Гузориши ҷадиди UNICEF дар мавриди саломати атфол

UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди соли аввалини зиндагии кӯдак гузориши ҷадидеро пахш карда, ки дар он ба аҳаммияти маводди ғизоии муқаввӣ барои кӯдакон таъкид кардааст.
Ин гузориш, ки “1000 рӯзи аввали зиндагии кӯдак ба тамоми зиндагии ояндаи вай таъсиргузор аст” ном гирифтааст, ба аҳаммияти ғизо барои панҷ соли аввали зиндагии кӯдакон бахшида шудааст.
Дар ин гузориш омадаст, ки беш аз яксаду шасту панҷ милюну кӯдак дар ҷаҳон, ки 28 дарсади ҷамъияти кӯдакони ҷаҳонро ташкил медиҳад, ба сабаби сӯитағзия дар якумин соли умри худ таъхир дар рушди қад доранд.
Ҳамчунин ин омил мунҷар ба ақабмондагии зеҳнӣ барои кӯдакон шуда ва дар натиҷа кӯдакон тавоноии худ барои омӯзишро низ аз даст медиҳанд.
Дар ин таҳқиқот гуфта мешавад, ки чунин афрод дар оянда қудрати фаъъолиятҳои комилро низ аз даст хоҳанд дод ва дар натиҷа ҷомеъаро бо мушкилот рӯбарӯ хоҳанд кард.
Ҳудуди 80 дарсади шумори ин кӯдакон дар 14 кишвари ҷаҳон ба сар мебаранд ва таъхир дар рушди қадди кӯдакон бештар дар кишварҳои Офриқо ва Осиёи Ҷанубӣ мушоҳида мешавад.
Дар гузориш омадааст, ки ба сабаби мизони баланди кӯтоҳқаддӣ дар ҷаҳон бисёре аз аҳдофи Тавсеъаи Ҳазора дар ҷаҳон ба кундӣ пеш меравад ва ин мушкил бештар кишварҳоеро, ки мизони даромади сокинони он дар сатҳи пойин аст, домангир будааст.
Дар ин гузориш, ки Онтунӣ Лейк, (Anthony Lake) раиси иҷроияи ин сандуқ ва Тум Орнулд, (Tom Arnold) намояндаи ҷунбиши мавсум ба "Scale-Up_Nutrition" онро омода кардаанд, ҳамчунин оморе дар бораи Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоъии кӯдакон дар ин кишвар мунташир шудааст.
Аз ҷумла дар гузориш гуфта шудааст, ки як нафар аз ҷумлаи чаҳор кӯдаки зери синни панҷсола дар Тоҷикистон рушди нокофии қад барои ин синнро доштааст.
Ҳамчунин гузориш ҳокист, ки панҷоҳ дарсади сокинони ин кишвар аз камбуди намаки дорои йуд ранҷ мебаранд.
Беш аз 26 дарсади кӯдакони зери синни панҷсола дар Тоҷикистон қадди кӯтоҳ дошта ва қадди ҳудуди даҳ дарсади ин кӯдакон шадидан аз ҳамсиннонашон тафовут доштааст.
Камбуди маводди ғизоӣ барои модару кӯдак дар Тоҷикистон яке аз масоили умдаи арсаи беҳдоштӣ дар ин гузориш унвон шудааст.
Яке аз роҳҳаллҳои масъалаи сӯитағзияи кӯдакон дар Тоҷикистон таблиғи шири модар ё ширдиҳии кӯдакон тавассути пистони модар то шашмоҳагии кӯдак будааст.
Аммо дар гузориш омадааст, ки 34 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон дар нахустин соли зиндагӣ танҳо бо ширмаконӣ ба сар мебурдаанд.
