Вуҷуҳи заъф ва қуввати ҳукумати 21-солаи Эмомалӣ Раҳмон

  • 30 Октябр, 2013

<object width="640" height="360" type="application/x-shockwave-flash" data="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf"> <param name="movie" value="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf" /> <param name="quality" value="high" /> <param name="wmode" value="default" /> <param name="allowFullScreen" value="true" /> <param name="allowScriptAccess" value="always" /> <param name="flashvars" value="playlist=http://www.bbc.com/archivist/persian/meta/dps/2013/10/emp/131030_l93_tajik_rahman.emp.xml&config=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/scripts/core/2/emp_jsapi_config.xml?504&config.plugins.fmtjLiveStats.pageType=t2_eav1_Started&config_settings_language=en&config_settings_displayMode=standard&showShareButton=true&embedReferer=http://www.bbc.com/archivist/persian/iran/2013/10/131030_forbes_2013_most_powerful.shtml&config_settings_autoPlay=false&uxHighlightColour=0xff0000&relatedLinksCarousel=false&domId=emp-27993282&messagesFileUrl=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/emp/3/vocab/en.xml&mediatorHref=http://static.files.bbci.co.uk/news-archive/open.live.bbc.co.uk/mediaselector/5/select/version/2.0/mediaset/journalism-pc/transferformat/plain/vpid/{id}&embedPageUrl=http://www.bbc.com/archivist/persian/world/2013/10/131030_l93_tajik_rahman.shtml&config_settings_showFooter=false&config_settings_showPopoutButton=true&config_settings_autoPlay=false" /> <embed src="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf" type="application/x-shockwave-flash" allowfullscreen="true" allowScriptAccess="always" width="640" height="360" FlashVars="playlist=playlist=http://www.bbc.com/archivist/persian/meta/dps/2013/10/emp/131030_l93_tajik_rahman.emp.xml&config=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/scripts/core/2/emp_jsapi_config.xml?504&config.plugins.fmtjLiveStats.pageType=t2_eav1_Started&config_settings_language=en&config_settings_displayMode=standard&showShareButton=true&embedReferer=http://www.bbc.com/archivist/persian/iran/2013/10/131030_forbes_2013_most_powerful.shtml&config_settings_autoPlay=false&uxHighlightColour=0xff0000&relatedLinksCarousel=false&domId=emp-27993282&messagesFileUrl=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/emp/3/vocab/en.xml&mediatorHref=http://static.files.bbci.co.uk/news-archive/open.live.bbc.co.uk/mediaselector/5/select/version/2.0/mediaset/journalism-pc/transferformat/plain/vpid/{id}&embedPageUrl=http://www.bbc.com/archivist/persian/world/2013/10/131030_l93_tajik_rahman.shtml&config_settings_showFooter=false&config_settings_showPopoutButton=true&config_settings_autoPlay=false"></embed> </object>

Пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ Тоҷикистон дастхуши эътирозҳо ва рӯёрӯиҳо миёни тарафдорони низоми кумунистӣ ва нерӯҳои исломгаро шуд.

Дар ниҳоят, дар моҳи ноябри соли 1992 иҷлоси порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон, чеҳраи тақрибан ношинохтае дар он замонро, ба раҳбарии кишвар баргузид, ки то кунун зимоми умурро дар ин кишвари фақири Осиёи Миёна дар даст дорад.

Вуруд ба арсаи сиёсат

Image caption Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон қудратро дар Тоҷикистон ба даст гирифт, чиҳил сол дошт ва чандон шинохташуда набуд

Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон қудратро дар Тоҷикистон ба даст гирифт, чиҳил сол дошт. Он вақт Тоҷикистон дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхт.

Корномаи Эмомалӣ Раҳмон иборат аз ду даҳа фаъъолият дар умури кишоварзӣ, узвият дар порлумони Тоҷикистон ва чанд моҳ раёсати вилояти Кӯлоб, дар ҷануби кишвар буд.

Пас аз ду соли пой гузоштанаш ба рикоби қудрат, дар моҳи ноябри соли 1994 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон пирӯз эълом шуд. Агарчӣ Абдулмалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешин ва танҳо рақибаш, иддаъо дошт, ки пирӯзи воқеъӣ ӯст.

Дар соли 1994, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳидояти Русияву Эрон ва миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид музокира бо мухолифони исломияшро оғоз кард. Ин музокирот тобистони соли 1997 ба имзои мувофиқатномаи сулҳ анҷомид.

Худойбердӣ Холиқназаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, он замон узви ҳайъати мухолифон дар музокироти сулҳ буд.

Оқои Холиқназаров хадамоти Эмомалӣ Раҳмонро чунин баршумурд: “Аз нав ҷамъ кардани миллат, овардани гурезаҳо аз тамоми минтақаҳо дубора ба Тоҷикистон, шурӯъ кардани музокироти сулҳ ва имзои созишномаи сулҳ, яъне пойдорӣ ва таъмини сулҳ дар Тоҷикистон, ки муҳиммтарин хидмати раисҷумҳур аст.”

'Фурсати аздастрафта'

Image caption Давлат Усмон интихоботи соли 1999-ро фурсате аздастрафта барои эҷоди як фазои солими рақобати сиёсӣ медонад

Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 бори дуюм номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуд. Ин бор Давлат Усмон, аз раҳбарони мухолифони пешин, дар баробари оқои Раҳмон қарор гирифт.

Оқои Усмон он интихоботро фурсати муносиби "аздастрафта" барои эҷоди як фазои солими рақобати сиёсӣ байни ҳукумат ва мухолифон медонад.

Вай мегӯяд: “Агар мухолифони ҳамонвақта пофишорӣ мекарданд, дар он манотиқе, ки зери нуфуз ва кунтрули мо буд, мо метавонистем ҳадди ақал 15-20 дарсади ороро ба даст оварем ва ин сабаби тавозун мешуд."

