Эъломи ҳукми охирин муттаҳам дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков

  • 16 Май, 2013
Парвиз Давлатбеков
Image caption Бо анҷоми муҳокимаи парвандаи Алимуҳаммади Сайфзода дар додгоҳ, парвандаи марбут ба қатли Парвиз Давлатбеков баста шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе муттаҳами ҳафтум дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбековро дар "авбошӣ бо расондани зарари ҷисмонӣ" муҷрим шинохт.

Фахриддин Дадаметов, қозии ин парванда, рӯзи панҷшанбеи 16 май, Алимуҳаммади Файзилло Сайфзодаро тибқи бандҳои моддаи 237-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ду сол зиндон маҳкум кард.

Ҳодисаи қатли Парвиз Давлатбеков, ки дар тан либоси Бобо Нуэл ё бобои барфӣ дошт, аз сӯйи як гурӯҳ ҷавонон дар шаби таҳвили соли мелодӣ дар таърихи 31 декабри соли 2011 дар шаҳри Душанбе рух дод. Парвиз Давлатбеков дар ин ҳодиса ба зарби чоқу захмӣ шуда ва баъд аз як рӯз дар бемористон даргузашт.

Алимуҳаммади Сайфзода, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ҳафтумин ва охирин муттаҳам дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков аст.

Ӯ муддати беш аз як сол таҳти таъқиби пулис қарор дошт. Тибқи таҳқиқоти пулис ин ҷавон як солу чаҳор моҳ дар Русия ба сар бурда ва ахиран ба ватан бозгашта ва худро довталабона ба пулис таслим кард.

Бо анҷоми муҳокимаи парвандаи ӯ дар додгоҳ парвандаи марбут ба ҳодисаи қатли Парвиз Давлатбеков, ки вокуниши зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар дошт, баста шуд.

Дар чорчӯби ин парванда додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон Фирдавс Муродови 24-соларо ба пардохти ҷарима водор кард. Фирдавс Муродов низ худро довталабона ба кормандони интизомӣ таслим карда буд ва дар содир кардани ин ҷурм, яъне ҳамла ба Давлатбеков иқрор шуда буд.

Аммо моҳи майи соли 2012 додгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор тан аз сокинони ҷавони Душанберо дар қатли Парвиз Давлатбеков муҷрим шинохта ва се нафар аз онҳоро барои аз се то даҳ сол ба зиндон фиристода ва як нафари дигарро ҷарима кард.

Фирӯз Нарзиқулов, яке дигар аз ҷавонони шомили гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар қатли Парвиз Давлатбеков даст дошт, тобистони соли гузашта тавассути додгоҳи шаҳрӣ ба пардохти ҷарима водор шуд.

Парвиз Давлатбеков шоми Соли нави мелодии 2012, дар маҳаллаи мавсум ба Профсоюзи шаҳри Душанбе, замоне, ки равонаи манзили пайвандонаш барои шодбоши Соли нав буд мавриди ҳамлаи як гурӯҳи ҷинояткор қарор гирифта буд.

Бо вуҷуди он ки ахиран додгоҳҳи Тоҷикистон иддае аз ҷавононро ба иртикоби авбошӣ ва қатл равонаи зиндонҳо карданд, гуфта мешавад, ахиран сатҳи ҷароим дар миёни навҷавонон аз ҷумла задухӯрдҳо миёни ноболиғон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда ва дар бархе аз ин задухӯрдҳо гурӯҳҳои даргир барои пирӯзӣ бар рақибон аз чоқу ва калтакҳои оҳанин истифода мекунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки дар навоҳии мухталифи шаҳр кормандони интизомӣ бо волидону ҷавонон ҷаласаҳои вижа баргузор кунанд.

Ин дастури Маҳмадсайид Убайдуллоев ба дунболи кушта шудани донишҷӯйе аз сӯйи шогирди 16-солаи мактаби шумораи 37-и шаҳр иттихоз шуд.

Матолиби муртабит