Омрико кумаки FBI-ро барои ҷустуҷӯӣ Малика ва Сабина пешниҳод кард

Сузан Эллиот, сафири Омрико дар Тоҷикистон ба Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии ин кишвар кумаки Идораи Федероли Таҳқиқоти Омрикоро (FBI) барои таҳқиқи қазияи духтарони гумшуда дар Душанбе пешниҳод кард.
Сойти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон навиштааст, ин пешниҳоди сафири Омрико аз сӯй Рамазон Раҳимов “хуб пазируфта шуд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои худро дар ин замина инкишоф диҳанд.”
Мулоқоти Сузан Эллиот пас аз зӯҳри шанбе, 13-уми апрел дар Душанбе сурат гирифт.
Бино ба иттилоъи вазорати кишвар ҳадаф аз ин мулоқоти сафири Омрико ва олирутбатарин пулиси Тоҷикистон табодули назар дар бораи амнияти минтақа ва кишвар будааст.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ҷонибҳо дар ин мулоқот ба вижа дар бораи “мубориза бо терруризм ва экстремизи байналхалқӣ, қочоқи маводди мухаддир, яроқ ва хариду фурӯши одамон табодули афкор намуданд”.
Хонум Эллиот таъкид кардааст, ки ниҳодҳои зирабти кишвараш метавонанд бо пулиси Тоҷикистон дар заминаи ҷустуҷӯ ва хунсо кардани гурӯҳҳои ҷинойӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ӯ ба қазияи пурсарусадои нопадид шудани хоҳарон Малика ва Сабина Араловаҳо таваҷҷӯҳ карда ва ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кумаки муттахасисони Идораи Федероли Таҳқиқоти Омрикоро барои таҳқиқи ин қазия пешниҳод кард.
Ҷонибҳо дар ҷараёни ин мулоқот бо мутахассисони FBI мустақар дар Олмотӣ тамоси телефунӣ гирифта ва ин мавзӯъро бо онҳо баррасӣ карданд.
Бино ба гузориши Вазорати кишвар дар ҷараёни ин гуфтугӯи телефонӣ ин муттахасисони омрикоӣ “омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати пайдо кардани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта” изҳор доштаанд.
Барои бори нахуст аст, ки дар бораи пешниҳоди Омрико барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҷинояте мушаххасе дар Тоҷикистон гузориш мешавад.
Қазияи нопадид шудани духтарони хурдсол дар рӯзҳои Наврӯз дар шаҳри Душанбе низ баҳсу нигарониҳои бесобиқаеро дар миёни ҷомеъа ба дунбол дошт.
Гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ бо интишори дархосту назарҳо ва изҳороти худ унвонии мақомоти зирабти кишвар ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карданд ин кӯдакон ва шароити нопадид шудани онҳо ошкор шавад.
Пулис дар бораи қазияи нопадид шудани Сабина ва Малика Араловаҳо дар минтақаи фурӯшгоҳи Садбарги шаҳри Душанбе дар рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ иттилоъ дода буд.
Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон фармон дод барои ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи вижа таъсис шавад ва эълом кард ки ин таҳқиқотро таҳти кунтрул хоҳад дошт.
Бо гузашти се ҳафта аз нопадид шудани ин духтаракон, ки гуфта мешавад синнашон зери панҷсола аст, пулис дар мавриди натоиҷи ин таҳқиқу ҷустуҷӯҳо гузорише пахш накардааст.
Рӯзи душанбеи 8-уми апрел оқои Раҳимов бо гурӯҳи таҳқиқотии ин парванда мулоқот карда ва аз ҷараёни таҳқиқот ибрози норизоятӣ кардааст. Ӯ масъулони гурӯҳро муваззаф кард, ки фаъъолияти худро тақвият бахшанд.
Пештар вазортаи корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш дода буд, ки ҳар ҳафта дар ин кишвар то даҳ нафар гум мешаванд ва ҳудуди 50 дарсад аз ин теъдод ноболиғон ҳастанд.
Вале дар пайи зиёд шудани нигарониҳои ҷомеъа аз амнияти кӯдакон дар пойтахт, сӯхангӯи ин вазорат шарҳ дода буд, ки омори пайдо шудани афроди гумшуда иштибоҳан дар сойти ин вазорат нашр нашудааст ва дар воқеъият бештари кӯдакони гумшуда дубора пайдо мешаванд.