"Ҳукумат ҳам бо доштани як рақиби сиёсӣ фаъъолтар мешуд ва имрӯз шояд кишвари мо мутараққитар мешуд.”

Тағйири Қонуни асосӣ аз тариқи ҳамапурсии соли 2003,муддати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ ба ҳафт сол афзоиш дод.

Раҳматило Зоиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз ду даври панҷсолаи раёсати ҷумҳурӣ дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2006 ва интихоботи феълиро надошт.

Албатта, тарафдорони оқои Раҳмон ин суханони Раҳматило Зоировро бепоя медонанд.

Бахтовар Сафаров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: “Муқаррароти интиқолие, ки ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар натиҷаи раъйпурсии соли 2003 ворид карда шуд, баъд аз соли 2006 қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекард."

Вай меафзояд: "Ба ҳамин далел, аз соли 2006 то 2013 ва дар соли 2013 низ пурра Раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қонун ҳуқуқ дорад номзадии худро ба мансаби раиси ҷумҳурӣ бигзорад.”

'Тарҳҳои баландпарвозона'

Image caption Умеди Давлатзод: "Ҳадди фақр дар Тоҷикистон беш аз 80 дарсад буд ва айни замон андаке беш аз 30 дарсад аст”

Ҷудо аз ин баҳсҳо, бо таҳаққуқи субот, Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи дуюми раёсаташ ба масоили рушди иқтисодӣ бештар таваҷҷуҳ кард.

Соле пеш тунели Шаҳристон ифтитоҳ шуд, ки онро шараёне дар баданаи иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Ин тунел иртиботи байни марказ ва шимолро дар чаҳор фасли сол имконпазир сохт.

Мақомот иҷрои чунин тарҳҳоеро барои раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ ва коҳиши фақр пураҳаммият медонанд.

Умеди Давлатзод, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: “Ҳадди фақр ё камбизоъатӣ дар Тоҷикистон беш аз 80 дарсад буд. Ва бар асоси арзёбии коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ айни замон ҳадди фақр андаке беш аз 30 дарсад аст.”

Мунтақидони оқои Раҳмон мегӯянд, ӯ дар иҷрои бисёре аз тарҳҳои баландпарвозонаи иқтисодияш ноком мондааст. Аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун", ки чанд соли пеш тарҳи миллӣ эълом шуда буд.

Мухолифати сарсахтонаи Узбакистон боъис шуд, то Бонки Ҷаҳонӣ ба арзёбии фаннии ин тарҳ иқдом кунад.

Баҳсҳо бар сари садди "Роғун" идома дорад, вале садҳо ҳазор хонавода ҳамчунон дар мавсими сармо аз бебарқӣ ранҷ мебаранд.

Мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон, ӯро ба тамаркузи қудрат ва суимудирият ҳам муттаҳам мекунанд.

Эътилофи ислоҳталабон чи мехоҳад?

Image caption Оқои Тураҷонзода мегӯяд Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ мехоҳад

Имсол дар остонаи интихобот аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи давлат даст ба кор шуданд ва эътилофе ба номи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон таъсис доданд.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос ва аз раҳбарони мухолифони пешин, узви ин эътилоф аст.

Ӯ дар бораи ҳадафи ин эътилоф гуфт: "Мо ислоҳоти сиёсӣ мехоҳем. Ислоҳоти сиёсиро ҳам агар бо ду калима баён кунам, мо мехоҳем тамоми мансабдорҳо аз тариқи интихоботи озоду шаффоф дар назди интихобкунандаҳои Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда бошанд."

Вай меафзояд: "То ин кор амалӣ нашавад, ҳеҷ вақт мансабдор дар хидмати мардум намешавад."

Нерӯи аслии эътилофи мухолифони ислоҳталаби Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ аст. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, мегӯяд, умедвор аст дар даври баъдии раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, равиши мудирияти кишвар, тағйир кунад.

Вай афзуд: "Оқои Раҳмон агар хоҳад, ки бо як равиши ҷадид кишварро идора кунад, бояд тими ҷадидро даъват кунад ва шахсони мустақиллро, ки дидгоҳи нав дошта бошанд ва раҳбарони замони буҳронӣ набошанд, ба мардум дидгоҳҳои мусбат бидиҳанд ва бо роҳу равиши нав кишварро идора бикунанд.”

Image caption Дар сурати пирӯзӣ ва анҷоми як давраи дигари ҳафтсола, Эмомалӣ Раҳмон бо 28 соли раёсаташ дарозумртарин раҳбари Тоҷикистон хоҳад буд.

Коршиносон фақру бекорӣ, муҳоҷирати беш аз як милюн нафар ба хориҷ ва вобастагии давлат ба пули муҳоҷиронро аз дигар нуқоти заъфи Эмомалӣ Раҳмон ва тими ӯ дар ду даҳаи ахир арзёбӣ мекунанд.

Ба назари онҳо, набуди як нерӯи қавии мухолиф боъис шуда, то панҷ нафари тақрибан ношинохтае дар баробари Эмомалӣ Раҳмон довталаби мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи 6 ноябри соли 2013 шаванд.

Бо канор рафтани Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади мухолифон аз рақобатҳо, дар ин ки оқои Раҳмон ҳафт соли дигар раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд, тақрибан тардиде нест.

Ва дар сурати пирӯзӣ ва анҷоми як давраи ҳафтсолаи дигар, Эмомалӣ Раҳмон бо 28 соли раёсаташ дарозумртарин раҳбари Тоҷикистон аз оғози таъсиси ин ҷумҳурии собиқи шуравӣ дар соли 1924 хоҳад буд.