'Созандагони Ватан' барои ҳимоят аз Раҳмон роҳпаймоӣ мекунад

Нахустин роҳпаймоии густарда тайи ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон қарор аст зарфи ду рӯзи оянда дар марокизи шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар барпо шавад.
Аммо ин роҳпаймоии эътирозӣ нест. Созмони мавсум ба "Созандагони Ватан" гуфтааст, ки ин роҳпаймоиро дар ҳимоят аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва яке аз шаш номзад барои интихоботи 6 ноябр, дар чорчӯби барномаи корзори интихоботи ӯ баргузор мекунад.
"Созандагони Ватан" шохаи ҷавонони Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии оқои Раҳмон маҳсуб мешавад, ки тобистони соли 2011 бо пешниҳоди худи раисҷумҳур ва ба манзури ҷалби ҷавонони бештар суфуфи ҳизби халқи демукрот таъсис шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ин созмон, қарор аст ҳудуди сад ҳазор нафар аз ҷавонон рӯзҳои 2 ва 3 ноябр, аввал дар шаҳру навоҳӣ ва сипас, дар Душанбе, пойтахт, бо шиъори "Президенти мо!" роҳпаймоӣ кунанд.
Ин роҳпаймоӣ ба ҳимоят аз номзадии раиси ҷумҳурии феълӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад, барномарезӣ шуда ва ба гуфтаи таҳлилгарон, як навъ ба намоиш гузоштани "маҳбубият ва пуштвонаи мардумии оқои Раҳмон" дар остонаи интихобот аст.
Роҳпаймоии 2 ноябр соъати 8-и субҳ дар марокизи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст. Ин роҳпаймоӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 3 ноябр барпо шуда ва дар муҷтамаъи "Наврӯзгоҳ" бо анҷоми як барномаи кунсертӣ бо ширкати ситораҳои мусиқии тоҷик поён хоҳад ёфт.
Дар сурати баргузорӣ, ин нахустин роҳпаймоии густарда дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир хоҳад буд, ҳарчанд на барои ибрози норизоятӣ ё эътироз, балки барои ҳимоят аз раиси ҷумҳурӣ барпо мешавад.
Аз замони оғози ҷанги дохилӣ ба ин сӯ, ҳеҷ гурӯҳ, ҳизб ё созмоне иҷозаи баргузории роҳпаймоиҳо ва тазоҳурот дар шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дарёфт накардааст, ҳарчанд дархости мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои иҷозаи тазоҳурот аз мақомоти ин кишвар дар гузашта кам набудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи мухолифон, шаҳрдории Душанбе дар гузашта дархостҳои онон барои баргузории тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои мусолиматомези эътирозиро ҳамвора рад кардааст.
Зимнан, номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ, ки тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар даст дорад, ба иловаи ҳизби ҳокими халқи демукрот, аз сӯйи Созмони ҷавонон ва Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ, ду созмони иҷтимоъии бозмонда аз Шӯравӣ ва таҳти кунтрули давлат, пешниҳод шудааст.
Оқои Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр ҳамроҳ бо панҷ номзад аз аҳзоби кумунист, сусиёлист, демукрот, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар ҷомеъа чандон шинохташуда нестанд, ширкат мекунад.
Ойниҳол Бобоназарова, номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз ҳимояти эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ба номи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб бархурдор буд, ба ҷамъоварии шумори кофии имзоҳо барои сабти номзадияш муваффақ нашуд ва аз рақобатҳо канор рафт.
