроди нобино мутобиқ нашудаанд. Ҳамчунин дар ҷомеъаи мо табъиз алайҳи ин афрод низ вучуд дорад."

Вай мегӯяд, ки хуб буд агар писараш дар шаҳр дар мактабе дар наздикии маҳалли зисташон таҳсил мекард.

Image caption Оқои Тенгниев мегӯяд, ки замоне фаро расидааст, ки кӯдакони нобино бояд дар макотиби маъмулӣ таҳсил кунанд

Аз сӯйи дигар соҳибназарон низ бар ин ақидаанд, ки кӯдакони маълул, аз ҷумла нобино, набояд аз кӯдакони ҳамсинни худ ҷудо таҳсил ва зиндагӣ кунанд.

Ба гуфтаи онҳо дар сурати таҳсил дар мактаби маъмулӣ барои кӯдакони маълул ва нобино имкон дода мешавад, ки баробарии худ бо ҳамагонро эҳсос кунанд ва камтар аз сӯйи ҳамсиннони худ табъиз шаванд.

Камбуди васоили омӯзиш барои кӯдакон

Ба гуфтаи масъулони Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон набуди васоили мусофирбарии вижа барои афроди нобино ва маълул ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти ин қишри ҷомеъа ҳангоми бунёди сохтмонҳо ва таъсисоти мухталиф ва ҳатто манозили зист дар ин кишвар, аз ҷумлаи душвориҳои дигарест, ки афроди нобино дар ин кишвар бо онҳо рӯбарӯ буданд.

Аз сӯйи дигар камбуди кутуб бо хатти брайлер (хатти барҷастаи вижа барои нобиноён) аз мушкилотест, ки бо сабаби набуди он бисёре аз волидон аз бурдани кӯдакони нобинои худ ба мактаб худдорӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳуқуқи моҳонаи ночизи омӯзгорон бисёре аз онҳоро водор кардааст, ки аз шуғли омӯзгорӣ даст кашида ва ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Русия, ба муҳоҷират бираванд, ки ин вазъ рӯйи макотиби вижа барои кӯдакони нобино низ беасар набудааст.

Дар ин мактабҳо ҳам камбуди омӯзгорон башиддат эҳсос мешавад.

Image caption Ин кӯдакон бо хуруфи брайлерӣ (хатти барҷастаи вижа барои нобиноён) менависанд

Рӯзи душанбеи 6 май дар мактаби вижаи шабонарӯзӣ барои кӯдакони маълул ва нобино масъулони ниҳодҳои зидахл, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъияти нобиноён дар як ҳамоише масоили марбут ба омӯзишу парвариши кӯдакони нобиноро баррасӣ карданд.

Ҷамолиддин Амиров, раиси бахши умури макотиби вижа ва шабонарӯзии Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар ҳамоиши имрӯз гуфт ду сол аст, ки дар донишгоҳҳои омӯзгории ин кишвар бахшҳои вижаи омӯзгорӣ барои чунин афрод фаъъол шудаанд.

Ҳамчунин намояндагии Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба шогирдони мадрасаи шабонарӯзӣ барои кӯдакони нобино кутуби матни Кунвенсиюни ҳуқуқи кӯдак ва "Ин дар мавриди тавоноӣ аст"-ро эъто крдаанд.

Ин кутуб, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ба чоп расидааст, ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума ва бо хатти брайлер мунташир шудаанд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки барои афзоиши сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеъа барномаҳоеро дар назар гирифтаанд, вале ба гуфтаи коршиносон дар шароити феълӣ давлати Тоҷикистон тавони ба танҳоӣ ҳал кардани тамомии мушкилоти ин афродро надоштааст.

Аз ин рӯ дар даҳсолаи оянда низ ниёзмандиҳои афроди маълул ва ниёзманд дар Тоҷикистон ба кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кумакдиҳандаи ҷаҳон бавижа дар бахши беҳдошт ва омӯзишу парвариш боқӣ хоҳад монд.

Матолиби муртабит