Ба ҳам задани барномаи консертии сарояндагони рэпи тоҷикӣ дар Маскав

  • 11 Ноябр, 2013
пустери барномаи консертии "Реп на барои пул"
Image caption Масъулони барномаи лағвшуда мехоҳанд, аз "амлакарди ношоистаи кормандони бошгоҳи “Москва Ҳолл” ба додгоҳ шикоят баранд.

Гузоришҳои расида аз Маскав хабар медиҳанд, ки барномаи консертии репсароёни тоҷик дар яке аз бошгоҳҳои ин шаҳр ба далели олуда шудани ҳавои бошгоҳ бо гоз ба ҳам задааст.

Пулиси Маскав ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад, аммо дастандаркорони консерт иддаъо доранд, ки дар ин ҳодиса кормандони амниятии бошгоҳи мавсум ба “Маскав Ҳолл”-и пойтахти Русия муқассир ҳастанд.

Аслишоҳ Акимбеков, яке аз баргузоркунандагони ин барномаи ҳунарӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки дар ин барнома ҳудуди 600 нафар аз тамошочиён ширкат доштанд ва бархе аз онҳо аз гоз масмум шудаанд.

Ӯ менависад, ки “рӯзи 10 ноябр дар вақти консерт аз тарафи кормандони бошгоҳи "Москва Ҳолл" барои бартараф кардани муноқишае, гози заҳролуд истифода шуд.” Масъулони ин барнома гуфтаанд, ки қасд доранд аз ин амлакарди кормандони бошгоҳи “Москва Ҳолл” ба додгоҳ шикоят баранд.

Оқои Акимбеков дар сафҳааш аз шоҳидони айнии ҳодиса ва афроде дар ҷараёни он масмум шудаанд, даъват кард, ки ба бемористонҳои Маскав дар мавриди вазъи саломатии худ муроҷиъат карда ва санадҳои расмиро аз пизишкон дар бораи осеб диданашон ба манзури истифодаи ин аснод ба унвони далел дар додгоҳ, ба масъулони барномаи консертӣ пешниҳод кунанд.

Бархе аз расонаҳои Русия зимни пушиши ин хабар навиштаанд, ки кормандони амниятии бошгоҳ аз дохил шудани тоҷикони бидуни билет ба бошгоҳ ҷилавгирӣ карда ва дар натиҷа миёни онҳо муноқишае рух додааст. Пас аз муддате ба навиштаи хабаргузории “РИА Новости”, замоне, ки дар саҳна “Баха”, репсарои саршиносои тоҷик овозхонӣ мекард, дар толор бӯйи гоз эҳсос шуд ва яке аз кормандони амниятии бошгоҳ рӯйис аҳна омад ва аз тамошочиён хост толорро тарк кунанд.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки муноқшаи мавриди назар байни кормандони амниятии бошгоҳ ва "як соҳибкору муҳофизонаш" рух додааст, ки нахостаанд пули билети консертро пардохт кунанд.

Масъулони ин барнома ҳамчунин ба ширкаткунандагони ин барнома, ки аз тамошои идомаи ин консерт маҳрум мондаанд, қавл додаанд, ки як барномаи дигари ҳунарии ройгон бо ширкати Исмоъил ва Баха ду репсарои маҳбуб дар миёни ҷавонон дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскав баргузор кунанд.

Матолиби муртабит