Фармони вазир дар робита ба қазияи кудакони гумшуда

  • 29 Март, 2013
Image caption Акси кудакони гумшуда, ки ҳудуди чор-панҷсол доранд, дар расонаҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба таври густарда нашр шуда ва аз афроде, ки онҳо дидаанд дархост мешавад, ки ба мақомоти марбут хабар диҳанд

Вазорати кишвари Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири кишвар барои ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ҳодисаи нопадидшавии ду духтараки хурдсол дар Душанбе гурӯҳи вижа таъсис шудааст.

Пулис дар бораи қазияи нопадид шудани Сабина ва Малика Араловаҳо дар минтақаи фурушгоҳи Садбарг, дар рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ иттилоъ дода буд.

Қазияи гум шудани ду кӯдак дар маркази шаҳри Душанбе боиси нигаронии ва таваҷҷӯҳи зиёди сокинони пойтахт ба ин қазия шудааст.

Шаҳрвандон дар доираҳои мухталиф ва маҳофили маҷозии интернетӣ ин ҳодисаро кудакрубоӣ хонда ва аз мақомот вокуниши ҷиддӣ тақозо доранд.

Акси кудакони гумшуда, ки ҳудуди чор-панҷсол доранд, дар расонаҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба таври густарда нашр шуда ва аз афроде, ки онҳо дидаанд дархост мешавад, ки ба мақомоти марбут хабар диҳанд.

Тибқи иттилоъи сойти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳар ҳафта дар ин кишвар то даҳ нафар гум мешавад ва ҳудуди 50 дарсад аз ин теъдод ноболиғон ҳастанд.

Аммо барои бори нахуст эълом мешавад, ки вазири кишвар барои ҷустуҷӯи кӯдакони гумшуда ва таҳқиқи ин ҳодиса фармон дод, ки гурӯҳи вижа таъсис шавад.