Мушкили сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон чист?

  • 1 Ноябр, 2013
Image caption Рестурони "Баҳор"-и оқои Боғбонӣ замоне байни эрониёни Душанбе шинохташуда буд, аммо акнун як моҳ мешавад, ки таътил аст

Эрониҳо ва тоҷикҳо муштаракоти зиёде доранд, ки муҳимтарини онҳо забонашон аст. Аммо ин ҳамзабонӣ ҳам кумак накарда, то Эрон аз назари сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигар пешӣ бигирад.

Мавонеъ ва мушкилоте, ки барои эрониҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, боъиси дилсардии хеле аз туҷҷор ва соҳибони ширкатҳои эронӣ шуда ва онҳо бисоташонро аз Тоҷикистон ҷамъ кардаанд.

Фасли хазони “Баҳор”

“Баҳор” яке аз чанд рестурони эронӣ дар шаҳри Душанбе аст. Ин рестурон замоне байни эрониёни ин шаҳр шинохташуда буд. Аммо акнун як моҳ мешавад соҳибаш ин ҷоро таътил карда.

Ҳодии Боғбонӣ дар бораи далоили ин тасмимаш гуфт: "Ҳар рӯз аз як марказ, ҳар рӯз аз як хадамот меомаданд, занг мезаданд, ин омада, инро мехоҳад, аз фалон хадамот омаданд, ин эродро мегиранд ва хеле мавоқеъ эродҳои нобаҷое мегирифтанд.”

Оқои Боғбонӣ афзуд: “Дарвоқеъ ҷавониби кор, чун ман ба кори дигаре машғул будам, ин қадр барои мо дарди сарҳо ва музоҳиматҳое дошт, ки тарҷеҳ додам ин ҷоро бибандам.”

Image caption Оқои Номдор мушкили аслии тоҷирони эрониро дар Тоҷикистон набуди амнияти сармоягузорӣ медонад

Шаҳроми Номдор, ҳуқуқдони эронист, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Ӯ пас аз пайгирии чанд қазияи додгоҳии тоҷирони эронӣ ба ин натиҷа расид, ки мушкили аслии онҳо дар Тоҷикистон набуди амнияти сармоягузорӣ аст.

Оқои Номдор мегӯяд: “Тоҷири эронӣ, ки эҳсос кунад сармояаш ин ҷо амн нест, сармоя бояд аз тарафи давлат замонат шавад, корхона, ки ин ҷо месозад, сармоягузорӣ, ки дар ҳаҷми калон мекунад, ин манут (вобаста) ба имтиёзҳои вежае ҳаст.”

Вай афзуд: “Дар заминаи панба маъмулан тоҷирони эронӣ меоянд, дар ҳаҷми калон пешпардохт мекунанд, баъд мебинӣ, ки дучори мушкил мешаванд.”

Пас аз истиқлоли Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ дар ин кишвар сабти ном шуданд. Аммо имрӯз ҳатто як cевуми ин ширкатҳо ҳам фаъъол нестанд.

Мушкили раводид

Абдулваҳҳоби Сибғӣ яке аз тоҷирони муваффақи эронӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳудуди бист сол аст, ки бо хонаводааш дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад.

Оқои Сибғӣ соҳиби се ширкат, аз ҷумла дар бахши тавлиди лабаниёт (маҳсулоти ширӣ) аст. Ӯ мушкили дарёфти визоро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи фаъъолияти сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон медонад.

Оқои Сибғӣ дар ин бора гуфт: “Асли қазия, ки ин ҷо як каме барои сармоягузорон мушкил аст, ин раводид аст. Яъне як визоро ба оқое, ки ниёзманд аст, медиҳанд, вале ин хеле меравад ва меояд ва хеле азият мешавад.”

Image caption Оқои Сибғӣ, ки яке аз тоҷирони муваффақи эронӣ дар Тоҷикистон аст мушкили дарёфти визоро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи фаъъолияти сармоягузорони эронӣ аст

Ин тоҷири эронӣ афзуд: “Эрониҳо, сармоягузорон, туҷҷор омаданд, ин ҷо даъват шуданд ва бархурдҳое бо онҳо шуда ва ё печидагии қавонинро диданд, ба мазоқашон дуруст наёмад ва раҳо карданд корро, гузаштанд аз он ва баргаштанд.”

Эрон муҷрии тарҳҳои бузурге ҳам ҳаст, мисли садди “Сангтуда- 2” дар ҷануби Тоҷикистон. Ду сол аз оғози кори ин нерӯгоҳ мегузарад.

“Сангоб”, ширкати муҷрии ин тарҳ, мегӯяд, ки ширкати “Барқи Тоҷик” барои истифода аз нерӯи барқи ин нерӯгоҳ ҳудуди 20 милюн дулор қарздор шуда.

Вале маълум нест, ки Тоҷикистон чи вақт маблағи истифода аз нерӯи барқи “Сангтуда-2”-ро ба Эрон пардохт хоҳад кард.

Фасод – монеъи сармоягузорӣ

Ба эътиқоди бисёре, решаи мушкилот дар Тоҷикистон фасоди густардаи молист.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки фасод дар роҳи сармоягузорӣ яке аз ҷиддитарин мавонеъ мебошад.

Вай афзуд: “Вақте аз сармоягузор талаб мекунанд, ки ин қадар пул ба ман бидеҳ, ман барои шумо замин ё шароити дигарро фароҳам меоварам, сармоягузорони хориҷӣ ангушти ҳайрат мегазанд, ки чаро ман пул медодаам, вақте ки мехоҳам дар ин ҷо сармоягузорӣ кунам?”

Дилсардии як сармоягузори хориҷӣ аз мавонеъ ва печидагиҳои кор дар Тоҷикистон боъис мешавад, ки даҳҳо тани дигар аз овардани сармояашон ба ин ҷо худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки як сармоягузори хориҷӣ метавонад барои садҳо шаҳрванди Тоҷикистон машоғил эҷод кунад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон фазоро барои сармоягузорони хориҷӣ дар ин кишвар муносиб медонанд ва мегӯянд ҳоло 55 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи ду милёрд дулор дар ин кишвар иҷро мешавад.

Бо рӯйи кор омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ, умеди бахши хусусии Эрон ба беҳбуди равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон бештар шуда.

Интизор меравад дар ҷараёни дидори расмии оқои Рӯҳонӣ аз Тоҷикистон, ки гуфта мешавад дар авохири моҳи ояндаи милодӣ сурат хоҳад гирифт, масоили марбут ба ҳузури иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Матолиби муртабит