Норизоятии вазири дохила аз ҷараёни таҳқиқоти парвандаи кӯдакони нопадидшуда
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷараёни таҳқиқоти ду кӯдаки нопадидшуда аз сӯйи кормандони ин ниҳод ибрози норизоятӣ кардааст.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, сартип Рамазон Раҳимов, масъулони гурӯҳи вижа аз ҷумлаи кормандони ин ниҳодро муваззаф кардааст, ки фаъъолияти аъзои ин гурӯҳро тақвият бахшанд.
Сартип Раҳимов гуфтааст, ки ҳарчанд маъмурони пулис барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловҳо корҳоеро ба анҷом расонидаанд, вале вай ин фаъъолиятҳоро нокофӣ хондааст.
Тибқи хабари сойти расмӣ, оқои Раҳимов, рӯзи душанбеи 8 апрел, бо масъулони гурӯҳи вижае, ки ба манзури пайдо кардани кӯдакони нопадидшуда ду ҳафтаи қабл таъсис ёфт, ҷаласае баргузор кардааст.
Вазири умури дохила дар ҷараёни ин ҷаласа ба масъулон фармон додааст, ки масъаларо ҷиддӣ бигиранд ва барои пайдо кардани духтарон иқдоми бештаре бикунанд.
Ҳарчанд дар сойт омадааст, ки оқои Раҳимов ба кормандони ин ниҳод барои анҷоми таҳқиқоти парванда мӯҳлатеро муъайян кардааст, вале дар мавриди замони он мушаххасоте нашр нашудааст.
Сабина ва Малика Араловаҳо, ду кӯдаки панҷ ва чор сола, рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз манзили маскуниашон баромада ва нопадид шуданд.
Ин кӯдакон аз сӯйи пулиси тоҷик ва иддае аз довталабон дар муддати як ҳафтаи ахир ҷустуҷӯй мешаванд. Аммо бо гузашти ҳудуди ду ҳафта аз нопадид шудани ин кӯдакон, ҷустуҷӯйи онҳо то ҳол натиҷаи дилхоҳе надодааст.
