Ҳизби Мирҳусейн Назриев интихоботро таҳрим мекунад

  • 1 Ноябр, 2013
Назриев
Image caption Ҳизби сусиёлисти ҷиноҳи Мирҳусайн Назриев низ интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кардаааст

Ба дунболи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон Ҳизби сусиёлисти ҷиноҳи Мирҳусайн Назриев низ интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кардаааст.

Оқои Назриев дар як баёния, далели таҳримро "шаффофу озод набудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва дар чорчӯби нақша ё сенориёи қаблан тарҳрезишудаи давлати Тоҷикистон анҷом шудани ин тадибри муҳими сиёсии кишвар" унвон кард.

Ӯ ҳамчунин рақибони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии амалкунанда ва номзади интихоботро “номзадҳои хайрхоҳ” ба Эмомалӣ Раҳмон хонд.

Дар ин баёния аз фаъъолиятҳои Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби сусиёлист ва номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ интиқод шудааст. Оқои Назриев аз ҷумла оқои Ғаффоровро дар сирқати 165 ҳазор сомонӣ аз Ҳизби сусиёлист дар моҳи марти соли 2000 муттаҳам мекунад ва мегӯяд вай ба ин далел аз суфуфи ин ҳизб ихроҷ шуда ва дар соли 2004 бо мудохила ва пуштибонии ошкори давлати Тоҷикистон раёсати ҲСТ-ро касб карда буд.

Дар баёния мехонем, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои демукротик набудани Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон”, ғайриқонунӣ будани сабти номзадии Эмомалӣ Раҳмон барои рақобат барои даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот, сабти ном нашудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон ва “роҳандозии шахспарастӣ ва таблиғоти шоҳсолорӣ” дар ин кишвар, ин ҷиноҳи ӯро ба таҳрими интихоботи қарибулвуқӯъ ва эътироф накардани натоиҷи он водор мекунад.

Женерол Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ, ки феълан дар русия ба сар мебарад, зимни як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" аз мардуми Тоҷикистон даъват кардааст, аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6-уми ноябр худдорӣ кунанд.

Оқои Пояндашоев гуфтааст: "Ҳукумати феълӣ тайи беш аз 21 соли ҳукмронияш таъқиби мухолифину дигарандешонро пеша карда, ба хотири ғаразҳои шахсӣ аз роҳҳои ғайриқонунию ғайриконститутсионӣ кор мебарад. Бинобар аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунам, дар интихоботи президентӣ ширкат накунанд."

Рӯзи панҷшанбеи 31 октябр Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукрот, ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ба иллати муғойир будан ба Қонуни асосӣ ва вуҷуди тақаллуби фаровон ин ҳизб интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябри соли ҷориро таҳрим хоҳад кард.

Дар Анҷумани ин ҳизб дар рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) тақозо шуда буд, то номзадии Эмомалӣ Раҳмонро лағв ва номзадии Ойниҳол Бобоназароваро сабт кунад. Дар ғайри ин сурат ин ҳизб интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим хоҳад кард.

Аммо мақомоти КМИҲ ин тақозоро нодида гирифта ва гуфтанд, ба далели дар муддати муқаррар пешниҳод нашудани имзоҳои мавриди ниёз ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова ин ниҳод аз сабти номзадии хонуми Бобоназарова худдорӣ кардааст.

Қаблан ҷунбиши “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” низ интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии кишварро таҳрим карда ва аз ҷонибдорони худ даъват карда буданд, ки дар рӯзи интихобот ба пойи сандуқҳои раъй нараванд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфт, таҳрими ин аҳзобу созмонҳои мухолифи давлат ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ асари чандоне нахоҳад дошт.

Оқои Додоев гуфт: "Дар Тоҷикистон беш аз 4 милюн интихобкунанда аст ва бойкот кардани баъзе ҳизбҳои мухолиф, ки тарафдорони зиёде надоранд, ба раванди интихобот таъсире надорад."

Ин дар ҳолест, ки шӯрои сиёсииҲизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат расман интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим накарда вале гуфтааст, ки “аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад.”

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки “ҲНИТ ҷуръати таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳуриро надорад.”

Матолиби муртабит