Ихроҷи ҳудуди 300 муҳоҷири мубтало ба сил аз Русия

Дар се моҳи соли ҷорӣ 290 муҳоҷири хатлонӣ аз Русия ба хотири бемории сил ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора раиси бемористони мудовои сили вилояти Хатлон хабар дод.
Сӯҳроб Камолов гуфт, ки бемории ин афрод тавассути пизишкон дар Русия мушаххас шудааст ва акнун бештари ин афрод дар бемористон ва дармонгоҳҳои шаҳру навоҳии ин вилоят таҳти назорати табибон қарор доранд.
Оқои Камолов мегӯяд, шумори бештари ин муҳоҷиронро мардон ва ҷавонписарон ташкил медиҳанд ва онҳо барои бори нахуст ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Давлатбек, исми яке аз ин муҳоҷирон аст, ки дар ноҳияи Вахш ба сар мебарад. Ӯ дар авоили моҳи март аз Маскав ба ватан бозгардонида шуд. Ҳоло Давлатбек дар дармонгоҳи мудовои бемории сили ноҳия бистарӣ аст.
Давлатбек гуфт, ки дар Русия муҳоҷирон, бавижа шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар сурате, ки гирифтори бемории сил ва ё бемории дигар шаванд, наметавонанд дар дармонгоҳҳои он кишвар табобат бигиранд. Ӯ афзуд, ки ин гуна муҳоҷирон дар зудтарин фурсат аз Русия депорт мешаванд.
Давлатбек афзуд: "Дар Русия баъд аз ташхиси духтурон русҳо ба хотири сироят накардани бемориам ба дигарон маро ба ватан депорт карданд. Ҳоло саломатиам нисбати рӯзҳои аввал хуб шудааст."
Сӯҳроб Камолов, раиси бемористони сил дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар ин устон беш аз се ҳазор мубталои бемории сил сабт шуда ва бархе аз онҳо дар дармонгоҳҳо бистарианд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, бисёре аз муассисоти пизишкӣ, бавижа дармонгоҳҳои табобати бемории сил ба таъмир ва ворид кардани фановарии ҷадиди пизишкӣ ниёз доранд.
Аз сӯйи дигар бархе аз созмонҳои беҳдоштии байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон дар канори ироаи кумакҳое, назири доруворӣ ва васоили дигари беҳдоштӣ барои муассисоти беҳдоштии вилоят ба беморони сил низ кумакҳо аз ҷумла маводди ғазоӣ ироа медиҳанд.
Феълан дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 19 дармонгоҳи мудовои бемориҳои сил ва 26 маркази ташхиси ин беморӣ фаъъолият мекунад, ки ташхис ва табобат дар ин муассисаҳо ройгон будааст.
