Русия дар СММ нажодпарастиро шеваи ҷадиди “усули нозӣ” арзёбӣ кард

  • 15 Ноябр, 2013
Нозӣ ва миллатгароӣ
Image caption Коршиносон: "Мақомоти Русия муваззаф хоҳанд шуд, ки мубориза бо милатгароиро тақвият кунанд"

Русия ва гурӯҳе аз кишварҳои дигар пешнависи қатъномаи зидди-нозӣ, дар бораи манъи қаҳрамонсозӣ аз нозиро ба Маҷмаъи умумии Созмони Милалаи Муттаҳид ироа додааст.

Дар таҳияи ин пешнависӣ ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Белорус, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Сирия бо Русия шарик будаанд ва ин пешнавис рӯзи сешанбе ба СММ ироа ёфтааст. Гуфта мешавад баррасии ин санад қабл аз фарорасии соли нав дар ҷалласае Маҷмаъи умумии СММ матраҳ хоҳад шуд.

Григорий Лукьянцев, намояндаи доимии Русия дар СММ, зимни муъаррифии матни ин қатънома дар ҷаласаи севвуми кумитаи Маҷмаъи умумӣ бо интиқоди шадид аз мавориди таҷлил ва ё ба некӣ ёд кардани афроде, ки дар ҷиноёти нозӣ даст доранд, ин корро "комилан ғайри қобили қабул" ва "беҳурматӣ ба воқеъияти таърихӣ" хонд.

Ба эҳтимоли зиёд ишораи ин ҳафрҳои оқои Лукьянцев ба кишварҳои Болтик аст, ки бар сари мавзӯъи кӯч додан ва ё аз миён бурдани бархе аз ёдгориҳои даврони ҷанг бо мақомоти Русия баҳсҳо доштаанд.

Зимнан дар поизи соли гузашта, Маҷмаъи умумии Созмони Милалаи Муттаҳид қатъномаеро ба тасвиб расонид ва дар он ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор дода буд, ки ҷиноёти даҳшатноки Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро фаромӯш накунанд ва аз ҳаргуна таҷлил аз нозисм (милатгароӣ) худдорӣ кунанд.

Нажодпарастӣ мушкили ҷадид дар ҷаҳон

Бо ин вуҷуд намояндаи доимии Русия дар СММ таъкид кард, ки ҳадафи таҳияи ин пешнависи қатънома ҷалби таваҷҷуҳ ба гузашта не, балки ба шароити имрӯзӣ будааст. Вай дар мавриди ҳадафи аслии таҳияи ин санад гуфтааст: “Суҳбат дар мавриди зуҳуроти ҷадид ва шадидан хатарноки нажодпарастӣ аст, ки бояд мубориза бо он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ анҷом гирад.”

Мақомоти Руссия дар ҳоле пешнависи зидди-нозиро ба Созмони Милали Муттаҳид ироа дода, ки мудофеъони ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил ҳамвора аз афзоиши нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бегонаситезӣ дар Русия иттилоъ медиҳанд.

Пахши гузоришҳо зиёд дар мавриди қатли афроди ғайрирус дар ин кишвар ба далели бегонаситезӣ дар чанд соли ахир ҳокӣ, аз мавҷудият ва фаъъолияти густардаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус аст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дода буд, ки дар соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон аҷсоди ҳудуди як ҳазор сокин интиқол ёфтааст, ки ба эътиқоди масъулони Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" ду дарсад аз ин афрод ба дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус ба қатл расидаанд.

Муҳоҷирон қурбониёни аслии милатгароён

Image caption Оқои Шарипов гуфт, ки дар Русия дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса бо муҳоҷирони кишварҳои дигар осебпазиртар ҳастанд

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки тасвиби қатъномаи Русия ва кишварҳои дигаре, ки дар таълифи он шарик будаанд, метавонад аз афзоиши бегонаситезӣ ва нажодпарасӣ дар Русия ҷиливгирӣ кунад, ё тасвиби он мақомоти русро ба таъаҳҳудоти бештаре барои ҳимоят аз ҳуқуқи афроди ғайрирус дар кишварашон муваззаф хоҳад кард?

Шодибой Атоев, коршинос дар умури муҳоҷират мегӯяд, ба назари ӯ тасвиби ин санад метавонад натоиҷи мусбат бидиҳад.Оқои Атоев мегӯяд: “Ин созмони бонуфуз бо тасвиби қатънома аз кишварҳо тақозо хоҳад кард, ки қабл аз ҳама дар қаламрави хеш зуҳуроти номатлуби миллатгароиро аз миён бибаранд ва аз фаъъолияти гурӯҳҳои аз қабили тоссарон ва гурӯӯҳои дигари тундрав, ки мардуми ғайрирус ва аз ҷумла муҳоҷирони моро азият мекунанд, ҷилавгирӣ кунанд.”

Аз сӯйи дигар бисёре аз коршиносони сиёсӣ бо ишора ба мавҷудияти гурӯҳҳои зиёди нажодпараст дар Русия, муборизаи кормандони интизомии рус бо миллатгароӣ дар он кишварро душвор медонанд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар заминаи нақзи ҳуқуқ дар муқоиса бо муҳоҷирони кишварҳои дигар осебпазиртаранд.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд таҳия ва тасвиби қатъномаи зидди-нозӣ дар СММ як гоми муҳимм аст, вале "сарнавишти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар дасти мақомоти он кишвар аст."

Аммо ӯ афзуд: “Мо набояд ҳамеша аз Русия тақозои ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми худро кунем, балки мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна низ бояд барои беҳбудии вазъи иҷтимоъӣ дар кишварҳои худ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои мардумонашон дар дохили кишвар талош кунанд. Бархе аз ин муҳоҷирон аз 20 сол ба ин сӯ дар Русия ҳастанд."

Бар асоси иттилоъи расмӣ дар Русия ҳудуди як милюн нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон машғули фаъъолият ҳастанд ва ҳудуди 200 ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик дар ду даҳҳаи ахир душаҳрвандиро низ дарёфт кардаанд.

Матолиби муртабит