Пешниҳоди лағви таълиқ дар иҷрои ҳукми эъдом барои муҳоҷирони кории ҷинояткор

  • 21 Ноябр, 2013
Муҳоҷирон
Image caption Эътирози муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мавориди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Либерол-демукротҳои Русия пешниҳод кардаанд, ки мораторӣ ё таълиқ дар иҷрои ҳукми қатл барои муҳоҷироне, ки муртакиби ҷиноёти сангин мешаванд, лағв шавад.

Дар ин бора фроксиюни Ҳизби либерол-демукроти Русия (ҲЛДР) ба Думои давлатии ин кишвар пешнависи қонун дар бораи сангинтар сохтани муҷозот барои муҳоҷирони корӣ пешниҳод кардааст.

Дар Русия ба мисли Тоҷикистон ҳукми эъдом ба таълиқ даромадааст ва барои иртикоби ҷароими сангине назири террурисм, қатл ё таҷовуз ба номус, қонуни ин кишварҳо ҳукми ҳабси абадро ҷойгузини ҳукми қатл кардааст.

Роман Худяков, намояндаи ҲЛДР дар Думои Русия ва аз муаллифони тарҳи пешнависи қонун дар бораи сангинтар сохтани муҷозот барои муҳоҷирони корӣ ба нашрияи “Известия”-и чопи Маскав гуфтааст, танҳо аз тариқи коргирии муҷозоти сангин аз афзоиши ҷароим миёни муҳоҷирони корӣ дар Русия ҷилавгирӣ кардан мумкин будааст.

Ӯ гуфтааст: “Ҳукми қатл, ҳабси абад ва ихроҷ ё депорт барои 15 сол аз ҷумлаи тадобири сахтгиронаест, ки метавонад аз густариши домани ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон ҷилавгирӣ кунад. Дар Омрико ҳукми эъдом иҷро мешавад, дар кишварҳои дигар барои дуздӣ даст қатъ мегардад.”

Ҳамзамон, ӯ гуфтааст, ҳукми эъдом на танҳо дар қиболи муҳоҷирони корӣ, балки бояд барои афроде низ, ки даст ба таҷовузи номуси кӯдакон задаанд, ё дар куштори ҷамъӣ муқассир ҳастанд, кор гирифта шавад.

Ҳизби либерол-демукроти Русия (ҲЛДР) ба раҳбарии Владимир Жириновский дар қиболи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия мавзеъи хашин дорад. Дар моҳи гузашта масъулони ин ҳизб аз Дмитрий Медведев, нахуствазири кишвар хостанд, то барои интиқоли маболиғи муҳоҷирони корӣ ба кишварҳояшон мораторий эълом кунад, то ба ин васила муҳоҷирони корӣ водор ба тарки Русия шаванд.

Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2012 аз ин кишвар ба мамолики Иттиҳоди Шӯравии пешин ба миқдори 17, 8 милёрд дулор пул интиқол шудааст, ки бахши аслии ин маболиғ ба Укройн, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ворид шудааст.

Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар мулоқоти худ бо Владимир Жириновский, раҳбари ҲЛДР дар ҳафтаи гузашта гуфт, ки пешниҳодҳо барои иттихози тадобири сахтгирона алайҳи муҳоҷирони кориро ғайри қобили қабул хонд.

Матолиби муртабит