Пулис: Дар шаҳр гурӯҳи таҷовузгарони кӯдакон (педофилҳо) мавҷуд нест

  • 1 Апрел, 2013
Эъломияҳо
Image caption Дар ин варақа се акси роботӣ (фоторобот) низ ҷой дода шудааст

Дар бархе аз макони таҷаммӯъи сокинон дар шаҳри Душанбе варақаҳое пайдо шудаанд, ки дар он аз мавҷудияти як гурӯҳе аз таҷовузгарони кӯдакон (педофилҳо) дар ин шаҳр ҳушдор дода мешавад.

Ин варақаҳо ба дунболи нопадид шудани ду кӯдаки зери панҷсола дар шаҳр пайдо шуда ва дар онҳо аз мавҷудияти як гурӯҳи муташаккили табаҳкор, ки ба кӯдакдӯздӣ машғул будаанд, хабар дода мешавад.

Яке аз ин варақаҳо баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбеки 31 март дар рӯбарӯи Маркази тибии Тоҷикистон дар минтақаи Қарияи Болои Душанбе дар истгоҳ ҷаспонда шуда буд.

Дар варақа омадааст, ки маъмулан ин гурӯҳ бо мошинҳои сиёҳшиша дар миёни издиҳоми кӯдакон пайдо шуда, бо роҳҳои мухталиф кӯдаконро фиреб дода ва савори мошин мекардаанд.

Ҳамчунин дар варақа, се акси роботӣ (фоторобот) гузошта шуда ва аз ҳамагон даъват шудааст, ки дар сурати дидани афроди монанд ба ин аксҳо бо телефонҳои 02 ва 112 занг зада ва масъулонро дар ҷараён гузоранд.

Ин варақаҳо дар ду рӯзи таътил дар шаҳри Душанбе дар ҳоле пайдо шудаанд, ки шоъеот дар маврид фаъъолияти як гурӯҳе аз кӯдакозорон дар миёни сокинони ин шаҳр дар як ҳафтаи ахир сар задааст.

Зимнан ин варақа дар бархе аз саҳафоти интернетӣ низ пайдо шудааст.

Маъмулан чунин ҳушдорҳо аз сӯйи кормандони интизомии Тоҷикистон мунташир мешавад, вале масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мавҷудияти чунин гурӯҳ дар шаҳрро такзиб карданд.

Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи пулис ба ин хотир дар рӯзи душанбеи 1 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки кормандони ниҳоди онҳо варақаҳоеро бо чунин ҳушдор насб накардаанд.

Афзун бар ин оқои Асадуллоев мавҷудияти гурӯҳҳои таҷовузгарони кӯдакон дар шаҳрро бепоя хонд.

Вай афзуд: “Кормандони мо аз аввали соли ҷорӣ то ҳол шумори начандон зиёде аз ин афродро барои таҷовуз ба номуси кӯдак боздошт кардаанд, аммо мавориди ба таври гурӯҳӣ ба кӯдакозорӣ даст задани афрод дар шаҳр ва ҷумҳурӣ аслан нест.”

Оқои Асадуллоев ин иддаъоро низ, ки гуфта мешавад дар муддати даҳ рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 30 духтарчаи ноболиғ нопадид шудаанд, бепоя хонд.

Ин масъули вазорати умури дохила гуфт, ки то ҳол ҳафт духтари ноболиғ дар Тоҷикистон дар асомии афроди нопадидшуда қарор доштаанд. Оқои Асадуллоев афзуд: “Беш аз 90 дар сади афроди нопадидшуда дар Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз сӯйи кормандони мо пайдо шуда ва ба хонаводаҳо бозгардонида мешаванд.”

Ин дар ҳолест, ки ҳодисаи нопадид шудани ду кӯдак дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон боиси нигаронӣ ва таваҷҷӯҳи зиёди сокинони шаҳр ба ин қазия шудааст.

Сабина ва Малика Араловаҳо, ду кӯдаки панҷ ва чор сола, рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар минтақаи фурӯшгоҳи "Садбарг", дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе аз манзили маскуниашон баромада ва нопадид шуданд.

Ин кӯдакон аз сӯйи пулиси тоҷик ва иддае аз довталабон дар муддати як ҳафтаи ахир ҷустуҷӯй мешаванд.

Аммо тавре, ки оқои Асадулоев мегӯяд, то ҳол ин ду кӯдак пайдо нашудааст ва бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири кишвар барои ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи вижае аз ҷумлаи кормандони ин ниҳод таъсис шудааст.

Ҳамчунин, вазири умури дохила барои ироаъи иттилоъи дуруст дар мавриди маҳалли буду боши ин ду духтари хурсол пардохти сармояро низ дар назар гирифтааст.

Матолиби муртабит