Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон интихоботро таҳрим кард

  • 31 Октябр, 2013
Зойиров
Image caption Оқои Зойиров аз мунтақидони аслии Президент Раҳмон маҳсуб мешавад

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршинос ва аз мунтақидони аслии Президент Раҳмон, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кард.

Тасмими ин ҳизб ба таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор аст 6 ноябр баргузор шавад, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 31 октябр дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии он гирифта шудааст.

Дар мусаввабаи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот, ки дар торнамои ин ҳизб мунташир шуд, омадааст, ки бино бар набудани иродаи сиёсӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "бар хилофи Қонуни асосӣ ва дар асоси тақаллуби муташаккил" баргузор мешавад ва хилофи манофеъи миллӣ ва демукросӣ аст.

Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот муддаъист, ки интихоботи 6 ноябр ба асоси қонуни "номукаммал ва ғайриконститутсионӣ, нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо" сурат мегирад.

Дар ин мусавваба ҳамчунин омадааст, ки ин ҳизб интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, бо панҷ номзади камтар шинохташуда аз аҳзоби кумунист, сусиёлист, демукрот, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, рақобат мекунад, "интихоботе ғайриқонунӣ ва қалбакӣ" эълом мекунад.

Пештар, Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, дар суҳбат Бо Би-би-сӣ яке аз далоили аслии таҳрими интихобот аз сӯйи ҳизби сусиёл-демукротро, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф маҳсуб мешавад, қонуни нокомили интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва тахаллуфоти густарда дар ҷараёни ҷамъоварии имзо барои номзади мухолифон хонда буд.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, маҳрум кардани зиёда аз якуним милюн муҳоҷири корӣ аз ҳаққи ҷамъоварии имзо, сабт нашудани номзади мухолифон, Ойниҳол Бобоназарова, пешниҳод ва сабти номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳизби сусиёл-демукрот онро ғайриқонунӣ медонад, аз далоили дигари таҳрими интихобот аст.

Дар мусаввабаи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот ҳамчунин омадааст: "Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳолати буҳрони Қонуни асосӣ ворид шуд. Қонуни асосӣ, қонун ва ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон беқадр гардид. Бо натиҷагирии раванди интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ба сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва идораи давлатӣ хатар таҳдид мекунад."

"Бино бар ин, натиҷаи интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакиро, ки хилофи Қонуни асосӣ, манфиъатҳои миллӣ ва арзишҳои демукротик мебошад, Ҳизби сусиёл-демукрот эътироф надорад ва интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 6 ноябри 2013 таъйин гардидааст, таҳрим (бойкот) менамояд."

Ҳизби сусиёл-демукрот агарчи ҳеч номзадеро барои интихобот расман муъаррифӣ накардааст, вале ба унвони яке аз аъзои умдаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, ҳимояти худро аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова эълом карда буд.

Хонуми Бобоназароваро Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, ба унвони номзад муъаррифӣ кард, аммо тими ӯ муваффақ нашуд дар муҳлати таъйиншуда шумори кофие аз имзоҳои тарафдоронашро барои таъйиди номзадияш ҷамъоварӣ кунад.

Худи хонуми Бобоназарова ва аъзои тимаш мақомоти маҳалли давлатиро дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон ба эҷоди мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзо барои сабти номзадии ӯ муттаҳам кардаанд.

Онҳо ҳамчунин Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки бо иҷоза надодани ҷамъоварии имзо дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар, аслии баробарӣ дар интихоботро нақз карда ва аз ширкати номзади мухолифон монеъ шудааст.

Аммо Кумисиюни марказии ҳамапурсӣ ва интихобот ин иттиҳомотро рад карда ва мегӯяд, ки аъзои тими Ойниҳол Бобоназарова, дар замони таъйиншуда имзоҳои худро ба кумисиюн таҳвил надодаанд.

Ҳизби сусиёл-демукрот танҳо ҳизби расмиест, ки ба таври ошкор интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр дар Тоҷикистонро таҳрим мекунад. Қаблан раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ эълом карда буданд, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунанд, вале "ин ба маънои таҳрими интихобот нест."

Бархе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъъолият доранд, аз ҷумла ҳаракати "Ватандор" ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидӣ ва мухолиф, низ эълом кардаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр дар Тоҷикистонро таҳрим мекунанд ва аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки рӯзи интихобот ба пойи сандуқҳои раъй нараванд.

Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ҳануз ҳеч вокунише ба ин иқдом накардааст.

Зимнан, анҷумани ҳизби сусиёл-демукрот, ки рӯзи 12 октябр баргузор шуд, аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ хоста буд, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, лағв ва аз хонуми Бобоназароваро сабт кунад, вагарна ин ҳизб интихоботро таҳрим мекунад.

Дар мусаввабаи ин анҷуман омада буд, ки дар сурати иҷро нашудани ин дархост Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот дар мавриди наҳваи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, аз ҷумла эҳтимоли таҳрими интихобот, тасмими ниҳоиро хоҳад гирифт.

Матолиби муртабит