Ҳуқуқдонҳо: "Раҳмон парвандаи Араловаҳоро таҳти назорат бигирад"

Намояндагони ду созмони мудофеъи ҳуқуқи башар аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карданд, таҳқиқи ҳодисаи мафқуд шудани ду кӯдаки зери панҷ солро таҳти назорат бигирад.
Сабина ва Малика Араловаҳо, ду кӯдаки панҷ ва чор сола, рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар минтақаи фурӯшгоҳи "Садбарг", дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе аз манзили маскуниашон баромада ва нопадид шуданд.
Марокизи дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак, ду созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 4 апрел бо ироаи номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, аз мавориди зиёди нопадид шудани кӯдакон ва навҷавонон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Масъулони ин созмонҳо аз Президент Раҳмон хоҳиш кардаанд, ки таҳқиқоти парванда дар робита ба мафқуд шудани Малика ва Сабина Араловҳоро таҳти назорати хеш бигирад.
Қаблан масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом карда буданд, ки бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири ин ниҳод барои ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи вижа таъсис шудааст.
Ҳамчунин волидони ду кӯдаки нопадидшуда ва пулиси тоҷик дар ивази ироаъи иттилоъи дуруст дар мавриди маҳалли буду боши ин ду духтари хурдсол подоши пулӣ низ ваъда кардаанд.
Дар идомаи мудофеъони ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар номаи худ унвонии раиси ҷумҳури ин кишвар навиштаанд: "Бо дарки он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тамоми саъю кушишро ба харҷ медиҳад, мо ба Шумо муроҷиъат намуда, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки парвандаи зеринро зери назорати худ бигиред."
Дар ин нома ҳамчунин ба иттилоъоти паҳншуда дар саҳафоти шабакаҳои иҷтимоъӣ, мабнӣ бар талоши нофарҷоми рабудани як кӯдаки панҷсола аз сӯйи як гӯрӯҳи номаълум дар Душанбе ишора шудааст.
Дар ин нома ба нақл аз коштаҳо дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоъӣ гуфта мешавад, ки як шогирди 12-солаи мактаби шумораи 20 шаҳри Душанбе, рӯзи 2-уми апрел шоҳиди талоши як гурӯҳ барои рабудани писарчаи панҷсола шудааст. Вале ин афрод падари кӯдакро дида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Хонаводаи ин кӯдак дар бораи ин ҳодиса ба кормандони пулис шикоят карданд.
Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи инсон дар канори Малика ва Сабина Араловаҳо дар ин нома, аз иддаи кӯдакон ва навҷавонони дигар ном бурдаанд, ки дар моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон нопадид шудаанд.
Сабина ва Малика Араловаҳо ки дар минтақаи фурӯшгоҳи "Садбарг" аз манзили маскуниашон баромада ва нопадид шуданд беш аз як ҳафтаи ахир аз сӯйи пулис ва гурӯҳе аз довталабон ҷустуҷӯ мушаванд.
Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барномаҳои Маркази дифоъ аз ҳуқуқ инсон мегӯяд, ҳадафи онҳо аз муроҷеъат ба Презедент Раҳмон ин будааст, ки "раҳбари кишвар бо истифода аз ваколатҳои худ ба масъулони зидахли Тоҷикистон машварат диҳад, то барои аз миён бурдани чунин ҳодисаҳои нохуш талошҳои бештаре анҷом шавад."
Вай афзуд: “Ширкати довталабон дар ҷустуҷӯйи кӯдакон як шеваи ҷадиди ҳамкорӣ миёни пулис ва сокинони кишвар аст. Ҳарчанд чунин ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ ва шаҳрвандон барои ҷустуҷӯи фарде нопадидшуда дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ таҷриба мешавад. Вале довталабони мо дар бархе аз маврид бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд.”
Хонуми Абдуллоева гуфт, дар бархе аз манотиқи шаҳр иддае иҷоза надодаанд, ки довталабон варақаҳо эълом бо аксҳои кӯдаконро ба девор ва ё истгоҳҳо часпонанд.
Ӯ афзуд: "Ба ин хотир яке аз хоҳишҳои мо аз Президенти кишвар низ ин буд, ки барои ҳамкории муваффақи довталабон бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ мусоидат кунад."
Масъулони ин созмонҳо аз пахши ахбори носаҳеҳ дар мавриди кӯдакдӯзӣ ба манзури истифода донорӣ аз аъзои бадани онҳо дар Тоҷикистон низ ибрози нигаронӣ карданд.
Дар номаи онҳо ба раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин дархост шудааст, ки ӯ расонаҳои Тоҷикистонро муваззаф ба пахши хабарҳои санҷида ва таҳияи барномаҳои таҳлилӣ дар ин бора кунад.
