Кормандони пулис машғули ҷустуҷӯйи кӯдакони гумшуда ҳастанд

  • 26 Март, 2013
Image caption Вазорати кишвар гуфтааст ҳудуди 50 нафар аз духтарони навҷавон дар феҳристи нопадидшудагон қарор доранд

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки таҳқиқоти нопадид шудани ду духтари хурдсол дар шаҳри Душанберо оғоз ва ҷустуҷӯйи онҳо идома медиҳанд.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин вазорат, Малика ва Сабина Араловҳо, баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 25 март аз наздикии манзили маскуниашон нопадид шудаанд.

Тавре, ки дар хабари ин сойт, ки рӯзи сешанбеи 26 март мунташир шудааст, омада падари яке аз онҳо аз мафқуд шудани кӯдакон хабар додааст. Бар асоси суханони Темур Аралов, падари Малика, духтари панҷсолаи вай ва Сабинаи чорсола, бародарзодаи ӯ, соъати 16:00 вақти маҳаллии дирӯз аз манзил берун рафта ва дигар бознагаштаанд.

Ҳамчунин субҳи имрӯз истифодабарандагони саҳифаи “Facebook” зимни пахши аксҳо аз кӯдакони нопадидшуда аз корбарони ин саҳифа хоҳиши кумак барои пайдо кардани онҳоро кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи вазорати умухи дохилаи Тоҷикистон, ҳар ҳафтае дар ин кишвар аз 10 то 20 нафар аз сокинон мафқудуласар мешаванд ва 50 дарсади онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин гузоришҳои сойти расмии ин вазорат ҳокист, ки аксари ноболиғони гумшуда, аз ҷумла духтарон будаанд, ки синни бештари онҳо аз 14 то 16 сол будааст.

Аксари ин ноболиғон шогирдони макотиби ҳамагонӣ буда ва бар асоси иттилоъи волидон, бисёре аз ин кӯдакон аз манзил баромада ва ба самти номаълуме нопадид шудаанд.

Нопадид шудани кӯдакон ва ноболиғон дар Тоҷикистон шоъеотеро дар миёни сокинони ин кишвар дар мавриди кӯдакдӯздӣ барои истифодаи аъзои бадани онҳо дар амалиёти пайвандсозии аъзои инсон дар ин кишвар ба дунбол овардааст.

Аммо масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин шоъеотро бепоя хондаанд ва мушкили аслии нопадид шудани аксари кӯдаконро беназорат гузоштани онҳо медонанд.

Аз сӯйи дигар, пизишкони ҷарроҳ мегӯянд, ки барои пайвандсозии аъзои бадани инсон, пизишкон аз узвҳое истифода мебаранд, ки дар шароити беҳдорӣ ва бо истифода аз текноложии вижа нигаҳдорӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи октябри соли 2012 дар пайи мафқуд шудани як кӯдаки сесола дар ноҳияи Ҳисор шоъеоте дар мавриди рабудани кӯдакон барои истифодаи аъзои онҳо дар амалиёти пайвандсозӣ паҳн шуда буд.

Вале баъд аз се ҳафта кормандони пулис хабар дода буданд, ҷасади ин кӯдаки сесола аз рудхонаи мавсум ба “Хонақо” пайдо шуда ва пулиси тоҷик дар мавриди сабаби марги ин кӯдак иттилоъ дод, ки ноболиғ бинобар беназоратии падару модар ва наздиконаш дар дарё ғарқ шуда ва ба ҳалокат расидааст.”

Аз сӯйи дигар кормандони вазорати умури дохила мегӯянд, ки ба сабаби аз назорат берун мондани кӯдакон, ҳодисаи зери чархи мошин мондани кӯдакон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Масъулони идораи бозрасии давлатии утумубилии Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯянд, ки аз дар соли 2012 дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон беш аз як ҳазору 300 сонеҳаи утумубуилӣ рух дода ва дар натиҷаи он 426 нафар аз сокинон ҷони худро аз даст додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар миёни афроде, ки дар сонеҳаҳои утумубилии соли равон кушта ва захмӣ шудаанд, шумори қобили мулоҳизаеро кӯдакон ва навҷавонон ташкил медиҳанд ва хурдтарини онҳо ҳамагӣ ду сол дошааст.

Матолиби муртабит