Оғози "Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон" дар Душанбе

Дар китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе намоишгоҳи китоби "Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон" ифтитоҳ шуд.
Ин намоишгоҳро ки рӯзи сешанбеи 2-уми апрел оғоз ёфта ва то 9-уми апрел идома хоҳад дошт Вазоратҳои фарҳанг ва маъорифи Тоҷикистон муштаракан дар чорчуби барномаи ҳафтаи китоб дар Тоҷикистон баргузор кардаанд.
Дар ҷараёни ҳафтаи китоб дар Тоҷикистон қарор аст наврасону кӯдакон дар озмунҳои мактабӣ ширкат карда ва мулоқоти онҳо бо адибону шуъаро сурат бигирад.
Мақомоти вазорати фарҳанг мегӯянд, ин маҳофил дар барномаи вижаи давлатӣ барои боло бурдани сатҳи дониши кӯдакон ва навҷавонон барои солҳои 2006 -2015 пешбинӣ шудааст.
Қурбон Афғонов, як масъули вазорати фарҳанг ҳадафи баргузории ҳафтаи китоби кӯдаконро "ҷалби ҳарчи бештари шогирдони мактабҳо ба китобхонӣ" унвон кард.
Вай гуфт: “Барои таблиғи китобхонӣ давлати Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябрро дар Тоҷикистон ҳамчуни рӯзи китоб эълом карда ва се барнома дар заминаи китобдориро ба маблағи 13 милюн сомонӣ қабул кардааст.”
Таъсиси як нашрияи вижа барои чопи адабиёти кӯдакон ва нашри доиратулмаъорифи (энсиклопедиёи) кӯдакона таҳти унвони “Тоҷикистон барои кӯдакон” аз барномаҳои дигарест, ки бояд иҷро шавад.
Аз соли 2007 бад-ин сӯ, ҳамасола ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон корвонҳои китоб фиристода мешаванд, ки китобҳои тозанашрро ба сокинони манотиқи мухталиф муъаррифӣ мекунанд.
Дар ҷараёни ҳафтаи китоби кудакон ва наврасон дар китобхонаи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе, ки акнун дар дохили китобхонаи Фирдавсӣ ҷо гирифтааст, бархе аз муаллифони китобҳои ба намоишгузошташуда аз ҷулма Гулрухсор, Низом Қосим, Камол Насрулло ва Адибаи Азиз бо алоқамандони осорашон мулоқотҳо баргузор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ суханронӣ кард, гуфт, ки дар соли 2012 беш аз 100 ҳазор нусха китоби тозанашр ба тамоми китобхонаҳои кишвар фиристода шудааст.
Оқои Асрорӣ афзуд: “Дар соли 2012 китобхонаҳои кишвар 115 адад роёна ва таҷҳизоти дигар барои нусхабардории китобҳо дарёфт карданд.”
Нуриддин Саидов, вазири маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин кишвар се ҳазору 815 китобхонаи мактабӣ, 63 китобхонаи омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, 53 китобхонаи колеҷҳо ва 36 китобхонаи дар Донишгоҳҳои олии ин кишвар фаъъол ҳастанд.
Оқои Саидов афзуд: “Боъиси таъассуф аст, бахши аъзами китобҳо дар ин китобхонаҳо ҳанӯз дар даврони шӯравӣ нашр шудаанд. Миқдори китобҳои бадеъӣ дар китобхонаҳои макотиб хеле андак аст. Дар соли 2012 дар ҷумҳурӣ 1 милюну 300 адад китоби дарсӣ барои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ нашр шудааст."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз шогирдони мактотиби ҳамагонӣ дақиқан ба ҳамин воқеъият ишор карда ва мегӯянд, ки дар китобхонаҳои мактаб танҳо китобҳои кӯҳна ва фарсудаи шӯравӣ боқӣ мондаанд ва онҳо хоҳиши чандоне барои хондани ин китобҳоро надоранд.
Мақомоти омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китоби кӯдакон эълом кардаанд, ки қарор аст, ки дар соли ҷорӣ вазорати маъориф 60 номгӯй китобро бо теъдоди 40 ҳазор адад ба нашр расонад.
