Пулиси рус аз боздошти як тоҷикистонӣ ба занни кӯдакозорӣ хабар дод

  • 5 Ноябр, 2013

Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба занни кӯдакозорӣ (педофилия) дар шаҳри Маскав, пойтахти он кишвар, хабар додааст.

Тавре ки дар торнамои (сойти) расмии ин вазорат омадааст, ин табаъаи 28-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав боздошт шуда ва ӯ ҳамчунин ба таъсиси чаҳор гурӯҳи хусусии тавзеъкунандаи маводди пурнугрофӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ муттаҳам шудааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи сешанбеи 5 ноябр пахш шуд, омада, ки ин шаҳрванди тоҷик наворҳое аз кӯдакозориро дар интернет гузошта ва алоқамандон бо даъвати хусусӣ метавонистаанд ин наворҳоро тамошо кунанд.

Пулиси Русия ҳувияти ин фардро ифшо накарда, аммо гуфтааст, ки пешаи ӯ наққошӣ будааст.

Таҳқиқи муқаддамотии пулис даст доштани ин мард дар озории ҷонсии як духтари 9-соларо собит карда ва масъулон мегӯянд, ки шавоҳиди аъмоли хушунтаомез дар қиболи се кӯдаки се то чаҳорсоларо низ таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ин марди 28-сола бо модарони кӯдакон аз наздик ошно шуда ва сипас кӯдакони онҳоро озори ҷинсӣ карда ва ин аъмоли худро ба навор гирифта ва онро дар сойтҳои хусусии худ мегузоштааст.

Кормандони пулиси Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд ва таҳқиқоти парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.