Русия тадобири амниятии Улампики зимистонии Сучиро ташдид мекунад

  • 7 Январ, 2014
пулиси Русия
Image caption Бузургтарин нигаронӣ таҳдиди ҳамлаи пайкорҷӯёни исломгарои ҳозир дар минтақаи Қафқози Шимолӣ дар ҳини бозиҳо аст

Русия барои таъмини амнияти улампики зимистонии Сучӣ, яке аз бузургтарин амалиёти амниятӣ дар торихи баргузории ин бозиҳоро ба иҷро гузоштааст.

Мақомоти Русия беш аз сӣ ҳазор маъмури пулис ва нерӯҳои вазорати кишварро ба ин минтақа дар соҳили Дарёи Сиёҳ эъзом кардаанд.

Бузургтарин нигаронӣ дар замони боқимонда то шуруъи бозиҳои зимистонӣ хатари ҳамлаи пайкорҷӯёни исломгарои фаъол дар минтақаи Қафқози Шимолӣ аст.

Истивен Рузенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд, ки бумбгузориҳои ахир дар Волгоград, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, боъиси бурузи нигарониҳо шуд ст.

Доку Умаров, раҳбари шӯришиёни чечен, ки дар Русия таҳти таъқиб аст, аз ҷангҷуёни худ хостааст то Улампики зимистониро ҳадаф қарор диҳанд.

Владимир Пучков, вазири шароити изтирорӣ дар давлати Русия гуфтааст , ки аз имрӯз ҳафтуми январ тамоми ягонҳои масъули ҳифзи амнияти меҳмонон дар ҳини бозиҳо дар вазъияти омодабоши амалиётӣ қарор мегиранд.

Мақомоти Русия барои таъмини амнияти улампик ду минтақаи амниятӣ эҷод мекунанд.

"Минтақаи кунтрул шуда" дар наздикии маҳали баргузории бозиҳо воқеъ шуда ва дастрасӣ ба ин минтақа танҳо барои афроде муяссар хоҳад буд, ки билет ва корти шиносоии вижа барои онон содир шудааст. "Минтақаи мамнуъа" манотиқи бузургтари атрофи Сучиро дар бар хоҳад гирифт.

Худравҳое, ки дар ҳамин минтақа сабт нашуда ва муҷаввизи вижа надошта бошанд, иҷозаи рафту омад дар шаҳрро нахоҳанд дошт. Фурӯши маводи мунфаҷира, муҳиммот ва силоҳи гарм низ мамнуъ хоҳад буд.

Муқаррароти тозаи амниятӣ илова бар маҳдудиятҳое аст, ки мақомоти Русия соли пеш эълом карда буданд.

Тибқи он маҳдудиятҳо дар ҳини анҷоми бозиҳо барпоии тазоҳурот дар муҳавватаи бозиҳо мамнуъ хоҳад буд. Албатта мақомоти Русия ахиран эълом карданд, ки дар сурати касби муҷаввиз иҷозаи чунин тазоҳуротеро хоҳанд дод.

Тасвиби қонуни мамнуъ шудани таблиғоти ҳамҷинсгароӣ дар Русия боъис шуда то гурӯҳе умдатан дар кишварҳои ғарбӣ хоҳони таҳрими ин бозиҳо шаванд. Сарони чандин кишвари ғарбӣ ҳам гуфтаанд, ки дар эътироз ба табъиз алайҳи ҳамҷинсгароён дар маросими ифтитоҳияи ин бозиҳо ширкат нахоҳанд кард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки ҳамҷинсгароён монанди сойири мардум ҳастанд ва аз ҳуқуқ ва озодии комил бархурдоранд.

Матолиби муртабит