Боздошти ду муттаҳам дар қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

  • 14 Ноябр, 2013
Чоқӯ
Image caption Пулис мегӯяд ду тоҷикистонӣ ба зарби чоқӯ ба қатл расидаанд

Кормандони интизомии Русия аз боздошти ду фарди муттаҳам дар қатли ду шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави кишварашон хабар додаанд.

Тавре ки дар сойти расмии Кумитаи бозрасии Русия омадааст, ин афрод дар вилояти Челябински он кишвар баъд аз як рӯзи қатли ду тоҷикистонӣ боздошт шудаанд.

Ин манбаъ баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 13 ноябр навиштааст, ки рӯзе қабл дар як манзили маскунӣ дар рустое бо номи Кайгороди ноҳияи Сосновский ҷасади ду сокини Тоҷикистон бо нишонаҳои марги иҷборӣ пайдо шудааст. Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ ин ду тоҷик бар асари зарбаҳои зиёди чоқӯ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки кормандони интизомӣ дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноиро тибқи моддаи 105 қонуни кайфарии Русия, яъне қатл боз карда ва бо гузашти як рӯз муттаҳамони онро боздошт кардаанд.

Дар ин хабар ҳуввияти муттаҳамон ифшо нашуда, вале гуфта шудааст, ки яке аз муттаҳамон дар гузашта бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин манзил машғули ҷамъоварии оҳанпора будаанд, ҳамкорӣ мекардааст. Ба гуфтаи пулис ҳарду муттаҳам ба ҳангоми иртикоби ҷурм дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия аз пулиси рус хостааст, ки ин қазияро мунсифона таҳқиқ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи итилоъи Кумитаи бозрасии Русия кормандони ин ниҳод расидагӣ ба парвандаи ҷиноии ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қатли як сокини рус дар вилояти Красноярск муттаҳаманд, ба додгоҳ барои муҳокима ироа додаанд.

Тибқи хабари ин кумита ин шаҳрвандони 21 ва 25-солаи Тоҷикистон дар соли 2012 сокини ин вилоятро ба қатл расонда ва мошини ӯро оташ задаанд. Пулиси рус ангезаи ин қатлро “хусумати шахсӣ” хондааст. Кормандони интизомии Русия хабар додаанд, ки ҳар ду фарди боздоштшуда ба содир кардани ин ҷароим иқрор кардаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон ба сар мебаранд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ аксари онҳо дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта шудаанд.

Матолиби муртабит